ХАБАРИ ДОҒ

ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 30-СОЛА ШУД

  • Чоршанбе, Дек 07 2022

(1992-2022)

 

Хатлон, вилоят, марказаш шаҳри Бохтар. Бо қарори Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон солҳои 1989-1991 ва бори дуввум 2-юми декабри соли 1992 аз ҳисоби якҷоя кардани вилоятҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа бо мақсади барқарор кардани хоҷагии халқи бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгардида, тараққӣ додан ва самаранок истифода бурдани неруи азими иқтисодие, ки 2 вилояти собиқ мавҷуд буд, таъсис дода шудааст.

Масоҳат – 24,8 ҳазор км2 (17,2 фоиз ҳудуди ҷумҳурӣ). Аҳолӣ 3,425 049 нафар (то 1.1.2021). Зичии аҳолӣ ба ҳисоби миёна ба майдони 1км108,9 нафарро ташкил медиҳад.

Вилояти Хатлон дар Шимол бо ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар Шарқ бо ВМКБ, дар ғарб бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар ҷануб бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад аст.

Вилоят 4 шаҳр (Бохтар, Кӯлоб, Норак, Леваканд), 21 шаҳрак, 133 ҷамоати деҳот ва 24 ноҳия – Ҷомӣ, Балҷувон, Кӯшониён, Вахш, Восеъ, Данғара, Ёвон, Балх, Қубодиён, Ҷайҳун, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Муъминобод, Норак, Носири Хисрав, Панҷ, Темурмалик, Фархор, Ховалинг, Хуросон, Дӯстӣ, Шаҳритус ва Шамсиддини Шоҳинро дар бар мегирад.

Маркази маъмурӣ шаҳри Бохтар (аҳолӣ 113 429 нафар, то 1.1.2021), дар масофаи 95 км аз ҷануби шаҳри Душанбе воқеъ аст.

 

 Кӯлоб

Кӯлоб, вилоят дар ҳайати РСС Тоҷикистон, ки солҳои 1939-1955, 1973-1988 ва 1990-1992 вуҷуд дошт.

Тибқи фармони Президиуми Совети Олии СССР аз 27 октябри соли 1939 округи Кӯлоб барҳам хӯрда, вилояти Кӯлоб бо маркази маъмурии шаҳри Кӯлоб ташкил карда шуд. Ба ҳайати он як шаҳр (Кӯлоб), 13 ноҳия, 5 шаҳрак, 110 деҳшуро ва 1675 деҳа дохил буданд.

Масоҳаташ 10,6 ҳазор км2, аҳолиаш 203 ҳазор нафар. Тибқи маълумоти оморӣ ба 17 январи соли 1979 масоҳати вилояти Кӯлоб 12,02 ҳазор км2 ва аҳолиаш 404,3 ҳазор нафарро ташкил медод. Ба 7 ноҳияи маъмурӣ тақсим шуда, 1 шаҳр ва 6 шаҳрак дошт.

 

«СССР»

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter