Қарори ҳамасола гузарондани ҷашни Якуми майро конгресси дуюми Интернатсионал, ки моҳи июли соли 1889 дар Париж доир шуда буд, қабул намуд. Ҳамин тариқ, ҳанӯз соли 1890 аввалин намоишҳои коргарӣ дар Австро-Венгрия, Белгия, Германия, Дания, Испания, Италия, ИМА, Норвегия, Фаронса ва дигар мамлакатҳо баргузор шуд. Дар Англия намоишҳои коргарӣ муваффақ гардид, ки он ба пирӯзии аввалини худ даст ёбад: рӯзи кории 8 - соата дар тамоми мамлакат таъмин гардид.
- Минбаъд ҳаракатҳои якуми майӣ пурра характери умумихалқии
зиддиимпериалистӣ гирифтанд. Доираи таҷлили он рӯз аз рӯз васеъ мешуд. Соли 1891 аввалин ҷашни Якуми май дар Россия – дар Петербург доир шуда, сипас дар дигар шаҳрҳо – Тула, Варшава, Лодзӣ, Қазон, Киев, Нижний Новгород, Тбилиси, Гомел, Харков ва ғайра босуръат паҳн шуд.
Ҳаракатҳои коргарӣ таҳти шиорҳои «Нест бод Ҳукумати истибдодӣ!», «Зинда бод ҷумҳурият!» гузашта, дар он садҳо ҳазорон коргарон иштирок менамуданд. Дар намоиши якумимайие, ки баъди инқилоби буржуазии февралии соли 1917 доир шуд, акнун мардум таҳти шиори «Ҳамаи ҳокимият ба Шуроҳо!» ба майдон баромаданд.
Ҳоло дар саросари кишвари Шуроҳо, ки дар асари иртиҷоъ пора-пора гардид, неруҳои сиёҳ кӯшиш доранд, ин ҷашни бедоркунандаи табақаи коргарро бо зӯрӣ пахш намоянд, то неруи синфи коргар аз халқ нуҳуфта бимонад…
Ба қавли ҳизбиёни воқеии ондавраина:
«Зинда бод Якуми Май – иди бедории заҳматкашони тамоми сайёраи Замин!».
Меҳнат
Чун ин ид – иди меҳнаткашон аст, ҷоиз донистем то чанд ҳикмате аз халқ ва шоирони тоҷик матлаби таҳти назарро тақвият бахшем:
Корро кӣ кард?
- Он ки тамом кард. (халқӣ),
***
Тобистон кӯшӣ,
Зимистон нӯшӣ. (халқӣ)
***
Чунон гуфт пири хирад борҳо,
Ки аз машқ некӯ шавад корҳо. (халқӣ)
***
Ба меҳнат тавон обрӯ ёфтан,
Ба илм панҷаи душманон тофтан. (халқӣ)
***
Тан беранҷ надидаст касе,
Ганҷи беранҷ надидаст касе. (халқӣ)
***
Ҳар ки нон аз амали хеш хӯрад,
Миннати Ҳотами Той набарад. (Саъдӣ)
***
Агар деҳқон нарезад дона дар хок,
Наёрад хӯшаи ӯ сар ба афлок. (Абдуллои Ҳотифӣ)
***
Агар хоҳӣ, ки ҳаргиз дарнамонӣ,
Ба даст овар ҳунар, то метавонӣ. (Абдулло Ҳотифӣ)
***
Ба олам ҳар касебекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад. (Садриддин Айнӣ)
Мартабаи кунунии ҷашн
Баъди барҳам хурдани Иттиҳоди Шуравӣ ва дигар гаштани сохти ҷамъиятӣ иди Якуми Май низ оҳиста-оҳиста моҳияти худро гум карда истодааст. Онро дигар мутантан, бо сафороӣ, бо плакату овезаҳо дар дасту шиорҳои бузург дар автомобилу чорчархаву дучархаҳо дар 1-уми Май аз хиёбону кӯчаҳо ба мисли мавҷи дарё равон намешаванд. Кунун ин тантана дигар гаштаасту замона дигар…
Ид муборак, меҳнаткашони азиз!
Умар Алӣ