ХАБАРИ ДОҒ

(идома аз шумораи гузашта)

Аммо то ба дасти фашистон афтодан Андрей Власов дар ниҳоди Армияи Сурх обрӯю мартаба дошта, ӯ худро дар мудофиаи Москва ҳамчун фармондеҳи ботаҷриба нишон дода буд.

Моҳи ноябри соли 1941 Сталин Власовро ба назди худ хонда фармон дод, ки армияи 20-умро ташкил кунад ва дар ҳайати фронти ғарбӣ барои мудофиаи пойтахт сафарбар намояд.

5 декабри соли 1941 дар рӯзи оғози ҳуҷуми ҷавобӣ, дар наздикии Москва, дар ҳудуди деҳаи Красная Поляна (32 км то Кремли Москва) армияи 20-ум таҳти фармондеҳии Власов пеши армияи 4-уми танкии вермахт (қувваҳои мусаллаҳи Германияи фашистӣ)-ро гирифт, ки бо ин амалаш дар ғалабаи остонаи Москва саҳми арзанда гузошт.

Дар вазъияти муқобилати вазнини душман, дар давраи аз 9 то 11 декабри соли 1941 армияи 20-уми немисҳоро аз Солнечногорск ва Волокаламск зада ронданд. Совинформбюро аз ин ҳарбу зарб хабари расмӣ пахш кард. Акси фармондеҳони корнамоинишондода дар газетаҳои «Правда» ва «Известия» чоп шуд, ки дар ин саф сурати Власов низ буд.

24 январи соли 1942 барои ин набард Власов бо ордени Байрақи Сурх ва унвони ҳарбии генерал-лейтенант сарфароз шуд. Расми ӯ дар варианти амрикоии филми ҳуҷҷатии «Разгром немецких войск под Москвой», ки соли 1943 Ҷоизаи «Оскар» гирифт, дида мешуд.

Г. Жуков ба амали ӯ чунин баҳо дода буд: «Шахсан генерал-лейтенант Власов аз ҷиҳати оперативӣ хуб омода аст, малакаи ташкилотчигӣ дорад. Аз идораи қӯшунҳо комилан мебарояд».

Бо супориши Раёсати асосии сиёсӣ дар бораи Власов бо номи «Лашкаркаши Сталин» китоб навишта мешуд. Муаррихи бритонӣ Ҷон Эриксон Власовро: «яке аз фармондеҳони писандидаи Сталин» номида буд…

 

Дар армияи 2-юми ҳамлавар

8 марти соли 1942 генерал – лейтенант Андрей Власов муовини фармондеҳи фронти Волхов таъин шуд. 20 марти соли 1942 фармондеҳи фронти Волхов Кирилл Меретсков муовини худ Власовро ҳамчун роҳбари комиссияи махсус ба армияи 2-юми ҳамлавар (ба назди генерал-лейтенант Николай Кликов) фиристод. Се шабонарӯз аъзои комиссия бо командирони гуногунмартаба, кормандони сиёсӣ ва аскарон суҳбат карданд. Комиссия 8 апрели соли 1942 санади тафтишро навишта баромада рафт, аммо бе Власов. Кликови сахт беморро 16 апрел аз вазифаи фармондеҳи армия озод карда, бо самолёт ба ақибгоҳ равон карданд.

20 апрел Андрей Власов фармондеҳи армияи 2-юми ҳамлавар таъин гардид…

 

Худпарасту худбин ва философ

… Ягон акси генерал аз ин давраи рӯзгори Власов бо пӯшоки ҳарбии немисӣ маҳфуз намондааст (ӯ бо ҳамин ҷиҳат аз тобеонаш фарқ мекард.

Вай доимо бо мундири оддии хокиранги фармоишӣ (бо сабаби аз ҳад зиёд бузбала буданаш) ва шими расмӣ бо лампаси генералӣ мепӯшид. Тугмаҳои мундираш ягон аломати ҳарбӣ, умуман ягон нишонаву аломат надошт. Танҳо дар фурашкаи генералиаш кокарда (сафед-кабуд-сурх)-и Армияи озодибахши Рус (АОР) мавҷуд буду халос.

Раёсати 4-уми КГБ СССР дар бораи шахсияти Власов маълумот гирд меовард. Аз пурсиши ҷосуси гестапо, моҳи октябри соли 1944 дастгиршуда дар бораи Власов:

«Вай дағал ва тунду тез, аммо худро идора карда метавонист. Таҳқирро фаромӯш намекард, бағоят худпарасту худбин, дар лаҳзаи хатари шахсӣ буздилу тарсончак буд, философияро нағз намедид. Зидди коммунизм на аз рӯи эътиқод, ӯ дар ин бора ақидаи шахсӣ надошт ва ин бадбиниаш вобаста ба вазъият аз рӯи ноилоҷӣ буд. Ҳамчун фармондеҳ дар вазифаҳои миёна (комдив) қодир, аммо дар вазифаҳои нисбатан баланд, суст буд. Тактики хуб дошт ва лашкаркаши миёна буд. Ҳикмати Власов: «Хоть и по шею в грязи, но быть хозяином».

 

Таблиғоти Власовӣ

   Соли 1943 Власов мактуби озод «Барои чӣ ман бо роҳи мубориза ба болшевизм баромадам» эҷод шуд. Ба ҷуз ин, вай барои сарнагун кардани режими сталинӣ варақаҳои таблиғотӣ навишта имзо мекард. Он варақаҳоро баъдан бо самолётҳо дар ҷабҳа мепартофтанд. Ҳамчунон варақаҳоро дар байни асирони ҳарбӣ паҳн мекарданд. Газетаҳо мебароварданд…

Власов ва ҳамсафи наздики ӯ генерал – лейтенанти АОР Г. Жилеков (роҳбари Раёсати асосии пропагандаи «Комитети озодибахши халқҳои Россия») бо рейхвазири пропагандаи Германия Йозеф Геббелс вохӯрда буданд…

 

Тақдир

  Дар оғози моҳи майи соли 1945 байни Власов ва Буняченко ихтилоф сар зад. Буняченко азми дастгирии шӯриш дар Прагаро дошт, аммо Власов ӯро бовар кунонданӣ мешуд, ки ин корро накунад ва ҷонибдори немисҳо бимонад. Дар гуфтушунид онҳо ба мусолиҳа нарасида, аз ҳам ҷудо шуданд.

Дар охири моҳи апрели соли 1945 диктатори Испания Франко барои Власов паноҳгоҳи сиёсӣ дода, барои вай самолёти махсус фиристод, аммо Власов рад кард, ки аскаронашро намепартояд. 12 майи соли 1945 коменданти амрикоии минтақаи ишғолӣ, ки Власов дар ҳудуди он буд, капитани армияи ИМА Р. Донахю пешниҳод намуд, ки пинҳонӣ Власовро ба ақибгоҳи дури минтақаи ишғолшудаи амрикоӣ бурда, бо карточкаҳои озуқа ва ҳуҷҷатҳо таъмин намоянд. Власов бори савум дар ҳаёти худ пешниҳодро ба хотири зердастонаш рад намуд.

 

«Охир ба дасти малахак»

  Ҳамон рӯз ҳангоми рафтан ба ақибгоҳи дури минтақаи ишғолии амрикоӣ, ба штаби армияи 3-юми ИМА дар Плзени Чехословакия барои ноил шудан ба паноҳгоҳи сиёсӣ барои аскарон ва афсаронаш, Власовро аскарони корпуси 25-уми танкии армияи 13-уми фронти 1-уми Украина дастгир карданд.

Дар наздикии шаҳри Плзен колоннаи хурди Власовро бо нишондоди капитан – власовчӣ П.Г. Кучинский дастгир намуданд. Ӯ хабар дод, ки маҳз дар он колонна фармондеҳи ӯ аст…

  Баъди боздоштан Власовро ба штаби маршал И.С. Конев ва аз он ҷо ба Москва оварданд. Аз ҳамин лаҳза, то 2-юми августи соли 1946, то замони дар рӯзномаи «Известия»  чоп шудани хабари суд шуданаш, дар бораи Власов ахбороте набуд.

Дар суд аввал роҳбарияти СССР нақшаи дар назди мардум суд кардани Власов ва дигар роҳбарони АОР - ро дар толори Октябри «Дом союзов» тарҳрезӣ намуда буданд, аммо баъд бо сабабҳои маълум аз раъяшон гаштанд.

Роҳбарони мурофиа В.С. Абакумов ва В.В. Улрих 26 апрели соли 1946 ба Сталин муроҷиат карданд, то «делои хоинон»-ро пушти дарҳои баста, бе ширкати тарафҳо бубинанд. Ва ҳамин хел ҳам шуд… 

Қарори ҷазои қатл нисбати Власов ва дигарон дар Бюрои Сиёсии КМ ВКП (б) 23 июли соли 1946 ба тасвиб расид. Аз 30 то 31 июл пушти дарҳои баста таҳқиқи делои Власов ва гурӯҳи пайравонаш доир шуд. Ҳамаи онҳоро бо ҷурми хиёнат ба Ватан гунаҳгор донистанд. Бо ҳукми Коллегияи ҳарбии Суди Олии СССР хоинонро аз рутбаҳои ҳарбӣ маҳрум ва 1 августи соли 1946 ба дор овехтанд.

Ҷасади қатлшудагонро дар крематорияи Донской сӯзонда, хокистари (ҷасади) онҳоро дар яке аз қабрҳои ҳамин ҷо партофтанд.

 

Рамзи хиёнат ба Ватан

  Гузаштани фармондеҳи армияи 2-юми ҳамлавар Андрей Андреевич Власов ба хизмати немисҳо барои историографияи советӣ яке аз эпизодҳои ногувортарини ҷанг маҳсуб меёфт. Дар роҳи хиёнат ба Ватан дигар афсарони Армияи Сурх ҳам буданд, аммо Власов аз байни ҳамаи онҳо номвар ва сарлашкари воломақом маҳсуб меёфт.

 Ба андешаи директори Институти тадқиқоти стратегии Россия Л.П. Решетников: «Барои одамони советӣ «власовшина» нишони хиёнат ва худи ӯ муртад (мунофиқ) шуда буд. Кор ба ҳадде расид, ки ҳамфамилияҳо дар анкетаҳояшон зикр мекарданд, ки «хеши генерали хоин нестам».

 Ҳарчанд баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар хориҷи кишвар дар нисбати сафед кардани Власов кӯшишҳои зиёд шуд, аммо ин симо дар лавҳаи таърихи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҳамчун рамзи хиёнат ба Ватан боқӣ мемонад. Ба гуфтаи халқ деги сиёҳ ба шӯстан сафед намешавад.

 

Умари ШЕРХОН

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter