Ӯро ҳукумати подшоҳӣ таъқиб мекард. Солҳои 1907-1914, баъди шикасти револютсия аввал ба Австро-Венгрия ва баъд ба Фаронса ҳиҷрат кард. Дар заводи металлургии флен (наздикии Париж) челонгари ёрирасон буд.
Дар ибтидои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ихтиёран ба легиони хориҷии Фаронса шомил гашт. Соли 1915 бо маслиҳат бо ҳукумати Фаронса дар ҳайати гурӯҳи легионерҳо ба Россия фиристода шуд. Чеслав дар полки 70-уми пиёдагарди Рига хизмат мекард. Иштирокчии Ҷанги якуми ҷаҳонӣ. Барои набард дар маҳали Двинск бо медал қадр шуд.
Армияи Россия
Путовский солҳои 1915-1917 дар Армияи рус хизмат кард. соли 1917 раиси комитети аскарони рота ва полкии полки 70-уми пиёдагард интихоб шуд.
Моҳи октябри соли 1917 иштирокчии Инқилоб Октябр дар Петроград ва солҳои 1917-1918 аскари сурхи Петроград буд.
Солҳои 1918-1919 ихтиёран ба РККА (Армияи Сурхи коргару деҳқон дохил шуда, командири баталён таъин гардид. Иштирокчии Ҷанги гражданӣ.
ВЧК
Чеслав соли 1919 ба ВЧК сафарбар гардида, то охири умр ба ин ниҳод содиқ монд. Аз ҳамин сол сардори шуъбаи ЧК-и Шӯрои инқилобии армияи 7-уми РККА. Аз тирамоҳи соли 1919 дар қисмҳои ВЧК-и назди СКХ РСФСР дар қитъаи сарҳадии Псков хизмат мекард. Аз августи соли 1920 дар қисмҳои ЧК-и фронти Ғарбӣ.
Солҳои 1920-1922 муовини раиси ЧК-и губернияи Смоленск, пас муовини сардори Шуъбаи махсуси ГПУ округи ҳарбии Москва (1922).
Осиёи Миёна
Охири соли 1922 Чеслав Путовский дар ҳайати «гурӯҳи эҳтиётӣ»- ГПУ РСФСР ба Осиёи Миёна сафарбар гардид. Мавсуф аз соли 1922 то моҳи марти соли 1925 сардори шуъбаи махсуси ГПУ 13-и корпуси тирандозӣ буд. Дар ҳайати қисмҳои корпус дар барҳам додани дастаҳои босмачиёни ҳудуди Бухорои Шарқӣ ва Ғарбӣ, вилояти Самарқанд ширкат дошт.
Ӯ ҳамзамон охири соли 1924 ва аввали соли 1925 ба ҳайати Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бюрои ташкилии ПК (б) Ӯзбекистон дар РАСС Тоҷикистон шомил гардид.
Соли 1924 Путовский Ваколатдори комилҳуқуқи ОГПУ Туркистон ҳамчун сардори Гурӯҳи махсус оид ба маҳв намудани дастаҳои босмачиён хизмат кард.
Сардори ОГПУ – РАСС Тоҷикистон
Путовский Чеслав Антонович аз 16 декабри соли 1924 то моҳи марти соли 1925 ҳамчун сардори ОГПУ РАСС Тоҷикистон ва ҳамзамон сардори Шуъбаи махсуси корпуси 13-ум фаъолият ифои вазифа намуд.
Номбурда моҳи марти соли 1925 дар дуэл бо Утанбек қурбошӣ ҷароҳати ҳалокатбор гирифта, аз дунё гузашт.
Дар хабари фавти яке аз контрразведкачиҳои ҳарбии намоён, ки дар мубориза бар зидди фаъолияти тахрибкорон алайҳи Армияи Сурхи коргару деҳқон ва иштироки фаъоли торумори босмачиён дар Тоҷикистон неруи зиёд сарф карда буд, чунин омада:
«22 апрел, соати 10 ҳини адои вазифа рафиқи матин, ҷанговар ва револютсионер – сарбоз барои озодсозии меҳнаткашони Шарқ, сардори шуъбаи махсуси корпуси 13-ум Путовский Чеслав Антонович вафот кард».
Дафн
Рӯзи дафн – 24 апрел дар Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон рӯзи мотам эълон гардид. Дар тамоми шаҳру шаҳракҳои Тоҷикистон парчамҳои мотамӣ, аз соати 14-и рӯз овехта шуда, савдо манъ гашт. Ба хотири Чеслав Антонович Путовский боғи шаҳрӣ ва кӯчаи марказии шаҳри нав (пойтахти Тоҷикистон – Сталинобод) номи ӯро гирифт.
Ин ва ба ин монанд хабарҳо дар тамоми газетаҳои Тоҷикистон, ҳамчунон дар тамоми рӯзномаҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва дигар ҷумҳуриҳои советӣ чоп шуданд.
Аз рӯи васият Чеслав Путовский бо расми мусулмонӣ, дар канори роҳи (нишебии) Путовский, пеш аз пули дарёи Душанбе дафн гардид. Баъди чанд сол, ҳангоми васеъ кардани роҳи кӯчаи Путовский турбати револютсионери матин ба он сӯи рӯд, наздикии кӯли Комсомол, канори шоҳроҳ аз нав гӯронд шуд…
Оғози асри XX, таъсис ёфтани ҷумҳурии худмухтор ва баъд ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон дар ҳайати СССР яке аз саҳифаҳои рӯшани таърихи Ватани мост, ки онро сарфи назар кардан нашояд. Ҳамчунон дар ин росто хизмати ҷоннисоронаи револютсионери рус (лаҳистонӣ) Чеслав Путовский, ки дар мустаҳкам кардани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон, барқарор намудани хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, тарбияи кадрҳои маҳаллӣ, бавижа кормандони мақомоти амнияти давлатӣ саҳми босазо гузоштааст, шоистаи ёдоварист.
Умари Шерхон