Ин вазъият то соли гузашта идома ёфт. 8-уми майи соли 2022 якҷоя бо писарам Нуршод акси бобояшро барои хотирачорабинии “Полки абадӣ» омода мекардем. Он вақт аллакай хабар доштам, ки Вазорат мудофиаи Россия тасмим гирифтааст ба ифтихори 77 солагии Ғалаба санадҳои муайянро дастраси мардум гардонад. Бо умеди дарёфти маълумот дар интернет ному насаби Падарро дархост кардам. Ногаҳонӣ ин навбат саҳифаи тоза бо навиштаҷоташ кушода шуда, дар пеши назарам ордени “Шараф” бо ному насаби Падар ҷилвагар гашт. Вуҷудамро эҳсоси аҷиб фаро гирифт, ашк гулугирам мекард. Наход, баъди ин қадар солҳои кофтуковасрори таърихи бо мукофоти баланди ҷангӣ сарфароз гардидани Падар бароям ошкор шуда бошад?
Таърихи гирифтани ордени “Шараф”
Тибқи санади пешниҳодкардаи Бойгонии марказии Вазорати мудофиаи ФР старшинаи гвардия Буреев (Буриев) Атабай (Отабой) барои нишон додани шуҷоату матонат ва мардонагии шахсӣ ҳангоми набард бо фашистони истилогар,6.06.1945 бо ордени “Шараф” дараҷаи 2 сарфароз гардонида шудааст. Тафсилоти ҳодиса ва намунаи корнамоӣ дар варақаи мукофот бо дастхати командир дар шакли зайл маҳфуз аст:
“Старшинаи гвардия Буреев Атабай санаи 12.01.1945ҳангоми аз фашистон озод намудани шаҳри Келтсеи Полша дар ҷараёни амалиёти густурдаи Сандомир аз худ ҷасорату қаҳрамонии шахсӣ нишон дод. 2 маротиба алангаи танки аз тири душман оташгирифтаро хомӯш намуда, онро тарк накард ва аз пулемёти Танки Т34 ба самти фашистон тирпаррониро идома дод. Дар ин набард Буреев шахсан 1 пулемёт ва даҳҳо фашистро несту нобуд кард...”.
Баъди пешниҳоди посухи мусбат аз Вазорати мудофиаи Россияэҳсоси умедвориам дучанд гашт ва пардохтам ба ҷустуҷӯи иловагӣ. Дилам гувоҳӣ медод, ки кофтукови минбаъдаю дархостҳоям беҳуда нарафта, ҳатман самараи нек медиҳанд...
Хушхабар аз бойгонӣ
Инак, пас аз қариб 1 соли интизорӣ, моҳи марти соли 2023 аз Бойгонии марказии Вазорати мудофиаи ФР бароям пайгоми тозае расид. Аниқтараш, рӯйхати ҳайати шахсии полки таълимии танкӣ аз 22.01.1943 (186 АЗСП 43 А), ки дар он таҳти рақами 12 ному насаби Падар сабт шудааст. Ва бовар кунед, ин санади нодир туҳфаи бузурге барои аҳли хонаводаамон гардид. Дар рӯйхат тамоми маълумоти зарурӣ қайд карда шудааст:
Буреев Атабай, соли таваллудаш9.01.1918, миллаташ тоҷик, ихтисос то даъват: муаллим; даъват ба хизмати ҳарбӣ: 25.09.1939;макони даъват: Комиссариати ҳарбии шаҳри Чирчиқи Миёнаи вилояти Тошкент; суроғаи ҷойи истиқомат: вилояти Ленинобод, ноҳияи Ашт, деҳаи Ашт...
Мухтасар аз шарҳи Вазорати мудофиаи ФР: Дар солҳои вазнин ва мудҳиши ҶБВ маълумотро аксаран аз лафзи баёни худи сарбозон тартиб медоданд. Бинобар ин, вақти талаффуз ва навиштан ба хатоиҳои зиёд роҳ дода мешуд. Муҳим он ки ҳарду санади пешниҳоднамудаи Вазорати мудофиаи ФР нисбат ба Буреев Атабай далели қатъӣ ва исботи бебаҳси ҳақиқат аст.
Старшинаи гвардияи бригадаи 111, корпуси 25 танкии фронти 1-уми Украина Буреев Атабай 25.09.1939 ба хизмати ҳарбӣ даъват гардида, дар ҳайати 5 фронт– Шимолӣ-Ғарбӣ, Ғарбӣ, Брянск, Ҷанубӣ-Ғарбӣ ва Фронти 1-уми Украина ҷанг карда, дар озод намудани шаҳрҳои мухталиф, ба шумули Берлину Прага иштирок кардааст.
Мавсуф 20.03.1946 дар шаҳри Потсдами Германия аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудааст. Билохира, шумо ҳақиқатро дарёфтед. Буреев Атабай ва Буриев Отабой ҳарду як шахс мебошад. Ифтихор кунед аз Падари худ, ки ӯ воқеан марди асил, ватанпараст ва қаҳрамон аст...
Вақте ки маълумоти бойгониро бо қайдҳои дар китобчаи «Аскари сурх»-и Падар («Красноармейская книжка») дарҷёфта муқоиса намудам, ҳамаи факту рақамҳо ва асноди хизматӣ тасдиқи пурраи худро ёфтанд.
Қазияи пайдо шудани хатоӣ дар ному насаб
Аҳли оила қаблан андеша доштем, ки дар давраи ҷанг ному насаби Падар хато сабт гаштааст. Омӯзиши дақиқи санадҳои бойгонӣ ва хотираҳои хешу табори наздик нишон доданд, ки дар асл он ғалат набуда, балки дуруст аст!
Аз нақли хоҳари Падар раҳматии аммаам Лутфиниссо:Номи Отабой аслан Атобой буда, 09.01.1918 дар деҳаи Ашт таваллуд шудааст. Падару модарам ӯро Атобой, ҳадяи Худованд мегуфтанд. Дар хона бисёр вақт бо меҳрубонии хоса бародарамро Атоҷон ҳам ном мебурдем. Дар кӯдакӣ аз падару модар ятим монда, сахт азоб кашидем. Атобой дар деҳаи Ашт, дар хонаи тағоямон калон шуд. Сипас дар 12 - солагӣ ба назди мо ба ҷамоати Тойтепаи ноҳияи Чирчиқи вилояти Тошканд омад. Зеҳнаш бисёр тез буд. Дар омӯзишгоҳ касби муаллимиро пеша кард.
Моҳи сентябри соли 1939 аз Чирчиқ ба хизмати ҳарбӣ даъват гардид. Дар Шарқи Дур хизмат мекард. Тирамоҳи соли 1941 аз ҳамон ҷой ба ҷанги зидди фашистон сафарбар шуд. Хушбахтона, баъди 7 соли хизмат, соли 1946, Атобой аз ҷанг зиндаву саломат ба деҳаи Ашт баргашт. Ҷавони хеле хоксору одӣ, камгап, ҷиддӣ, вале нотарс буд. Худтаърифкуниро хеле бад медид...
Соли 1948 дар Ашт бо Норинисо (худо раҳматаш кунад) оила барпо карданд. Азбаски дар он солҳо ба масъалаи ному насаб он қадар аҳамият намедоданд, бародарам низ аз пайи ислоҳи хатогӣ нашуд. Ғайр аз ин, Атобой узви ҳизби коммунист ва иштирокчии ҷанг, ки буд, мардуми ҳангоматалаб метавонистанд даъвояшро барои дарёфти ҳақиқат ҷиҳати тағйири ному насаб, дигар хел маънидод кунанд. Ана бо ҳамин сабабҳо номи Атобой Отабой шуду дар ҳуҷҷатҳои шахсӣ дарҷ гардид...
Аз нақли Наимҷон, писари калонии Атобой: Раҳматии модарам Норинисо мегуфтанд, ки падарат Атобойро вақти директори мактаби миёнаи деҳаи Оби Ашт шуда кор карданаш, бо баҳонаи ночизи камбудии парвариши пахта дар ҳақаш туҳмат карда, қариб аз партия хориҷ намоянд. Атобой маҷбур ба котиби дуюми ҳизб шикоят мекунад, ки ин буздилҳо чи ҳақ доранд мани фронтовикро аз партия хориҷ кунанд...
Бо дахолати ана ҳамон мардаки рус Атобой дар ҳизби коммунист боқӣ монд. Сонитар маълум шуд, ки ин корро як гурӯҳ бахилон, аз ҷумла дар байнашон баъзе сокинони маҳаллаи худамон низ буданд, ташкил кардаанд. Аҷоиботи кор дар ин буд, ки Атобойро ҳоло аз вазифаи директорӣ нагирифта, аллакай ба ҷояш дигар одамро аз ҳисоби ҳамун туҳматчиҳо тайёр кардаанд. Онҳо фақат тавонистанд Атобойро ба деҳаи Қирқудуқ (ҳозира “Ифтихор”-и ноҳияи Ашт) “бадарға” кунанд. Роҳ вазнину хатарнок, даруни қамишзор пури гургу дигар ҳайвонҳои ваҳшӣ буд. Атобой дар китф камон, бо мотосиклаш аз деҳаи Ашт ба Қирқудуқ рафта, муаллимӣ мекард.
Пас аз чанд вақт ҳақиқат рӯи об баромад. Ҳамаи онҳое, ки дар сиёҳкунии Падар даст доштанд, маълум шуданд. Худи сардори туҳматчиҳо, яке аз роҳбарони вақти ноҳия бо номи Д. аз Атобой бахшиш пурсида, ӯро дубора ба ҷойи кори пештарааш дар деҳаи Ашт барқарор намуд...
Дар чунин вазъияти ҳассос Падар наметавонист барои ба асл баргардондани ному насабаш даъво кунад. Дар пайи гирудори зиндагӣ тақдири ордени “Шараф” низ муваққат фаромӯш шуд. Ва чун дархостҳо бо ному насаби Буриев Отабой равон мешуданд, аз бойгонии ВМ ФР посухи якранг меомад:
Ба ин ному насаб фалон ордену медал дода шудааст...
Ниҳоят, баъди 77 сол, бо додани иҷозат барои ифшои баъзе санадҳои Бойгонии марказии ВМ ФР, имконият пайдо кардам оид ба роҳи ҷангии Падар маълумоти иловагии дақиқ, бебаҳс ва тақдирсоз дастрас намоям.
Дорандаи орденҳои “Шараф”, Ҷанги Ватанӣ, Барои Ғалаба бар Германияи фашистӣ дар ҶБВ ва медалҳои зиёд, собиқадори меҳнат Буриев Атобой баъди беш аз 40 соли фаъолияти омӯзгорӣ дар деҳаҳои Ашт, Оби Ашт, Пискокат ва Қирқудуқи ноҳияи Ашт 80 соли умри бобаракат дида, соли 1998 дар деҳаи Ашт вафот кард. Дар зиндагии якҷоя бо ҳамсари худ Норинисо 8 фарзандро ба воя расонида, соҳиби маълумоту оиладор намуданд.
“Обрӯю эътибори муаллим Буриев пеш аз ҳама, ба фурӯтанӣ ва хоксорию таҳаммулпазирии он кас рабт дошт. Коммунисти матинирода, шахси дилсофу адолатпараст буданд”, ёдоварӣ мекунанд шогирдони Падар.
Аҳли башар дар остонаи 78-умин солгарди пирузӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қарор дорад. Ҷанги мудҳишу хонумонсӯзе, ки дар рафти он бо шарофати матонату мардонагии Буриев Атобой барин фарзандони сарсупурдаи Ватан, қувваҳои аҳриманӣ натавонистанд бар озодиву истиқлол, ободиву осудагии халқи шуравӣ дастболо шаванд. Бешак, ин корнамоиҳо барои насли ҷавон ифтихори бузург буда, ҳамчун намунаи ибрати шоиста маҳсуб мешаванд.
Ниҳоят бароям муяссар гашт, ки таърихи чи тавр бо ордени “Шараф” сазовор шудани Падар, инчунин сабаби дар ному насаби ӯ ба вуҷуд омадани хатоиро ошкор ва ҳақиқатро пойдор созам. Вале итминони комил дорам гиреҳи нокушодаи масири тайкардаи Падар дар ҷабҳаҳои ҷанг бо ҳамин хотима нахоҳад ёфт. Дар таҳхонаҳои сарду бузурги Бойгонии марказии Вазорати мудофиаи ФР то ҳол ҳуҷҷатҳои пӯшида зиёданд ва ҳатман бо мурури вақт онҳо пешкаши омма мешаванд. Бо мақсади гиромидошти хотираи неки Падар ва зинда нигоҳ доштани номи бузургаш ҷустуҷӯро идома хоҳам дод. Мо метавонем!
Нозири Ато,
н.Ашт,
махсус барои нашрияи мардумии СССР