Игамбердӣ
Баъди ғалаба бар Германияи фашистӣ сиҳату саломат ба зодбум баргашт. Қафаси синаи сарбози матинро се ордени Шараф зеб медод. Боис ба ёдоварист, ки дорандагони се дараҷаи ордени Шараф дар корзори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ баробар дониста мешаванд.
Аз он нишасти ёдмон дар соли 1983 сардори шуъбаи посбонони комбинати қолинбофии Қайроққум Алексей Давидович Колесников изҳор дошта, ки дар комбинат аввалҳо 100 нафар иштирокчии он ҷанг, заҳмат ба бор доштанд. Алҳол бошад, бештар аз 90 нафар кор мекунад. Игамбердӣ Хоҷамбердиев беш аз 10 сол боз дар комбинат посбон аст. Коммунисти матин, меҳнатдӯсту қавиирода ва шахси хоксоре мебошад. Фарзандони қаҳрамон Анатолий, Алиҷон, Олга, Татяна мисли падар меҳнатдӯсту меҳрубонанд ва онҳо дар комбинат заҳмат мекашанд. Қаҳрамон бо ҳамсараш Анна Иосифовна Игамбердиева зиндагии хуш доранд.
Ин навишта, аслан ба рӯзгори Игамбердӣ Хоҷамбердиев рабт дорад. Аз ин рӯ, меравем ба оғози садаи бистум.
Ошоба
Қаҳрамони арсаи ҷангу меҳнат Игамбердӣ Хоҷамбердиев соли 1912 дар деҳаи Ошобаи ноҳияи Ашт дида ба дунё кушодааст. То ба хизмати аскарӣ даъват шуданаш дар колхози ба номи Будённий заҳмат мекашид. Соли 1934 дар 22 - солагӣ ба хизмати аскарӣ даъват шуд. Дар полки 7-уми махсуси артиллерии кӯҳӣ нишонгир буд. Ҳамхизматҳо Игамбердиро чун мергани моҳир эътироф карданд.
Моҳи декабри соли 1936 дар полк санҷиш доир шуд. Дар рафти ин озмоиш маршали Иттифоқи Советӣ С. М. Будённий иштирок дошт. И. Хоҷамбердиев дар ин сабқат ғолиб омада, ба раҳматномаи Будённий сазовор гашт. Ҳамон сол ҷавонмардро аз аскарӣ ҷавоб доданд.
Ғарм
Дар зодбум сарбози номварро хуш истиқбол гирифтанд. Бо ҳидояту маслиҳат ҷавони ташаббускорро комитети комсомолии ноҳияи Ашт ба курси 6-моҳаи кормандони молия ба шаҳри Сталинобод раҳнамун сохтанд. Ин давраро вай бомуваффақият паси сар намуда, курсро сарбаландона хатм кард. Азбаски кӯҳистони тоҷик ба чунин ихтисосмандон сахт ниёз дошт, ӯро бо роҳхат ба вилояти Ғарм фиристоданд.
И. Хоҷамбердиев аз моҳи августи соли 1937 то соли 1939 дар шуъбаи молияи ноҳияи Ҳоит ҳамчун инспектор ифои вазифа намуд. Моҳи январи соли 1939 ӯро ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қалъаи Лаби Об гузаронданд. Ҷавони қобил дар ин ниҳод то соли 1941 кор кард.
22 июни соли 1941 Германияи фашистӣ аҳдшиканона ба хоки давлати шуравӣ ҳуҷум овард. Сафарбарӣ ба ҷабҳа оғоз гардид. 25 июли соли 1941 Игамбердӣ Хоҷамбердиев низ, ба ҳифзи Ватани паҳновари хеш қомат афрошт.
Баробар бо сарбозони диловари Ватан бар зидди фашистони истилогар дар разм шуд. Моҳи апрели соли 1943 ӯро дар хатти пеши ҷабҳа, дар блиндаж (сангар, паноҳгоҳи болопӯшида) ба сафи Ҳизби коммунист қабул карданд.
НЕЖИНКА
Игамбердӣ се сол вай дар муҳорибаҳои зиёд бар зидди гитлерчиён дар набард шуд. Дар корзор аз худ диловарӣ нишон дод. Диловарии чашмраси вай 6 июли соли 1944 ба вуқуъ пайваст. Деҳаи Нежинка. Дар яке аз ҳуҷумҳои ҷавобӣ расчёти тӯпи сержанти калон, нишонгири тӯп И. Хоҷамбердиев бо зарбаи нишонрас тӯпи худгарди фашистонро нобуд ва беш аз 10 фашистро маҳв намуд.
Бо тавсияи командири полки 890-уми артиллерӣ подполковник Поляков сарбози шуҷоъ Игамбердӣ Хоҷамбердиев аз 26 августи соли 1944 бо ордени Шараф дараҷаи III сарфароз шуд.
Померайн
Чехословакия, шаҳри Померайн. Сарбозони советӣ зиёда аз 90 ҳазор нафар фашистон ва власовчиёнро дар ҳалқа гирифта, аз чаҳор самт иҳотакунон ба рахна задани душманон имкон намедоданд...
Игамбердӣ баъди посбонӣ бояд истироҳат мекард, аммо эҳсос намуд, ки дастае дар ниҳояти эҳтиёт сӯи анбори лавозимоти ҷангӣ хазидан дорад. Хулоса бурд, ки фашистон роҳи халосӣ меҷӯянд. Бе истиҳола пулемёташро ба кор даровард. Чанде аз гитлерчиён ба замин парчин шуданд. Боқӣ раҳи гурез пеш гирифтанд. Садои тирпарронӣ ҳамаро ба по хезонд. Беш аз 850 нафар душман, ки нияти аз ҳалқа берун шудан дошт, ба даст уфтод. Ин ғолибият туфайли ҳушёриву зиракии сарбози диловар Игамбердӣ Хоҷамбердиев муяссар гардид.
Коннитсӣ
Полки 890-уми артиллерӣ дар наздикии деҳаи Коннитсӣ ба қӯшуни бешумори душман рӯ ба рӯ зад. Муҳориба тезутунд ҷараён гирифт. Аз расчёти Хоҷамбердиев ҳамаи аскарон ҳалок шуданд. Вай ҳам тир мекашонду ҳам сӯйи душман оташ мекушод. Баногаҳ дасти росташ ба сӯзиш даромад, аммо эътибор надод. Хушбахтона, дар ҳамин асно ёрдам расид. Душман маҷбур аз Коннитсӣ ақиб нишаст.
Дар варақаи мукофотонии қаҳрамони корзор омада: «14 феврали соли 1945. Дар муҳорибаи пурдаҳшат Игамбердӣ Хоҷамбердиев бо тӯпи худ як пункти назорат, се нуқтаи оташфишонии душманро аз кор бароварда, беш аз 7 гитлерчиро ба ҳалокат расонд...».
Барои нишон додани диловарӣ ва матонат дар ин муҳориба Игамбердӣ Хоҷамбердиев бо ордени Шараф дараҷаи II қадр гардид.
Фридрихстал
Дар ноҳияи Фридрихстал байни аскарони советӣ ва гитлерчиён задухӯрди шадид ҷараён дошт. Фашистон девонавор муқобилият нишон медоданд. Аскарони сурх бо тамоми қувва меҷангиданд. И. Хоҷамбердиев дар ин набард шахсан бо оташи тӯпи худ 2 пулемёт, 1 миномёти душманро маҳв намуда, 21 фашистро нобуд кард. Қаҳрамониаш боиси таҳсини фармондеҳӣ гашт ва ҳуҷҷатҳо – варақаҳои мукофотонӣ тавассути тайёра ба қалби Ватан – шаҳри Москва ирсол гардид.
Бо Фармони Президиуми Совети Олии СССР аз 15 майи соли 1946 Игамбердӣ Хоҷамбердиев бо ордени Шараф дараҷаи I мушарраф шуд.
Ҷабҳаи меҳнат
Пас аз хотимаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ зафарёр ба зодбум баргашт ва аз соли 1946 то ҳини ба нафақа баромадан 24 сол меҳнат кард. Солҳои 1946-1947 котиби ташкилоти ҳизбии совети қишлоқ, 1947-1950 котиби ташкилоти ҳизбии колхози ба номи Калинини ноҳияи Ашт, 1952-1960 сардори бригадаи пахтакорӣ буд.
Соли 1957 Игамбердӣ Хоҷамбердиев ҳамчун пешқадами истеҳсолот бо намояндагии пешқадамони хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ дар шаҳри Москва, дар Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқ (ВДНХ) ширкат варзид.
Ҷанговари матин солҳои баъдӣ дар Комбинати маъдани Адрасмон ифои вазифа намуд. Ҳамзамон, ёрдамчии фаъоли котиби бюрои ҳизбии фабрика буд. Соли 1970 кормандони Комбинати маъдантозакунии Адрасмон собиқадори ҷангу меҳнат Игамбердӣ Хоҷамбердиевро ботантана ба нафақа гуселонданд. Қаҳрамон бекор нанишаст ва дар шуъбаи посбонии Комбинати қолинбофии Қайроққум ҳамчун посбон ба кор омад.
Хизмати шоёни собиқадори ҷанг дар арсаи меҳнат бо медали “Барои меҳнати шуҷоатнок”, нишонҳои Аълочии мусобиқаи сотсиалистӣ ва Аълочии саноати металлургияи рангаи СССР қадр гардид.
Умари ШЕРХОН
25.1.2023
_____________
* Протопопов Дмитрий Захарович (1897 – 1986), ходими ҳизбӣ ва давлатӣ.
Котиби якуми ПК РСС Тоҷикистон (1937 – 1946).
** Шогадоев Мунаввар (1898 – 1974), ходими ҳизбӣ ва давлатӣ.
Раиси Совети Олии РСС Тоҷикистон (1937-1938),
Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (1938-1950).
*** Қурбонов Маҳмадалӣ (1905-1976), ходими ҳизбӣ ва давлатӣ.
Раиси Комиссарони халқии РСС Тоҷикистон (1937-1946),
Раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон (март – апрели 1946)...