ХАБАРИ ДОҒ

 

   Сар аз соли 1929, аз бози ҳамчун кишвари мустақил - Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон эълон шудан, дар ҳайати давлати абарқудрати Шуравӣ (СССР), дар ҳудуди мамлакат ниҳоду сохторҳои зиёде роҳандозӣ гашт. Директорон, роҳбарони гуногун, котибони кумитаҳои ҳизбӣ, раисони комиҷроияҳо, кабирону вазирон, саркорони хоҷагиҳо лак андар лак шуданд, ки он ҳама тақозои замон буд.

   Аммо дар ҷамъият вакилон (депутатҳо) мақоми авло доштанд. Бавижа депутатҳои Совети Олии СССР. Ба гуфтаи пирони кӯҳистон, «дилхоҳ» одами боақл бо «депутатҳои Москва» сар ба сар намешуд.

   Мақому мартабаи вакилони умумииттифоқ, чунин шахсият дар ҷомеа таъсиргузор буданд. Вакилон шахсони дахлнопазир - масунияти шахсидошта маҳсуб меёфтанд. Вакилони Совети Олии СССР ба ҷуз роҳбарони сатҳи аввали шаҳр, вилояту ҷумҳурӣ боз аз миёни аҳли заҳмат- коргарону деҳқонон низ интихоб мешуданд.

   Вакилон умумииттифоқӣ, аслан аз ҳисоби роҳбарони воломақоми замон, котибони горком, обком, раисони комиҷроияҳои ноҳия, шаҳр, вилоятҳо ва ғайра бештар пешниҳод мешуданд. Вобаста ба вазифаҳояшон дар матбуоти даврӣ таблиғ мегардиданд. Зуд- зуд меҳмони интихобгарон мешуданд.

   Имрӯз, бо гузашти қариби 40 сол аксари вакилони Совети Олии СССР аз зумраи коргару деҳқон ба ҳукми фаромӯшӣ рафтаанд. Ҳол он ки чунин нафарон он қадар зиёд ҳам набуданд.

    Тақозои маслаки журналистӣ аз шарҳи ҳоли қисми зиёди вакилони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқӣ огаҳӣ дорам. Доманаи 5 сол (1991- 1995), ҳангоми фаъолият дар рӯзномаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ «Наврӯзи Ватан» (солҳои 1991- 1992) ва «Нидои ранҷбар» (1992-1995) ҳамчун хабарнигори парлумонӣ бо вакилон дар сессияҳои Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва дар бораи қисме аз вакилони мардумӣ алоқа ва бо иддае мусоҳиба анҷом додаам.

 

   Маҳз дар ин давра аз бораи вакилон номвари кишвар маълумоти бештаре пайдо намудам, шинохтамашон…

 

 Гилаи ошно

    Чанде қабл ҷавоне аз шаҳри Кӯлоб ҳини вохӯрӣ дар идораи рӯзнома гуфт, мақолаву мусоҳибаҳо ва таърихномаҳоятонро дар рӯзномаҳои даврӣ мехонам. Амали шумо дар ёдкарди ҷанговарони тоҷик дар корзори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945 шоистаи таҳсин аст. На танҳо дар бораи тоҷикон, балки дар сифати халқиятҳои дигар, шаҳрвандони собиқ Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон менависед, аммо ин ҳама кифоят нест.

   Масалан, дар Кӯлоби бостонӣ як шахси номдор, қаҳрамони арсаи меҳнат, вакили Совети Олии СССР, ки тавассути заҳмати фидокорона соҳиби обрӯ ва манзалат гашта буд, ки мутаассифона, имрӯз номи ин шахсро дар Кӯлоб касе ёд намеорад. Ҳол он ки Асо Расулов, ин марди ғамхору меҳрубон, шахсияти таърихӣ, депутати Совети Олии СССР буданд…

   Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб кӯчаву мактаб, хиёбону гулгашт ва ҳоказоро ба номи шахсиятҳои гуногуни сатҳи ноҳиявӣ - шаҳрӣ номгузорӣ мекунанд, вале шахсиятеро, ки дар Қасри Калони Советҳои СССР, дар қатори Бобоҷон Ғафуров, роҳбари аввали Тоҷикистони Шуравӣ, академики оламшумул менишаст, сараке номи ӯро надорад. Дар бораи Асо Расулов ақаллан дар китобхона ва ё осорхонае акс ва шарҳи ҳолаш инъикос наёфтааст. Шахсияти маъруф, депутати Совети Олии СССР буд, на вакили ҷамоат, ноҳия, шаҳр ё вилоят ва на ҷумҳурӣ. Ҳарчанд, ки вакилони сатҳи номбаршуда низ аз пазируфтагон, номварони диёр маҳсуб меёбанд, - фаҳмонд ҳамсуҳбатам.    Пас аз шунидани чунин суханон дар хиҷолат мондам. Қабл аз ҳама, барои он ки ин шахсияти таърихиро намешинохтам. Ҳарчанд дар борааш матлабе варнахӯрда бошам ҳам…

  

«Кӯлоб»

   Дар чунин маврид, нахуст ба қомусҳо назар афгандан қобили қабул мебуд. Аз ин рӯ, даставвал ба «Энсиклопедияи Кӯлоб» (Душанбе, 2006) рӯ овардам ва дар саҳфаи 384 - уми китоб номи ошноро ёфтам. Акси 3 ба 4 бо пораи хурди маълумот. Хондам:

   «Расулов Асо (соли тавалудаш 25 феврали соли 1935, шаҳри Кӯлоб), коргар, инженери техникаи бехатарии Заводи пахтаи Кӯлоб (солҳои 1958- 1973), директори Корхонаи нобиноёни шаҳри Кӯлоб (солҳои 1977- 1988).

   Аз соли 1988 нафақагири дараҷаи ҷумҳуриявӣ Расулов намояндаи халқ дар Шурои Олии ИҶШС (даъвати шашум, соли 1962 ва даъвати ҳафтум, соли 1966) буд. Чун намояндаи парламенти ИҶШС ба Австрия, Италия, Фаронса, Англия, Африка, Гана сафар кардааст.

   Бо ордени «Нишони фахрӣ» ва медали «Барои меҳнати шоён» сарфароз гаштааст».

   Ба ҳаминаш ҳам шукрона. Ба кулли мураттибони қомуси «Кӯлоб» аҳсант хондам.

  

Ҳар ки моро ёд кард…

   Суханони ҷавонмардро шоиста дарёфтам. Ва абёти мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пеши назар омад, ки гуфта:

Ҳар кӣ моро ёд кард, эзид мар - ӯро ёр бод,

Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархӯрдор бод…

   Асо Расулов аз синфи коргар, заҳматкаше аз доираи кормандони муваффақи Заводи пахтаи шаҳри Кӯлоб, ки 2 карат депутати Совети Олии СССР даъвати шашум (соли 1962 ва даъвати ҳафтум соли - 1966) интихоб шудааст. Ин дастоварди бағоят бузурги давр маҳсуб меёфт. Он овон ба чунин мартабаи олӣ сазовор удан на ҳамаро даст медод. Ин мартаба – вакили умумииттифоқ будан шарафи бузург аст.

   Ёд овардани ному насаб, фаъолияти шоистаи корӣ, обрӯи чунин шахс барои насли ҷавон намунаи ибрат ва мояи ифтихор мебошад.

   Шаҳрдории шаҳри бостонии Кӯлоб, роҳбарияти осорхонаҳои шаҳрро мебояд, ки номи ин марди заҳматкаш, депутати Совети Олии СССР (2 карат) Расулов Асоро, ки ифтихори Кӯлоб ҳисоб меёбад, ҷовидонӣ гардонанд. То ба ин рӯз ёдовари накардани рӯзгор ва фаъолияти марди даврон саҳвест, ки ислоҳ мехоҳад. 

 

                                                  Шарҳи комилтар

   Дар фарҷом аз маъхазе маълумоте, шарҳи комилтареро аз рӯзгори шахсияти таҳти назарро дарёфтем, ки онро зикр менамоем:

   «Расулов Асо (соли тавалудаш 25 феврали соли 1935, шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, аз хонаводаи деҳқон), собиқ депутати Совети Олии СССР (даъвати 6 ва 7), коргар.

   Хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, соли 1969). Таҳсил дар мактаби миёнаи ба номи К.Е. Ворошилови шаҳри Кӯлоб (солҳои 1946- 1954), хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ (солҳои 1954-1957).

   Коргар, муҳандиси техникаи бехатарӣ ва устои Заводи пахтаи шаҳри Кӯлоб (солҳои 1958-1988), директори корхонаи нобиноёни шаҳри Кӯлоб (солҳои 1973-1976).

   Аз соли 1988 нафақахӯри дараҷаи ҷумҳуриявӣ, ҳамчун узви Парламенти Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои гуногун барои ба роҳ мондани муносибатҳои байналмилалӣ ба кишварҳои Австрия, Италия, Франсия, Англия, Гана, Африка сафар кардааст.

   Бо ордени «Шараф» (соли 1971) ва медали «Барои меҳанти шоён». Ба муносибати 100- солагии зодрӯзи В.И.Ленин» (соли 1970) сарфароз гардидааст.

 

Умари Шерхон

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter