ХАБАРИ ДОҒ

РИХАРД ЗОРГЕ РАЗВЕДКАЧИЕ, КИ ҚАҲРАМОНИИ ӮРО НИКИТА ХРУШЁВ «РӮЙИ ОБ» БАРОВАРД

  • Чоршанбе, Нояб 30 2022

(идома аз шумораи гузашта) 

«ОХИР, ВАЙ ҚАҲРАМОН АСТ-КУ?»

То солҳои 60-уми асри XX дар бораи разведкачии машҳур Рихард Зорге мақомоти амнияти давлатӣ, сохторҳои муайяни ҳарбӣ ва баъзе роҳбарони воломақоми советӣ маълумот доштанд. Бобати хидмати содиқонаи ӯ то ба он дам андешаву хулосаҳои мухолиф беш буданд. Ба ин мухолифатҳо Никита Сергеевич Хрушёв нуқта гузошт.

Соли 1964 роҳбари СССР тасодуфан ба тамошои филми режиссёри маъруфи Франсия И. Чампе «Шумо кӣ», доктор Зорге?»  меояд. Субҳ Никита Сергеевич ба сардори разведка занг зада ҷӯё мешавад, ки оё ба ӯ номи Зорге шинос аст? Баъди шунидани посухи мусбат нидо дармедиҳад: «Охир, вай қаҳрамон аст-ку?».

 

РЕЗИДЕНТ «РАМЗАЙ»

Ҳамин тавр, исми Зорге бори нахуст дар СССР маълуми ҳамагон ва шуҳрати ӯ дар як зум барқвор паҳн гашт. Ба вай баъди маргаш унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советиро доданд. Ҳамсафони шаҳидшуда ва ҳам дар қайди ҳаёт будаи иктишофгар низ бо орденҳои ҷангӣ сазовор гардиданд. Ватан ҷигарбанди худ – резидент «Рамзай»-ро шинохт ва эътироф кард.

 

ЗОРГЕ

Ҳанӯз солиёни пешин сардори разведкаи штаби генерал Макартура генерал Чарлз Уиллобӣ дар китоби худ «Зорге – ситораи дурахшони разведкаи советӣ» чунин нигошта буд:

«Гурӯҳи ҷосусон бо роҳбарии Рихард Зорге, разведчики ихтироъкори фавқулода, муъҷизаҳои қаҳрамонӣ нишон медоданд. Дар тули 8 сол гурӯҳ нотарсона, боқатъият ва бомуваффақият баҳри ватани маънавии худ - СССР амал мекард. Роҳбарони разведкаи советӣ ва Армияи Сурх аз ҳамаи нақшаи қувваҳои мусаллаҳи японҳо ва Германияи фашистӣ огоҳии комил доштанд. Ҳамаи аъзои гурӯҳи Зорге шигифтовараш он ки барои пулу мол не, баҳри тантанаи сотсиализм, адолат ва сулҳу ваҳдат дар кураи Замин ҷон ба гарав гузошта буданд. Он маблағи ночизе, ки аз марказ мерасид, ба пардохти иҷорапулӣ ва сафарҳо сарф мешуд…».

 

АЛЛЕН ДАЛЛЕС, ШЕФИ РАЁСАТИ МАРКАЗИИ РАЗВЕДКАИ ИМА: АЗ КИТОБИ «САНЪАТИ РАЗВЕДКА» -

 «Комёбии асосии гурӯҳи Зорге он буд, ки ба Сталин маълумоти аниқ ва бо рақаму санадҳои исботшуда расонданд, ки Япония дар соли 1941 ва солҳои наздик ба СССР ҳамла намеорад. Ин хабар аҳамияти фавқулода дошт ва нақши якчанд дивизияи ҷангро бозид».

 

 АЗ КУҶО ТО БА КУҶО?

Кӣ буд ин шахс, ки баробари якчанд дивизияи ҷангӣ меистод?

Рихард Зорге 4 октябри соли 1895 дар шаҳрчаи Сабунчии губернияи Бокуи империяи Россия, дар хонаводаи муҳандиси немис, мутахассиси соҳаи нафт Густав Зорге ба дунё омада, дар Германия мактаби миёнаро тамом кардааст. Иштирокчии Ҷанги якуми ҷаҳон буда, дар рафти он бо ғояҳои сотсиализм, коммунизм, ҳаракатҳои инқилобӣ шинос шуд, бори нахуст номи Ленинро шунид. Ҳамон вақт ояндаи худро интихоб кард, бо сотсиал-демократҳо, баъдтар бо коммунистон пайвасту бо роҳбарии Эрнст Телман муборизаро барои озодӣ идома бахшид.

 

СССР

Соли 1925 Рихард Зорге бо тавсияи Телман ба СССР омад ва дар Институти Марксизм-Ленинизм таҳсил кард. То ба ин вақт донишгоҳи Ҳамбургро хатм карда буд. 2 китоб ва 17 мақолаи илмиаш чоп шуда, унвони доктори илми сотсиология дошт. Мехост дар ин соҳа тадқиқоти илмиашро вусъат бахшад, аммо дар соли 1929 дар як суҳбат бо Ян Берзин, яке аз роҳбарони разведкаи СССР, разведкаи ҳарбӣ диққаташро сӯи худ кашид.

СССР барои Зорге Ватани ҷоноҷон ба ҳисоб мерафт, онро аз ҳар тараф душманон ба иҳота гирифта буданд, ҳар лаҳза ба сарҳадоташ таҳдид мекарданд. Аз ин рӯ, ҳимояи он барояш қарзи фарзандӣ маҳсуб меёфт.

 

«МУХБИР»

Нахуст сафар – командировкаи хориҷии Зорге ба Чин, ҳамчун мухбири махсуси маҷаллаи олмонии «Дас зотсиологише магазин» ва намояндаи якчанд рӯзномаҳо буд. Вазифааш муайян намудани нақшаҳои Япония нисбат ба Чин ба ҳисоб мерафт. Ҳамроҳаш Макс Клаузен, шиноси нави шанхайиаш, ки донандаи мошин ва радио буд, кор мекард. Вай барои Зорге дастгоҳи алоқае сохт, ки бо он маълумотро ба Владивосток мефиристод.

 

«ФРАНКФУРТЕР САЙТУНГ»

Вақте ки дар Германия Адолф Гитлер ба сари қудрат омад, Зорге бо супориши разведкаи советӣ ба Берлин омад. Бо роҳбари рӯзномаи либералӣ-буржуазии «Франкфуртер сайтунг» вохӯрд ва 6 сентябри соли 1933 дар бандари Иокогамаи Япония ҳамчун хабарнигори ин нашрия аз киштӣ фуруд омад.

 

 «РАМЗАЙ» ДАР ЯПОНИЯ

Зорге ҳамаи маълумотро ба марказ бо номи мустаори «Рамзай» мефиристод. Ӯ бо полковники немис Ойген Отт, атташеи ҳарбии Германия дар Токио, «дӯстӣ» пайдо кард. Баъдтар Отт сафир таъин шуд. Акнун Зорге метавонист маълумоти гаронбаҳоро бевосита аз ӯ гирад, зеро гузоришҳои тамоман махфиро пеш аз ба Берлин фиристодан барои таҳрир Ойген ба Зорге бовар мекард.

 

 ХОДЗУМИ ОДЗАКӢ

Гурӯҳи Зорге супориши махсус дошт, онҳо бояд коре мекарданд, ки муносибати Япония бо СССР сард намегашт ва ҳам аз ҳамаи амалиётҳои якҷояи Япония ва Германия бохабар мешуданд. Дар иҷрои қисми якуми супориш ба Зорге Одзакӣ ёрӣ расонд. Вай шахсе буд дорои ақли аналитикӣ, бо маданияти олӣ ва бомаърифат. Ӯ моҳи июли соли 1938 мушовири ғайрирасмии Каноэ, сарвазири вақти Япония, буд. Дар қабули бисёр қарорҳо, бигузор ночиз бошанд ҳам, саҳм дошт.

Зорге бо ёрии Одзакӣ ба марказ чунин маълумот фиристода буд: «Япония ба Муғулистон ҳуҷум карданист». Ин хабар имкон дод, ки Армияи Сурх дар муҳорибаи Халхин-Гол японҳоро шикаст диҳад.

 

МАЪЛУМОТҲОИ ЗОРГЕ

*Май-июни соли 1939: «Германия ба забти Полша омодагӣ мегирад, ҳуҷум охири август аввали сентябр оғоз меёбад».

*Феврал-апрели соли 1940: «Омодагӣ ба ҷанги зидди Франсия ва Англия; сипас ҳуҷум ба СССР,

*18 ноябри соли 1940: «Дар сарҳади Германия ва СССР немисҳо 80 дивизия гирд овардаанд. Гитлер мақсад дорад ҳудуди Харков – Москва - Ленинградро забт намояд».

*5 марти соли 1941: «Намояндагони Гитлер дар Токио тасдиқ карданд, ки ҷанг бо СССР охири моҳи май оғоз меёбад, 9 армия бо 150 дивизия ба ҳуҷум тайёр».

*20 майи соли 1941: «Ҳуҷум ба СССР 20 июн сар мешавад, зарбаи асосӣ ба сӯи Москва».

*31 майи соли 1941: «22 июн Германия бе эълони ҷанг ба СССР ҳуҷум мекунад».

*15 июни соли 1941: «Ҳуҷум субҳи 22 июн дар саросари сарҳад оғоз меёбад».

 

НОБОВАРӢ – ШУБҲА

Аз ин дида дигар маълумоти фасеҳ, аниқтар буда метавонист? Мутаассифона Сталин на танҳо ба Зорге, балки ба дигар разведкачиён, ки ин санаро гуфтанд, бовар накард. Ба чунин муносибат сабабҳои аёнию зеҳнии зиёде буданд. Дар бораи сабабҳо намеафзоем.

Аммо як чиз аниқ аст, ки Зорге бо чанд баҳона даъвати сардори разведкаро рад намуда, ба СССР наомад. Аз ин ваҷҳ, вай нисбат ба худ шубҳа барангехта буд. Шояд Зорге аз сарнавишти дигар разведкачиён, ки ба Ватан рафта, ҳамчун «душмани халқ» ҳабсу бадарғаву парронда шуданд, амсоли Берзин, сабақ гирифту даъватро бо баҳонаҳо мавқуф мегузошт.

Сабаби дигар низ буд. Санаи ҳуҷум ба СССР - ро рӯзномаҳои кишварҳои бетараф нашр карда буданд. Ва, ҳамчунин, санаҳо аз ҳам фарқ доштанд. Маълумоти Зорге низ. Ба ҳар сурат Сталин ба Зорге бовар накард ва ҷанг оғоз ёфт.

Акнун зарур меомад, ки мавқеи Японияро дар ин ҷанг муайян намоянд. 2 июли соли 1941 таҳти раёсати император Хирохито ҷаласаи Шӯрои ҳарбии Япония доир шуд. Қарор шуд, ки ба Ҳинду Хитой ҳуҷум оранд, ба СССР шартномаи ба ҳам ҳуҷум накардан риоя шавад.

*3 июл ба Москва барқия рафт: «Япония, қатъи назар аз фишори Германияи гитлерӣ алҳол бар зидди СССР ҷанг намекунад».

*6 сентябри соли 1941: «Соли равон Япония ба Шарқ Дур ҳамла намеорад».

 

НОКОМӢ

18 октябри соли 1941 Зорге ва қариб ҳамаи аъзои гурӯҳаш ба даст меафтанд. Суд чанд сол идома ёфт. 7 ноябри соли 1944 Рихард Зоргеро ба дор кашиданд. Ходзуми Одзакӣ парронда шуд. Аз зиндон танҳо Клаузен зинда баромад, ӯро амрикоиҳо наҷот доданд.

Аз Зорге ёддоштҳои зиндониаш ба ёдгор мондаанд. Вай навиштааст, ки то охир коммунист буд ва ба СССР содиқ монд.

 

Умари Шерхон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter