ХАБАРИ ДОҒ

«Рафиr»-и шахсии Горбачёв

  • Чоршанбе, Фев 08 2023

 

 Талафот

 12 январи соли 2023 дар пойтахти собиқ давлати абарқудрати советӣ, шаҳри Москва, яке аз шахсиятҳои маъруфи СССР, собиқ Котиби якуми ПК Ӯзбекистон Рафиқ Нишонов дар синни 97 солагӣ (4 рӯз пеш аз рӯзи мавлудаш) ба дори дунё пайваст.

Қисми зиёди нафарони 35- 40 сола киву чӣ кора будани ин шахсияти таърихиро дар гӯшаи хотир надоранд. Ин бесабаб нест. Нахуст давлати советӣ побарҷо нест ва ҳам ҳизби коммунист низ аз шуҳрату шон монда.

 Бародари калонӣ

 Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон даврони Шӯравӣ яке аз кишварҳои пурқудрати Осиёи Миёна маҳсуб меёфт. Кишвари ҳамсоя, ба қавли онрӯзиён барои Тоҷикистон чун бародари калонӣ эътироф гардида буд. Ҳама кору бор, сиёсат, фарҳанг, иқтисодиёт, саноат ва ҳоказоро котибони якуми ПК-и Тоҷикистон бо ҳамтоёни хеш - Ӯзбекистон ҳаллу фасл мекарданд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии автономии Тоҷикистон соли 1924 дар ССР Ӯзбекистон ташкил шудаву расман соли 1929 чун ҷумҳурии мустақил шинохта шуд. Чун ҳамаи 15 ҷумҳурӣ дар ҳайати як давлат - СССР муттаҳид буданд, биноан кулли корҳо бо маслиҳат матраҳ мегардид.

Котибони якум

 Аз он овон инҷониб котиби якуми ПК Ӯзбекистонро ёд дорам: Усмон Юсуф, Шароф Рашидов, Рафиқ Нишонов ва Ислом Каримов. Сеи охир нисбатан ошно ва ба соли ҳукмронӣ наздиктар буданд…

Ин дов аз Рафиқ Нишонов хоҳем гуфт. Ӯ 15 январи соли 1926 дар деҳаи Ғазалкент, ноҳияи Бӯстонлиқи РАСС Қазоқистон (РСФСР, Ӯзбекистон), дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст.

Ходими давлатӣ ва сиёсии советӣ ва ӯзбек, дипломат, аъзои КПСС аз соли 1949. Бобои Рафиқ Нишонов аслан аз Шаҳрисабз мебошад.

Институти давлатии (шабонаи) педагогии шаҳри Тошкент ба номи В.Г. Белинскийро хатм кардааст (соли 1956). Аз рӯи ихтисос «Муаллими таърих», номзади илми таърих (соли 1969) мебошад.

  Қадамҳои нахустин

 Рафиқ Нишонов фаъолияти меҳнатиашро дар 16 солагӣ (соли 1942) ҳамчун колхозчии колхози «Чирчиқ»-и ноҳияи Бӯстонлиқ оғоз намудааст.

 

Соли 1943 котиби комиҷроияи совети шаҳраки Ғазалкенти ноҳияи Бӯстонлиқ, аз соли 1944 инструктор, котиби дуюми комитети комсомолии ноҳияи Бӯстонлиқ буд.

Мавсуф 5 сол (солҳои 1945-1950) дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР адои хизмат намудааст. Баъди хизмати ҳарбӣ мудири шуъбаи комитети комсомолии ноҳияи Октябри шаҳри Тошкент таъин мешавад.

 Ҳизби коммунист

 Рафиқ Нишонов сар аз соли 1951 ҳаёти хешро ба ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ пайваст. Инструктор, мудири шуъба, котиби комитети партиявии ноҳияи Октябри вилояти Тошкент.

Аз соли 1955 сардори шуъбаи сиёсии Раёсати оташнишонии Вазорати корҳои дохилии РСС Ӯзбекистон, аз соли 1956 мудири шуъбаи комитети ҳизби коммунисти шаҳри Тошкент, соли 1959 котиби якуми райкоми Октябри шаҳри Тошкент, соли 1962 раиси комиҷроияи шаҳри Тошкент, аз соли 1963 то соли 1970 котиб ва аъзои Бюрои КМ ПК Ӯзбекистон буд.

Дипломат

 Рафиқ Нишонов аз соли 1970 дар корҳои дипломатӣ, Сафири фавқулода ва мухтори СССР дар Шри - Ланка ва ҳамзамон дар Ҷумҳурии Малдив вазири корҳои хориҷии имрӯзаи Россия Сергей Лавров он овон дар сафорат референт буд (солҳои 1970 - 1978).

Соли 1978 Сафири фавқулода ва Мухтори СССР дар Урдун таъин шуда, то соли 1985 ифои вазифа намуд.

      ВКХ, ПСО РСС Ӯзбекистон

 Баъди 15 соли «мусофират» -и Москва Рафиқ Нишоновро ба зодбум хонд. Соли 1985 ӯро вазири корҳои хориҷии РСС Ӯзбекистон таъин карданд.

Пас ба сифати Раиси Президиуми Совети Олии РСС Ӯзбекистон (9 декабри соли 1986 ва 9 апрели соли 1988), ҳамзамон муовини Раиси Президиуми Совети Олии СССР (29 июни соли 1987 ва 24 майи соли 1988) ифои вазифа намуд.

 КМ ПК Ӯзбекистон

 Рафиқ Нишонов моҳи январи соли 1988 котиби якуми ПК Ӯзбекистон интихоб гардид (12 январи соли 1988 ва 23 июни соли 1989). Ӯ ҳамзамон аз 24 майи соли 1988 то 25 майи соли 1989 аъзои Президиуми Совети Олии СССР буд.

 Москва

 Рафиқ Нишонов 6 июни соли 1989 Раиси Совети Миллатҳои Совети Олии СССР интихоб шуд (солҳои 1989-1991. Даъвати 11). Мавсуф яке аз раисикунандаҳои доимии ҷаласаҳои умумии Совети Олии СССР буд.

Ӯ аз ҳамин давра (соли 1989) то охири умр дар шаҳри Москва мезист.

«Рафиқ»- и Горбачёв

 Рафиқ Нишонов моҳи сентябри соли 1991 мушовири Президенти СССР Михаил Сергеевич Горбачёв таъин гардида, танҳо се моҳ (то ноябри соли 1991) адои вазифа кард. Ӯ барои садоқат ва ихлосмандӣ ба Котиби генералӣ ҳамкорони маскавӣ «Личный «рафик» Горбачёв» мегуфтанд.

Аз моҳи ноябри соли 1991 нафақахӯр, сокини шаҳри Москва.

Аз соли 2013 узви шӯрои Ассотсиатсияи дипломатҳои Россия.

 Хонавода

 Рафиқ Нишонов оиладор соҳиби 1 писару 2 духтар мебошад. Завҷааш Раъно Назарова, номзади илми таърих, муовини вазири маданияти РСС Ӯзбекистон буд. Писараш Собир - афсари советӣ, Ӯзбекистон. Баъд ҳамчун роҳбари ООО «АФ Телеком холдинг» ифои вазифа дошт. Духтараш Мунира- муаллима. Духтараш Фирӯза…

 Пенсионер

 Рафиқ Нишонов соли 2012 дар шаҳри Москва ва соли 2021 дар Тошкент бо забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ китоби ёддоштҳои хешро таҳти унвони «Деревья зеленеют до метелей» ба табъ расонд.

Мукофот

Рафиқ Нишонов тӯли фаъолияти меҳнатӣ дар давраи советӣ бо 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳои СССР, унвони фахрии Корманди хизматнишондодаи маданияти РСС Ӯзбекистон (соли 1986), ордени Урдун «Истиқлол» (дараҷаи 1) сазовор гаштааст.

Дар давраи навин, дар арафаи 90- солагии зодрӯзаш (соли 2016) бо Фармони Президенти Россия Владимир Владимирович Путин бо ордени Фахрӣ ва моҳи январи соли 2021 бо ордени Александр Невский мушарраф гардид.

 

Умари ШЕРХОН

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter