Аз 15 - солагӣ ба кор шурӯъ карда, соли 1927 Техникуми заминсозию мелиоратсияи Курскро хатм намуда, дар ноҳияи Кохановои округи Оршански РСС Белорусия заминсоз, дар губернияи Курск ва Урал мудири шуъбаи заминсозии ноҳия ва муовини раиси Комиҷроияи ноҳияи Бисерт, муовини якуми сардори Раёсати замини вилояти Урал буд.
Баъди хатми Институти металлургии Днепродзержинск (1935) муҳандиси заводи металлургӣ, моҳи майи соли 1937 муовини раиси Комиҷроияи шаҳри Днепродзержинск, майи соли 1938 мудири шуъба ва феврали соли 1939 котиби Комитети партиявии вилояти Днепропетровски Украина интихоб гардид.
ҶАНГ
Леонид Илич Брежнев дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба симати муовини сардори Раёсати сиёсии фронти Ҷанубӣ, сардори шуъбаи сиёсии Армияи 18-ум, сардори Раёсати сиёсии фронти 4-уми Украина адои хизмат намудааст.
Соли 1943 ба ӯ унвони генерал-майор дода шуд. Дар муҳорибаҳои Кавказ, соҳили Баҳри Сиёҳ, Қрим, Украина, инчунин дар озод кардани халқҳои Чехословакия, Полша ва Венгрия иштирок намуд.
Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ соли 1946 котиби якуми Комитети партиявии вилояти Запарожия, 1947 котиби якуми Комитети партиявии вилояти Днепропетровск интихоб гардид.
МОЛДАВИЯ
Моҳи июли соли 1950 Л.И. Брежнев котиби якуми КМ ПК Молдавия, дар съезди 19 -уми партия аъзои КМ, дар Пленуми КМ (1952) номзади аъзоии Президиум ва котиби КМ КПСС интихоб шуд.
Аз моҳи марти соли 1953 то феврали соли 1954 дар рутбаи генерал-лейтенант муовини сардори Сарраёсати сиёсии Армияи Советӣ ва Флоти ҳарбӣ баҳрӣ буд. Дар даврае, ки партия бо мақсади инкишоф додани хоҷагии қишлоқ, аз худ кардани заминҳои навкорамро оғоз бахшид, КМ КПСС Леонид Иличро ба Қазоқистон сафарбар намуд.
ҚАЗОҚИСТОН
Брежнев моҳи феврали соли 1954 котиби дуюм ва моҳи августи соли 1955 котиби якуми КМ ПК Қазоқистон интихоб шуд. Дар съезди 20-уми партия аъзои КМ КПСС, дар Пленуми КМ КПСС (феврали соли 1956) номзади аъзоии Президиум, Котиби КМ КПСС ва муовини раиси Бюрои КМ КПСС оид ба РСФСР (1958) интихоб шуд. Аз июни соли 1957 ӯро ба узвияти Президиуми КМ КПСС пазируфтанд.
РАИСИ ПСО СССР
Леонид Илич Брежнев дар сессияи 5-уми Совети Олии СССР даъвати 5-ум (майи соли 1960) Раиси Президиуми Совети Олии СССР интихоб шуда, то июни соли 1964 кор кард. Ҳамзамон котиби КМ КПСС (аз июни соли 1963) буд…
Пленуми октябрии (1964) КМ КПСС ӯро котиби якуми КМ КПСС интихоб кард. Моҳи ноябри соли 1964 ӯро раиси Бюрои КМ КПСС оид ба РСФСР тасдиқ намуданд.
КОТИБИ ГЕНЕРАЛӢ
Дар съездҳои 23-25-уми КПСС аъзои Бюрои сиёсии КМ ва дар пленумҳои КМ КПСС, ки баъди ин съездҳо доир шуданд, мавсуф мунтазам Котиби Генералии КМ КПСС интихоб гардид.
Л.И. Брежнев дар иҷрои вазифа худро ҳамчун арбоби сиёсӣ нишон дод. Ӯ таҷрибаи бои ҳаётӣ ва истеъдоди калони ташкилотчигиро молик буда, дар мустаҳкам кардани партия ва Давлати Советӣ суботкорона хизмат намуд. Ӯ таи солҳои роҳбариаш дар беҳтар кардани некуаҳволии меҳнаткашон, мустаҳкам шудани дӯстии халқҳо ва иқтидори мудофиавии Давлати Советӣ тадбирҳои муҳим ба амал баровард…
ҚАҲРАМОН, МАРШАЛ
Л.И. Брежнев депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 3-9), аъзои Президиуми Совети Олии СССР (аз соли 1965) буд. Сессияи шашуми Совети Олии СССР даъвати нуҳум (1977) Л.И. Брежневро Раиси Президиуми Совети Олии СССР интихоб намуд.
Моҳи июни соли 1961 барои хизматҳои барҷаста дар тараққиёти техникаи ракетӣ ва таъмини бомуваффақияти ба кайҳон парвоз намудани одами советӣ бо киштии «Восток» ба ӯ унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистиро сазовор донистанд.
Соли 1966 барои хизматҳои барҷастааш дар назди Партияи Коммунистӣ ва Ҳукумати Советӣ, мустаҳкам кардани иқтидори мудофиавии мамлакат ва хизматҳои шоистааш дар мубориза зидди фашизми Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ба муносибати 60-солагиаш ба Л.И.Брежнев унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд.
Соли 1973 барои хизматҳои шоёнаш дар муборизаи роҳи муҳофизату мустаҳкам кардани сулҳ бо Мукофоти байналмилалии ленинии «Барои мустаҳкам намудани сулҳи байни халқҳо» сарфароз гардид.
Л.И. Брежнев дар Маҷлиси машваратии оид ба бехатарӣ ва ҳамкорӣ дар Европа (Хелсинки, июли соли 1975) ва Конференсияи партияҳои коммунистӣ ва коргарии Европа дар Берлин (июли соли 1976) ба ҳайати вакилони партиявию давлатии Иттифоқи Советӣ роҳбарӣ карда, дар таҳия, тасдиқ ва иҷрои қарорҳои онҳо ҳиссаи калон гузошт. Раиси Совети мудофиаи СССР буд. Моҳи майи соли 1976 ба Л.И. Брежнев унвони Маршали Иттифоқи Советӣ дода шуд…
ТОҶИКИСТОН
Котиби Генералии КМ КПСС Л.И. Брежнев 1 сентябри соли 1970 ба РСС Тоҷикистон омада, бо ҳаёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла, рафти сохтмони НБО «Норак» шинос шуд. 3 сентябр дар маҷлиси фаъолони партиявии ҷумҳурӣ дар бораи аҳамияти бузурги сохтмони энергетикӣ ва гидротехникии Тоҷикистон, захираҳои калони ҷумҳурӣ, беҳтар кардани шароити маданию маишии меҳнаткашони Тоҷикистон сухан ронд.
Ба Тоҷикистон ташриф овардани Л.И. Брежнев, вохӯриҳои ӯ бо роҳбарони меҳнаткашони ҷумҳурӣ ба халқи тоҷик рӯҳбаландии бузурги меҳнатӣ бахшид.
НАВИСАНДА
Дар зарфи ҳукмронӣ номи Брежнев бо чандин масоил байни мардум боиси ҳангома, овозаю дарвоза гашт. Аз қабили сигоркашии аз ҳад зиёд, дӯстдори шикор буданаш, завқмандии бо суръати баланд мошин ронданаш, бӯса заданҳояш ҳангоми вохӯрӣ, бо сарони давлатҳову бонувони хушрӯ ва ғайра. Замони дар сари давлат будан ва баъдҳо низ дар бораи «Генсек» мардум латифаҳои зиёд эҷод кардаанд.
Аммо ин боб аз хусуси нависандагиаш хоҳем гуфт. Ин ҳангома аз соли 1978 бо чоп шудани китоби «Замини хурд» сар шуд. Мавзӯъ, ки онро навиштаву чи сон рӯи чоп омадани китобҳои Котиби генералӣ буд.
ТРИЛОГИЯ
Ёддошти сегонаи Л.И. Брежнев, ки ба мавзуи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, корнамоию қаҳрамониҳои халқи советӣ дар давраи ҷанг ва муборизаи он дар роҳи барқарор намудани хоҷагии халқи мамлакат, ташкили кори партиявӣ дар шароити вазнини баъдиҷангӣ, бо корномаҳои фотеҳони заминҳои навкорами Қазоқистон бахшида шудаанд, паи ҳам рӯи чопро диданд.
Дар ин се асари ҳаҷман хурд, вале мазмунан бузург, марҳалаҳои гуногун таърихи СССР аз нуқтаи назари ғояҳои музаффари коммунизми миллӣ ба таври муъҷаз тасвир шуда, хеле аниқ ва дақиқ зикр ёфтааст.
«ЗАМИНИ ХУРД» («Малая земля»)
Аввалин китоби ёддоштҳои сегонаи Л.И. Брежнев (1978) «Замини хурд» аст. Китоби таҳти назар ба мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шуда, аз қаҳрамониҳои сарбозон ва фармондеҳони Армияи Советӣ, ки дар муҳорибаҳои Замини хурд ва озодкунии шаҳри Новороссийск нишон додаанд, ҳикоят мекунад. Замини хурд истеҳкоми камбаре буд дар назди Новороссийск, ки масоҳати он камтар аз 30 км2 аст.
Дар ин қитъаи майда қариб аз се ду ҳиссаи Армияи 18-уми десантӣ қаҳрамонона ҷангидааст, ки Л.И. Брежнев сардори шуъбаи сиёсии он буд. Ҷанговарони советӣ дар муҳофизати ин истеҳком матонату диловариҳои беназир нишон дода, ба муқобили қувваҳои бешумори душман 255 шабонарӯз истодагарӣ намуданд. Дар ин муддат душман ба Замини хурд он қадар снаряду бомбаҳо андохтаанд, ки ин металли марговар ба сари ҳар як муҳофизатгари он, ба ҷуз аз тири автомату пулемётҳо, 1250 килограммӣ рост меомад…
«БАРҚАРОРШАВӢ» («ВОЗРОЖДЕНИЕ»)
Китоби дуюми ёддоштҳои Л.И. Брежнев (1978) «Барқароршавӣ» ба як давраи томи таърихи СССР, ба давраи барқарорсозии шаҳру ноҳияҳо, заводу фабрика ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ хароб гардида буданд, бахшида шудааст. Муаллиф дар ин китоб дар бораи қаҳрамониҳои садҳо ҳазор одамони советӣ, муборизаи умумихалқии барқарорсозии хоҷагии мамлакат дар шароити мураккаби баъдиҷангӣ бо эҳсосоти бузурги ватандӯстона ҳикоят мекунад. Дар китоб устуворию матонати халқи советӣ, боварии қатъӣ ба қувваи эҷодии он таҷассум ёфтааст.
6 боби аввали асар ба Запороже бахшида меравад, ки дар онҳо нақши қаҳрамонони сохтмони азими баъдиҷангӣ тасвир ёфта…
4 боби охири асар ба Днепропетровск, ба фаъолияти меҳнатии комитети партиявии вилоят дар давраи баъди ҷанг, ки Л.И. Брежнев котиби якуми он буд, иртибот дорад.
«ЗАМИНИ НАВКОРАМ» («ЦЕЛИНА»)
Асари хотимавии ёддоштҳои сегонаи Л.И. Брежнев (1978) «замини навкорам» аст. Дар ин китоб сиёсати аграрии Партияи коммунистӣ ва Ҳукумати Советӣ дар амал нишон дода шуда, таҷрибаи корам гардондании заминҳои бекорхобида ҷамъбаст шудааст. Муаллиф худ иштирокчии фаъол ва роҳбари корам гардондани заминҳои партави Қазоқистон мебошад. Вай аз рӯзҳои аввали ба ин сарзамин омадани худ то фатҳи пурраи биёбонҳои доманадори қазоқ фидокорона меҳнат карда, ба муборизаи диловаронаи меҳнаткашон дар роҳи аз худ кардани заминҳои партав роҳбарӣ намудааст. Дар асар аҳамияти заминҳои навкорам барои хоҷагии халқ нишон дода шудааст.
Таҷрибаи заминкушоёни Қазоқистон аз ҷиҳати илмӣ ва амалӣ асоснок гардида, он барои ҷумҳуриҳо Шарқи Дур, Тоҷикистон аҳамияти калонро касб кард…
«Замини навкорам» достони корнамоиҳои фотеҳони дашту биёбон, далели боэътимоди афзалиятҳои сохти сотсиалистӣ, рамзи дӯстию ягонагии мустаҳками халқҳои мамлакати сермиллати советӣ маҳсуб меёфт.
МУКОФОТ
Хизматҳои Л.И. Брежнев бо мукофоту ҷоизаҳои зиёди ватаниву хориҷӣ қадр шудааст. Аз ҷумла, бо «Медали тиллои сулҳ»-и ба номи Холио-Кюрии Совети умумихалқии Сулҳ, ба муносибати 70-солагии соли таваллудаш ва дигар хизматҳои бузург соли 1976 бо медали дуюми «Ситораи тилло»-и Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, Нишони фахрии тиллои ВЛКСМ (мукофоти олии комсомоли ленинӣ, 14.4.1977), ду карат Қаҳрамони Ҷумҳурии Сотсиалистии Чехословакия, ду карат Қаҳрамони Халқии Ҷумҳурии Халқии Булғория, Қаҳрамони Ҷумҳурии Демократии Германия, Қаҳрамони Ҷумҳурии Халқии Муғулистон.
Бо 5 ордени Ленин, ордени Ғалаба, 2 ордени Байрақи Сурх, орденҳои Богдан Хмелнитский, Ситораи Сурх, медалҳо ва Яроқи фахрии дорои тасвири заррини Герби давлатии СССР, инчунин орденҳои ҷумҳуриҳои Куба, Полша, Муғулистон, Булғория, Чехословакия, Руминия, Югославия, ҶДГ, ҶХДК, Ҷумҳурии Финляндия ва медали тиллои ҷамъияти Перу, медали тиллоӣ ба номи Карл Маркси АИ СССР сазовор гардидааст.
ОРДЕНИ №20
Дар нимаи дувуми Ҷанги Бузурги Ватанӣ, чун Сталин боварӣ пайдо кард, ки СССР дар ин ҷанг ғолиб меояд, дар сар ордени Ғалаба омад. То ғалаба 1,5 сол монда буд. Бо фармони Президиуми Совети Олии СССР 8 ноябри соли 1943 ордени Ғалаба таъсис дода шуд. Аз рӯи Низомнома бо ин орден ҳайати олии фармондеҳии Армияи Сурх барои амалиёти муваффақонаи ҷангӣ, дар масштаби як ё якчанд фронтҳо гузаронда шуда, ки дар натиҷаи он вазъияти ҷабҳа ба куллӣ ба фоидаи Армияи Сурх ҳалшуда, мукофотонида мешуд.
Мукофотонии якум 10 апрели соли 1944 доир гашта, барои озод кардани Украинаи соҳили рост ба маршал Г.К. Жуков (ҳангоми мукофотгирӣ фармондеҳи фронти 1-уми Украина, ордени №1), сардори штаби генералӣ, мутобиқгари амалиёти фронтҳои 3-юм ва 4-уми Украина маршал А. Василевский (ордени Ғалаба, №2) ва ордени таҳти №3 ба Сарфармондеҳи олӣ И.В. Сталин сазовор гардиданд.
Боқимондаҳо бо ордени мазкур дар соли 1945 дода шуд…
Аммо ордени Ғалаба, №20-ро тақдири комилан махсус дар пеш буд. Чуноне зикр рафт, солҳои охири ҳукмронӣ Л.И. Брежнев ба орденгирӣ иштиёқ зоҳир кард. Ва ӯ бисёр мехост, ки бо ордени болозикр қадр шавад. Ба ин кор атрофиёну зердастонаш низ мусоидат карданд. Ҳамин хел 20 феврали соли 1978 дар арафаи 60-солагии Армияи Советӣ ва флоти ҳарбӣ-баҳрӣ ва … Леонид Илич Брежнев бо ордени Ғалаба мушарраф гардид. Ин фармон алорағми низомномаи орден буд. Аз ин рӯ, баъди марги ӯ, 21 сентябри соли 1989 фармони мукофотонӣ бекор карда шуд. Ин қарор дар давраи «бозсозӣ»-и горбачёвӣ ба тасвиб расид.
ВИДОЪ
10 ноябри соли 1982 Котиби генералии КМ КПСС Леонид Илич Брежнев дар 76-солагӣ аз дунё гузашта, дар назди девори Майдони Сурхи шаҳри Москва мадфун гашт. Маросими дафни Сардори давлати советӣ тавассути телевизиони марказии СССР мустақиман пахш гардид.
Ҳангоми ба гӯр мондани тобути марҳум банди як тарафи он аз дасти масъулон раҳо хӯрда, тобут ба шаст ба умқи қабр бархӯрд ва садои гурсаст задани тобут дар Майдони Сурх, СССР ва ҷаҳон танин андохт. Хулласи калом номи ӯ то ба охир вирди забони мардум мондаву баъд аз он ҳам канда нашудааст.
Умари ШЕРХОН