«Тараққии капитализм дар Россия», «Чӣ бояд кард?», «Як қадам пеш, ду қадам ақиб», «Ду тактикаи сотсиал - демократия дар инқилоби демократӣ», «Материализм ва эмпириократизм», «Дафтарҳои фалсафӣ», «Империализм, ҳамчун марҳалаи олии капитализм», «Давлат ва револютсия», «Хатари таҳлука ва чораҳои пешгирии он», «Оё болшевикон ҳокимияти давлатиро нигоҳ дошта метавонанд?», «Вазифаҳои навбатии Ҳокимияти Советӣ», «Револютсияи пролетарӣ ва муртад Каутский», «Касалии бачагонаи «чаправӣ» дар коммунизм», «Дар бораи андози озуқа» ва ғайра.
Моҳият
Асарҳое, ки ном бурдем ин як қисмати ками эҷоди В.И. Ленин дар давраи пешазинқилобӣ ва аввали инқилобӣ мебошанд. Инҳоро дар оғози асри XX хуб мехонданд ва ба гуфтаҳои доҳӣ кор пеш мебурданд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ – давлати абарқудрати ҷаҳонӣ, албатта аз тарафи душманони дохилӣ ва хориҷӣ ва касратии хоинони давлат, ба вижа гаждумони зери бурё, ватанфурӯшони пулдӯстдор, либералҳои манфиатҷӯ ва муғризон хониш, омӯзиши асарҳои В.И. Ленин давраи муайян аз байн рафт. Ва акнун оҳиста-оҳиста дар гӯшаҳои гуногуни олам, албатта дар Россияи кунунӣ ба омӯзишу фаҳмиши осори безаволи Ленин аз назари нав -тоза менигаранд, меомӯзанд…
Бешак, дар ҳар як давраи таърихӣ, давлатдорӣ зиёдаравӣ, камбуду норасоиҳо ба назар мерасанд, ки ба ин ҷойи баҳс намемонад. Аммо кӯр ҳам медонад, ки имрӯз аз дастовардҳои даврони коммунистӣ, имрӯзиёни як давлати пеши пеши дунё баракат дида истодааст. Ё не?! Ана ҳамин хел… Аз ҳар як давраи таърихӣ, давлатдорӣ чизи хубашро ҳатмӣ бо худ бояд гирифт. Аз он баҳри беҳбуди рӯзгори мардум истифода бурд. Давлат бо халқ зинда асту халқ бо давлат. Ба ҷуз орзуҳои одамон, ки дар афсонаҳои халқӣ таҷассум меёбанд, аз рӯи Ҳақ бояд гуфт, ки давлати шуравӣ, ки асосгузораш В.И. Ленин буд, давлати фуқаропарвар дар давраи муайяни таърихист. Ҳич ҷои шаку шубҳа буда наметавонад…
Инкишоф
Дар асарҳои В.И. Ленин таълимоти Карл Маркс ва Фридрих Энгелс боз ҳам ҳаматарафа инкишоф дода шудааст. Биноан гуфта метавон, ки В.И. Ленин дар заминаи холӣ эҷод накардааст ва ӯ асос ҳам дошт. Вай назарияи марксистонро инкишоф дод. Ленин марксизм, ҳамаи қисмҳои таркибии он – фалсафа, иқтисоди сиёсӣ, коммунизми илмиро мутобиқи замони нави таърихӣ бо кашфиёту хулосаҳои муҳим ғанӣ гардонд…
Аз оғози асри XX марксизмро бе саҳме, ки Ленин дар инкишофи он гузоштааст, тасаввур кардан ҳич имкон надорад. Назарияи револютсионӣ, коммунистӣ ин марксизм-ленинизм мебошад. Давраи ленинии инкишофи марксизм бо солҳои ҳаёти Ленин маҳдуд нагашта буд. Ленинизм идомаи узвии марксизм, давраи нави олии он инкишофи он, таълимоти ягона, том ва мунтазам тараққикунандаи интернатсионалии синфи коргари байналмилалӣ аст…
Тадқиқ
Дар асарҳои Ленин тадқиқи минбаъдаи иқтисоди сиёсии марксистӣ мақоми авлавиятро ишғол мекунад. Доҳӣ масоили тараққиёти капитализмро дар Россияи подшоҳӣ аз назари илмӣ ҳаматарафа таҳлил карда, торафт тезу тунд шудани зиддиятҳои синфиро дар шаҳру деҳ нишон дод, нақши синфи коргарро чун гегемони инқилоби оянда, ки сиёсати иттифоқ бо оммаи васеи деҳқононро собитқадамона пеш мебарад, асоснок кард…
Баъди барқарор гардидани Ҳокимияти Советӣ қариб дар тамоми ҳудуди Россия ва аз ҷанг баромадани он барои мамлакат давраи дамгирии осоишта фаро расид. Вай ба Республикаи Советӣ имкон дод, ки қувваҳои худро ба иҷрои вазифаҳои ташкилӣ ва бунёдкорӣ равона созад…
Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки асарҳои Ленин дорои раҳнамои илмӣ – тавзеҳотӣ мебошад ва он муҳимияти худро то ҳанӯз гум накардааст…
Ин чанд сухани пареше буд, дар ёддошти зодрӯзи доҳии пролетариати ҷаҳон Владимир Илич Ленин, яке аз шахсиятҳои барҷастаи садаи бистум. Чунин як шахсият буд ва онро наметавон аз лавҳи хотир дур кард. Ман ин корро карда наметавонам, зеро аз баракати давлати Советӣ нон хӯрдаам. Дар мактаби миёнаи советӣ бепул хондаам, дар интернати давлатӣ бе пул зистам, бо ишками сер, дар як рӯз чаҳор маротиба ғизо хӯрдаву пӯшоки бе пул пӯшидаам, дар Университети давлатӣ бе пул хондаам. Ман фарзанди Ҳукуматам.
Умари ШЕРХОН