қисмҳои эҳтиётии автомобил, мошинсозии саноати савдо, истеҳсоли таҷҳизот барои корхонаҳои коғазу чӯбгарӣ ва маснуоти оҳану бетонӣ, коксу газ, комбинатҳои селлюлозаю коғаз, консерви моҳӣ ва ғайра.
Дар Калининград университет, институти техникии саноату хоҷагии моҳидорӣ, омӯзишгоҳи олии баҳрии муҳандисӣ, Институти тадқиқоти илмии атлантикии хоҷагии моҳидорӣ ва океанография, 8 мактаби миёнаи махсус аст.
Музеи кишваршиносӣ, театрҳои драма ва лӯхтак, маркази телевизион ва филармония мавҷуданд. Дар наздикии Калининград фароғатгоҳҳои иқлимии Светлогорск, Отрадное, Зеленоградск ва Пионерский воқеанд.
Воқеан Калининград (Кёнигсберг) соли 1255 бунёд ёфтааст.
Озодсозии Кёнигсберг
Озодсозии Кёнигсберг (Калининград) ба давраи сеюми Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1944- 9 майи соли 1945) рост омад. Ибтидои соли 1944 фронти СССР ва Германия мисли пештара фронти асосӣ ва ҳалкунандаи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ буд. Дар ин ҷо душман 198 дивизия ва 6 бригадаи қӯшунҳоро ҷамъ оварда буд, ки онҳо 4,9 млн аскар ва афсарон, бештар аз 54 ҳазор тӯпу миномёт, 5400 танк ва тӯпҳои штурм, 3 ҳазор самолёт доштанд.
Армияи Советӣ дар ин фронт 6165 ҳазор аскару афсар, 88900 тӯпу миномёт, 2167 дастгоҳи артиллерияи реактивӣ, қариб 4900 танк ва дастгоҳҳои худгарди артиллерӣ, 8500 самолётро гирд оварда буд.
Дар назди қӯшунҳои Армияи Советӣ вазифа меистод, истилогарони фашистӣ аз хоки СССР тамоман пеш карда, амалиётҳои ҷангӣ берун аз сарзамини мо гузаронда шавад. Армияи Советӣ моҳи декабри соли 1943 – апрели соли 1944 соҳили рости дарёи Днепрро озод, январ-март қӯшунҳои фашистии немисро дар назди Ленинград ва Новгород торумор намуд.
Моҳи апрели соли 1944 ба Қрим ҳуҷум сар шуд, ки он бо ғалабаи Қувваҳои Мусаллаҳи Советӣ анҷом ёфт. Моҳҳои июн - августи соли 1944 Финляндия шикаст хӯрда, 19 сентябр аз ҷанг баромад. Август-сентябр амалиёти Ясси-Кишинёв ба амал баровард шуд ва дар натиҷа Руминия шикаст хӯрд ва зидди Германия ҷанг эълон кард. Дертар Булғория низ ба муқобили Германияи фашистӣ ба ҷанг дохил шуд.
Охири соли 1944 Армияи Советӣ дар Германия, Норвегияи Шимолӣ ва Югославияи Шарқӣ амалиёти ҷангиро бомуваффақият ба амал баровард.
Моҳи июни соли 1944 ИМА ва Британияи Кабир дар Франсияи Шимолӣ фронти 2-юмро кушоданд. 6 - 10 апрели соли 1935 қӯшунҳои советӣ таҳти фармондеҳии Василевский шаҳри Кёнигсберг (Калининград) - ро озод карданд.
Феврали соли 1945 Конференсияи Қрим доир шуд. Моҳҳои январ-апрели соли 1945 ҳудуди Полша ва қисми зиёди Чехослования, Пруссияи Шарқӣ, Померания, Силезия, Будапешт, Вена аз фашистони немис озод карда шуд.
Пакти таслимшавӣ
16 апрел қӯшунҳои Фронти 1-ум (фармондеҳаш Г.К. Жуков), ва 2-юми Белоруссия (фармондеҳаш К.К. Рокоссовский) ва Фронти 1-уми Украина (фармондеҳаш И.С. Конев) амалиёти Германияро сар карданд. 25 апрел қӯшунҳои советӣ гурӯҳи ниммиллионии душманро муҳосира намуда, онро ба 2 қисм ҷудо карданд. Қисмҳои пешгард Фронти 1-уми Украина ба дарёи Элба баромада, 25-уми апрел, дар маҳали Торгау бо қӯшунҳои Армияи 1-уми амрикоӣ вохӯрданд.
Дар Берлин ҷангҳои шадид авҷ гирифтанд… 8-уми майи соли 1945 дар Карлсхорсти наздикии Берлин ба акти таслимшавии бечунучарои Германия имзо гузошта шуд.
9-уми май рӯзи иди умумихалқӣ – Иди Ғалаба эълон шуд.
Умари ШЕРХОН