ХАБАРИ ДОҒ

 

Муҳосира

 Дар шароити Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ муҳосира аксар омехта буд. Муҳосира мувофиқи вазифаҳо ва миқёси амалиёт стратегӣ ё тактикӣ мешавад. Муҳосира аз хушкиро қӯшунҳои хушкигард бо авиатсия ва қӯшунҳои зидди ҳуҷуми ҳавоӣ (ПВО) якҷоя ба ҷо меоварданд. Ба мисли муҳосираи қӯшунҳои Германияи фашистӣ аз тарафи қӯшунҳои советӣ дар назди Сталинград (солҳои 1942- 1943), дар Будапешт (соли 1944), дар Вена ва Бреслау (соли 1945).

Мисоли муҳосираи омехта (аз хушкӣ, ҳаво ва баҳр) аз тарафи қӯшунҳои фашистии немис муҳосира шудани Ленинград (солҳои 1941- 1943) буд, ки душман ба мақсад нарасид. Бо вуҷуди душвориҳои зиёд қӯшунҳои советӣ ба муҳосира тоб оварда, баъдтар онро рахна карда, ба душман зарбаи ҳалокатовар заданд.

Муҳосираи Ленинград

 Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 ленинградиҳо намунаи мардонагӣ ва қаҳрамонӣ нишон доданд. Фашистони истилогар ба даст даровардани Ленинградро яке аз вазифаҳои якуминдараҷаи худ қарор дода буданд. Онҳо шаҳрро ба ҳалқаи муҳосира гирифта, онро ба хок яксон карда, аҳолиашро саросар қир карданӣ буданд.

Дар давраи муҳосира фашистон ба шаҳр 250 ҳазор бомбаи оташзананда, фугасӣ, снарядҳои артиллерӣ партофтанд. Аз се як қисми биноҳои истиқоматӣ, 4000 корхонаи саноатӣ, 400 мактаб, 600 касалхона, муассисаҳои маданӣ - маърифатӣ ва ёдгориҳои меъморӣ нобуд карда шуданд. Дар натиҷаи муҳосираи Ленинград танҳо аз гуруснагӣ 641 803 нафар аҳолии шаҳр ҳалок шуд.

Корнамоии қаҳрамононаи Ленинград дар муҳосираи 900 - рӯзаи фашистӣ дар лавҳи хотири наслҳо абадӣ нақш бастааст. На бомбаборонкунии ваҳшиёна, на азияти гуруснагӣ ва на сармо ирода, эътиқод ва боварии ленинградиҳоро ба ғалаба шикаста натавонист.

Дар он рӯзҳои тоқатфарсо тамоми мамлакат ба аҳолии матиниродаи шаҳр ёрӣ мерасонд. КМ ВКП (б), Комитети давлатии мудофиа, Ҳукумати Советӣ ба шаҳри муҳосирашуда ҳарҷониба мадад мерасонданд.

 «Роҳи ҳаёт»

 22 ноябр ба воситаи кӯли Ладога ба Ленинград роҳ кушода шуд, ки он дар таърихи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945 бо номи «Роҳи ҳаёт» машҳур аст».

 

Моҳҳои январ – ноябри соли 1942 ба ин роҳ қариб 1 миллион нафар аҳолии шаҳр ва аз  ¾ ҳиссаи таҷҳизоти саноатӣ аз муҳосира бароварда шуд. Баъди рахна кардани ҳалқаи муҳосира (18 январи соли 1943) таъминоти шаҳр бо хӯрокворӣ, яроқу аслиҳа беҳтар гардид. То 27 январи соли 1944 Ленинград пурра аз муҳосира озод карда шуд.

Бо Фармони Президиуми Совети Олии СССР аз 22 декабри соли 1942 «Барои мудофиаи Ленинград» медал таъсис гардид, ки бо он 930 ҳазор нафар мукофотонида шуд. Бо фармони Президиуми Совети Олии СССР аз 21 июни соли 1957 барои хизматҳои бузург дар назди Ватан, барои мардонагӣ ва қаҳрамонии ленинградиҳо дар рӯзҳои Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ва Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945, барои муваффақиятҳо дар тараққиёти саноат ва маданият, дар тараққиёт ва азхудкунии техникаи нав ва ба муносибати 250- солагии шаҳр Лениград бо ордени 2- юми Ленин сазовор шуд.

 Моҳи августи соли 1941 душман аз ҷиҳати техникаи ҳарбӣ нисбат ба қӯшунҳои советӣ афзалияти калон дошт. Вай то ба халиҷи Фин ва кӯли Ладога зада даромада, Лениградро аз хушкӣ муҳосира намуд (аз 8.9.1941 то 18.1.1943). Дар натиҷа таъминоти аҳолии шаҳр хеле бад шуд. Аз 20 ноябр нормаи шабонарӯзии нон ба 125- 250 грамм расид.

Тавассути «Роҳи ҳаёт» то апрели соли 1942 зиёда аз 550 ҳазор одам кӯчонда, 361 ҳазор тонна бор кашонда шуд.

12- 30 январи соли 1943 қӯшунҳои фронтҳои Ленинград ва Волхов дар ҷанубтари кӯли Ладога муҳосираро рахна карда, роҳи бараш 8 - 10 километраро кушоданд ва дар муддати кӯтоҳ роҳи оҳану автомобилгард сохтанд.

Дар натиҷаи амалиёти Ленинград - Новгород (соли 1944) душман ба масофаи 220- 280 км ақиб партофта, вилояти Ленинград ва як қисми вилояти Калинин озод карда шуд.

       Кумаки тоҷикон

 Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ халқи тоҷик ба муҳофизатгарони Ленинград ёрии калон расонд. Фақат тобистони соли 1942 Тоҷикистон ба муҳофизатгарони Ленинград ва баҳрчиёни Балтика 2 миллиону 225 ҳазор сӯм пул, қариб 150 тонна ғалла, 130 тонна сабзавот, 80 тонна меваи тару хушк, 2250 сар чорво фиристод.

Фарзандони халқи тоҷик дар сафҳои муҳофизатгарони Ленинград бо матонат ҷангиданд. Барои диловарӣ фарзадони Тоҷикистон Ш.Исоев, Т.Одилов, Ҳ. Аҳрорӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, О. Яъқубов, И.Ф.Воронов, П.Султонов, Т.К. Гаврилов, М.Шокиров, С.Мухторов, С.Бурҳонов, М.Кузнетсов, К.Рӯзиматов, М.Шарифов, бародарон Зайниддин, Бадриддин ва Муҳаммад Осимӣ ва дигарон бо ордену медалҳо мукофотонда шуданд.

   Муҳосира (блокада)-и Ленинград аз ҷониби қӯшунҳои немисӣ, финӣ ва иттифоқчиёни онҳо дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба амал омада, он аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944 идома кард.

Ҳалқаи муҳосира 18 январи соли 1943 рахна гардид.

Муҳосира 872 рӯзро дар бар гирифт. Дар як қатор маъхазҳо онро 871 меноманд. Дар адабиёт ва муҷассамаҳо ин рақамро яклухт (пурра) карда 900 шабу рӯз нишон медиҳанд.

 Бо Фармони Сарфармондеҳи Олӣ И.В. Сталин аз 1 майи соли 1945, №20 Ленинград бо Сталинград, Севастопол ва Одесса шаҳри Қаҳрамон унвон гирифт. Баъдтар, бо фармони Президиуми Совети Олии СССР аз 8 майи соли 1965, шаҳри Ленинград бо медали «Ситораи Тилло» сарфароз шуд.

27 январи соли 1943 - рӯзи пурра озод шудани Ленинград аз муҳосира дар соли 1944, яке аз рӯзҳои шарафи ҳарбии Россия дониста мешавад.

Муҳосираи Ленинград аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944 давом кард. Дар ин миён аз гуруснагӣ ва сардӣ аз рӯи маълумоти гуногун аз 632 ҳазор то миллион нафар ленинградиҳо ҳалок шуданд.

Яке аз онҳо қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Даниил Иванович Кютинен аст, ки дар 59 - солагӣ аз гуруснагӣ дар ҷойи кораш, дар нонвойхона вафот кард.

Нонпазе, ки ба ҷаҳониён руҳи шаҳрванди советиро нишон дод. Дар шаҳодатномаи вафоти ӯ, ки 4 феврали соли 1942 дода шудааст, сабаби марги нонвой дистрофия (гушнабеморӣ) зикр ёфта. Шахсе, ки барои муҳосирашудагон нон мепухт ҳатто барои зинда монданаш резаи нонеро нахӯрд, то зинда монад.

Даниил Кютинен дар оромгоҳи Шуваловск мадфун гашта, номаш дар китоби хотираи муҳосираи Ленинград ҳамчун қаҳрамон сабт шудааст. Ҳол он кӣ вай ҳеҷ гоҳ наҷангидааст.

 

Умари Шерхон     

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter