ХАБАРИ ДОҒ

Аз қатли яке аз симоҳои барҷастаи советӣ Лаврентий Павлович Берия (17.3.1899 -23.12.1953), арбоби давлатӣ ва ҳизбии советӣ, комиссари бехатарии давлатӣ (1941), Маршали Иттифоқи Советӣ (1945), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1943), маҳрумшудаи ин унвонҳо дар соли 1953 инак 79 сол сипарӣ гашт.

 «Мири ғазаб»

Бо ба сари қудрат омадани Ҳокимияти Советӣ дар Россия (Иттиҳоди Шуравӣ) солҳои 30-юми асри XX ашхоси гуногун, шаҳрвандони СССР ба ҷазо гирифтор шуданд. Баъди ғалабаи Иттифоқи Советӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бо пешниҳод – ташаббуси бевоситаи «мири ғазаб» Лаврентий Берия ба КМ КПСС аз 27 марти соли 1953 фармон «Дар бораи авф» ба тасвиб расид, ки дар асоси он 1 млн 203 ҳазор нафар одамон аз маҳбас озод мешуданд. То 10 августи соли 1953 аз маҳбасҳо 1 миллиону 32 ҳазор маҳбусони то 5 сол маҳкумгардида… озод шуданд. Ва боз ғайраву ҳоказо.

Аммо, шахсияти сатҳи олии давлати советӣ (албатта баъди Сталин) Лаврентий Берияи муқтадирро 26 июни соли 1953 бо гуноҳи хиёнат ба Ватан ҳабс шуда, 23.12.1953 бо ҳукми Суди Олии СССР ҷазои қатл гирифт ва ҳамон рӯз соати 19:50 дақиқа паронда шуд. 

 Деҳқонбача

Ин маротиб фаъолияти давлатӣ, иштирок дар репрессияи оммавӣ ва ишқбозиҳои Берияро сарфи назар намуда, танҳо дар бораи кори ӯ ҳамчун роҳбари хадамоти разведкаи СССР сухан хоҳем ронд. Танҳо аз фаъолияти пурмаҳсул, ташкилотчигии бесобиқааш…

Лаврентий Павлович Берия, деҳқонбача, 17 (29) марти соли 1899 дар деҳаи Марсули губернияи Кутаиси, империяи Россия, дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст.

Волидон қобилияти хубашро ба назар гирифта, ӯро ба омӯзишгоҳи ибтидоии Сухуми супурданд. Соли 1915 Лаврентий баъди хатми ин ҳунаристон ба омӯзишгоҳи техникию сохтмонии Боку дохил шуда, онро соли 1919 бо ихтисоси техник-архитектор тамом кард. Вай аз 17-солагӣ модар ва хоҳари гунги худро, ки ба наздаш омада буданд, саробон шуд. Лаврентий аз 16-солагӣ дар идораи асосии ширкати нафтии Нобелей ҳамчун шогирд (коромӯз) заҳмат мекашид.

Аз соли 1916 аъзои кружоки пинҳонкории марксистӣ дар омӯзишгоҳи сохтмонӣ буд. Моҳи марти соли 1917 аъзои РСДРП (б) шуд. Моҳҳои июн-декабри соли 1917 ҳамчун техники отряди гидротехникӣ ба фронти Руминия рафта, аввал дар Одесса, баъд дар Пашкан (Руминия) хизмат кард.

Бинобар сабаби беморӣ аз хизмат озод шуда, ба Боку баргашт ва аз моҳи феврали соли 1918 дар ташкилоти шаҳрии болшевикон ва котиботи совети депутатҳои коргарии Боку ба кор даромад.

Ҳамин хел Лаврентий Берия қисмати худро ба инқилоб пайваст, ба пинҳонкорӣ гузашт, ҳабс шуд. Баъди озодӣ боз ба фаъолияти пинҳонкорӣ пардохт.

 Ҳизби болшевикӣ

Бо супориши ҳизби болшевикон дар контрразведкаи Боку ҳамроҳи Анастас Микоян кор кард. Донову зирак ва чақону далер буд. Аз ин рӯ, дар ЧК-и Озарбойҷон ба вазифаи муовини сардори қисми махфӣ-ҷустуҷӯӣ таъин гашт. Баъдтар муовини раиси ЧК-и Гурҷистон таъин гардид. Якчанд ошӯбҳои зиддиинқилобии меншевикону миллатгароёни гурҷиро ошкор ва дастаи ҳарбиёни Ҷугелиро торумор намуд ва бо ордени Байрақи Сурх қадр ёфт.

Охири солҳои 20-уми асри XX Берия ба кори ҳизбӣ гузашт ва котиби якуми КМ ҳизби коммунисти Гурҷистон интихоб шуд.

 Иддаои Зингер

Таърихнигори бисёр ҳам ҷиддии амрикоӣ Курт Зингер, ки гӯиё ҳама вақт аз рӯи далелҳои муътамад ва ё ба ҳақиқат наздик мақола ва ё асар меофарад, дар китобаш «Ҷосусоне, ки таърихро тағйир додаанд» дар хусуси Берия ҳодисаҳои шигифтангезе овардааст. Чанде аз онҳоро, ки дар Ғарб маъмуланд, мисол меорем.

Ба иқрори Зингер, баъди торумори ташкилоти пинҳонкорони Боку Берия ба Албания мегурезад ва дар он ҷо бо Иосиф Броз Тито шинос мешавад. Аз он ҷо бо номи Карапет Абамалян баргашта, дар Инқилоби Октябр ширкат меварзад. Он вақт вай ба 500 нафар асирони австриягӣ фармондеҳӣ мекард. Аз ҳисоби онҳо ба нафъи Россияи шуравӣ нахуст афсарони разведкаро ҷалб намуд.

Дар соли 1920 Берия дар Прага ба симати корманди Сафорати Украина фаъолият бурда, шабакаи густурдаи контрразведкаро созмон дод, ки қариб ҳамаи кишварҳои қитъаи Аврупоро фаро мегирифт. Сипас ба Гурҷистон баргашта, аз он ҷо баъди пахши ошӯби соли 1924 боз ба хориҷа, ин дафъа ба Париж меравад. Дар ин ҷо зери ниқоби хизматчии сафорат амалиётҳои ҷосусӣ мебурд.

Ӯро дар майдонҳои Елисей медиданд, худро ҳамчун полковник Енонлидзе муаррифӣ менамуд. Бештар ба ҳаёти гурезаҳои гвардияи сафед ва муҳоҷирони миллатгаро мароқ зоҳир месохт. Ба сафи онҳо ворид гашта, шабакаи нави ҷосусиро ба роҳ монд.

Берия ба Ватан баргашт, аммо дар тули солҳои 1930-1937 борҳо ба хориҷа сафар дошт. Бо роҳбарии ӯ чандин куштор ва дуздии роҳбарони гурӯҳҳои зиддишуравӣ амалӣ гаштанд. Вай дар Испания ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ низ буд, то дар амал бубинад, ки шабакаи ҳарбии ҷосусӣ чӣ тавр кор мекунад ва ҳамчунин, намунаҳои техникаи нави ҳарбии Олмонро ба даст орад.

Ин тарафи ҳаёти Берияро дар солҳои 1920-1938 ба виҷдони Курт Зингер ҳавола менамоем ва бармегардем ба манбаъҳои советӣ.

 Сардори НКВД

Дар соли 1938, баъди Ягода ва Ежов, Берия сардори НКВД-и СССР шуд, албатта, аввал роҳбари раёсати давлатии бехатарӣ, муовини якуми Ежов буд. Аз рӯи ёддоштҳои Павел Судоплатов, Берия худро «дар масъалаи кори ҷосусӣ ва диверсионӣ шахси босалоҳияту неруманд» нишон дод. Аз рӯзҳои нахуст шуъбаҳоеро, ки бо агентҳои хориҷӣ кор мекарданду роҳбаронашон репрессия шуда буданд, зери назорат гирифт.

 Амалиёти «Утка»

Моҳи декабри соли 1938 Берия расман инони идораи НКВД-ро соҳиб шуд. Аввалин амалиёте, ки вай дар ин вазифа анҷом дод, амалиёт бо номи «Овозаи бардурӯғ» («Утка») буд. Мақсад куштани душмани Сталин –Тротский буд. Чекисти ботаҷриба Эйтингон ба ин амалиёт ҷалб гашт. Вай аз ҳисоби аъзои гурӯҳҳои интернатсионалистии Испания гурӯҳи худро созмон дод, аз ҷумла рассоми мексикоӣ Сикейросро ҷалб намуд. Суиқасд 27 майи соли 1940 бебарор анҷом ёфт. 

27 август суиқасд аз нав такрор шуд ва ба разведкачии советӣ Рамон Меркадер муяссар гашт, ки Тротскийро ба ҷаҳаннам фиристад. 20 сол баъд, вақте ки Рамон аз зиндон ба озодӣ баромад, ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ доданд.

 Разведкаи НКВД

Албатта, разведкаи советӣ он солҳо бо дигар корҳо низ машғул буд. Аз қароргоҳҳои ҷосусӣ дар хусуси мақсадҳои нопок гитлерчиён, оид ба гуфтушунидҳои пинҳонии роҳбарони фашизм бо намояндагони доираҳои ҳукмрони Англия, Франсия, Полша маълумот мерасиданд. Вазифаҳои дигар ҳам буданд, ба монанди амалисозии нақшаи Молотов-Риббентроп дар кишварҳои назди Балтик, Украинаи Ғарбӣ ва Беларус.

Разведкаи НКВД аз ноябри соли 1940 дар хусуси таҳдиди ҷанг маълумоти зиёд медод, вале онҳо ба ҳамдигар мухолиф буданд. Агентҳои бовариноки советӣ Шултс – Бойзен, Харнак, Филбӣ низ рӯзи ҳуҷумро аниқ намедонистанд. Нисбатан санаҳои мушаххас аз тарафи Зорге, Штёбе ва дигар разведкачиён иброз гаштанд, ҳамчунин, аз ҷониби сафирон, ходимони давлатии кишварҳои зиёд барқияҳо мерасиданд, аммо Сталин ва Берия бовар доштанд, ки Гитлер аҳдномаи ҳуҷумнакуниро риоя менамояд. Агар Берияро ба ҳимоя гирифтан хоҳем, метавонем бигӯем, ки дар арафаи ҷанг разведка дигар дар итоати Берия набуд, балки ба Комиссари амнияти давлатӣ Меркулов итоат мекард.

Вале чанд рӯз пеш аз оғози ҷанг Берия фармон дод, ки аз ҳисоби кормандони разведка барои иҷрои корҳои иктишофӣ – диверсионӣ дар ҳолати ҷанг гурӯҳи махсус ташкил карда шавад. Дар арафаи ҷанг интихоби номзадҳо ба ин гурӯҳ оғоз ёфт. Вазифаи гурӯҳ ба роҳ мондани разведка бар зидди Гитлер ва хушомадгӯёни вай, ташкили ҷанги партизанӣ, шабакаҳои ҷосусӣ дар ҳудуди ишғолнамудаи фашистон, бурдани бозиҳои махсус бо разведкаи немис бо мақсади гӯлзанӣ ва маълумоти бардурӯғ паҳн карда буд. Дар соли 1942 ислоҳоти таъҷилии мақомоти разведка амалӣ гардид.

 Бомбаи атомӣ ва Берия

Аз моҳи феврали соли 1941 Берия муовини раиси Шурои комиссарони халқи СССР буд, бо оғози ҷанг узви Кумитаи давлатии мудофиа шуд. Ба истеҳсоли тиру туфанг ва дигар муҳимоти ҳарбӣ масъул буд.

Тирамоҳи соли 1941 разведка хабар дод, ки Англия, ИМА ва Олмон ба сохтани бомбаи атомӣ кор гирифтаанд. Дар ин бора зуд ба Сталин хабар расонданд. Сталин фармон дод, ки пеш аз ҳама дар хусуси ин яроқи нав аз тамоми кишварҳои Ғарб маълумот гирд оранд. Аз сабаби он ки ҳам ба истеҳсоли аслиҳа, ҳам ба разведка Берия мутасаддӣ буд, ин вазифа низ бар дӯши вай гузошта шуд ва супоришро аз сидқ иҷро кард…

 «Худо до, бо надо!»

Пас аз марги сарвари СССР-и абарқудрат Иосиф Виссарионович Сталин 5 марти соли 1953 худи ҳамон рӯз маҷлиси якҷояи Пленуми КМ КПСС ва Совети Вазирони СССР гузаронда шуд, ки дар он вазифаҳо аз рӯи маслиҳати пешакии гурӯҳи Хрушёв, Маленков, Молотов ва Булганин бе музокираи тулонӣ Берия муовини якуми Раиси Совети Вазирони СССР ва вазири корҳои дохилии СССР таъин гардид. ВКД СССР акнун ду ниҳоди дар алоҳидагӣ амалкунанда-ВКД СССР (1946-1953) ва МГБ СССР (1946-1953)-ро дар худ муттаҳид сохт. Ба гуфтаи халқ Берияро худо дод.

9 марти соли 1953 Л.П. Берия дар ҷанозаи И.В. Сталин иштирок намуда, аз минбари Мавзолей дар митинги мотам сухан ронд.

Берия дар қатори Хрушёв ва Маленков яке аз муддаии (даъвогари) раҳбарии давлати СССР буд. Дар мубориза барои сарварӣ Берия ба мақомоти қудратӣ такя мекард. Аллакай, 19 март тамоми вазирони корҳои дохилии ҷумҳуриҳои бародарӣ иваз карда шуданд. Онҳо дар навбати худ звенои миёнаи худро иваз карданд…

Ҳамсафони доҳии коммунистони ҷаҳон Сталин аз Берия тарс доштанд. Аз ин рӯ, аз пайи нобуд кардани Берия шуданд. Ӯро 26 июни соли 1953 ҳабс ва 23.12.1953 парронданд.

Аз 5 март то 26 июни соли 1953 Берия шахси якум буд, чаҳор моҳ. Ба гуфтаи мардуми дарвозӣ: «Худо до, бо надо»…

 

Умари ШЕРХОН

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter