Ҷавҳар 1 сол омодагӣ дида, ба Омӯзишгоҳи ҳавонавардии Тамбов дохил шуд. Ҳини шомилшавӣ Ҷавҳар миллати худро «осетин» унвон кард, зеро чеченҳоро то ба он давра душманҳои халқ меҳисобиданд. Ва ҳамин тартиб Ҷавҳар Дудаев омӯзишгоҳро бо дипломи сурх хатм намуд.
Армия
Хизмати ҳарбиро ӯ соли 1966 ҳамчун ёрдамчии командири ҳавопаймои бомбаандоз оғоз бахшид. Пас аз 2 сол ба ҳизби коммунист пайваст. Аввалҳои солҳои 70-ум ба Академияи ҳарбӣ-ҳавоӣ дохил шуд.
Ҷавҳар нағз хизмат мекард ва зина ба зина пеш мерафт. Соли 1980 вай аллакай командири полки авиатсионии бомбаандоз буд. Куҷое набошад, дар Сибир, наздикии Полтава содиқона адои хизмат намудааст.
Ҳамсафон Ҷавҳар Дудаевро ҳамчун шахси тундмиҷоз, эҳсосотӣ ва афсари бовиҷдону хуб ва коммунисти боэътиқод ёд меоранд.
Афғонистон
Мисли дигар низомиёни советӣ Ҷавҳар Дудаев нимаи дувуми солҳои 80-уми асри гузашта дар Афғонистон бар зидди муҷоҳидин ҷангидааст. Шахсан дар парвозҳои ҷангӣ ширкат варзидааст. Аммо баъдан ӯ мегуфт, ки ҳузури кӯтоҳмуддати вай дар Афғонистон бо иштироки бевосита дар амалиётҳои ҷангӣ ягон иртибот надорад. Бо вуҷуд, барои моҳирона аз Афғонистон баровардани полк Дудаев бо ордени Байрақи Сурхи Ҷангӣ қадр мешавад. Рутбаи генерал – майорро соли 1989 гирифт.
Тарту
Баъди баромадан аз Афғонистон то соли 1991 Ҷавҳар Дудаев дар шаҳри Тартуи Эстония хизмат кард. Ӯ ба симати командири дивизияи бомбаандоз ва ҳамчунин гарнизони ҳарбии маҳаллиро роҳбарӣ мекард.
Сарфармондеҳи қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии СССР ва баъд Россия П.С. Динейкин Ҷавҳар Дудаевро нағз мешинохт ва дар бораи зердасташ фикру мулоҳизаи мусбат дошт. Пётр Степанович сифатҳои хуби командирии генерал-майор Дудаевро ҳамчун афсар, ботамкин ва дар ҳаққи одамон ғамхор буданашро зикр намудааст.
Муқовимат
Ҷавҳар Дудаев ҳанӯз ҳангоми командири дивизия буданаш изҳороти сиёсӣ карда буд. Иттиҳоди Шӯравӣ дар оғози солҳои 90-ум ба фурӯравӣ оғоз кард. Болозикр нахуст дар бораи ҳодисаҳои Вилнюс суханҳои тезутунд гуфт. Сипас дар Ҷумҳурии ҳамонвақтаи Чечену Ингуш ба муқовимати сиёсӣ ҳамроҳ шуд.
Ин ҳама эътирозу муқовимат ба чи анҷом ёфт, ба ҳамагон маълум аст.
Умар Алӣ