ХАБАРИ ДОҒ

 

Мухтасар аз «смерть шпионам!»

(«Марг ба ҷосусон»).

Унвони як қатор ташкилоти зиддиҷосусӣ

Дар СССР, дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳон

(таъсис 19.4.1943 – баста шуд 4.5.1946).

*Смернеш («смерть немецким шпионам») Ё…

 Пешниҳоди – аббревиатураи ниҳоди контрразведка бо унвони СМЕРНЕШ («Марг ба ҷосусони немис!») аз тарафи Сталин қабул нашуд. Иосиф Виссарионович ба таъкид гуфт, ки гап танҳо дар бораи ҷосусони немис намеравад. Дар ҳудуди давлати мо разведкаи давлатҳои дигар низ «мечаранд». Одӣ онро СМЕРШ («Марг ба ҷосусон!») меномем. Ин гуфтаи Сталин мантиқ дошт ва ҳозирин онро пазируфтанд. Ҳамин тавр, 19 апрели соли 1943 бо қарори махфии Совети комиссарони Халқи СССР таҳти рақами 415-138 сс дар заминаи Раёсати шуъбаҳои махсуси НКВД СССР ташкил карда шуд:

Раёсати асосии контрразведкаи «СМЕРШ» - и Комиссариати халқии мудофиаи СССР, сардор – комиссари бехатарии давлатии дараҷаи 2 В.С. Абакумов.

Раёсати контрразведкаи «СМЕРШ» - и Комиссариати халқии Флоти ҳарбӣ - баҳрии СССР, сардор – комиссари бехатарии давлатӣ П.А. Гладков.

15 майи соли 1943 дар асоси қарори мазкур, барои хизматрасонии ҷосусӣ - оперативии қӯшунҳои сарҳадӣ ва дохилӣ, милитсия ва дигар қисмҳои мусаллаҳи Комиссариати халқии корҳои дохилӣ бо фармони НКВД СССР таҳти рақами 00856 ташкил карда шуд:

Шуъбаи контрразведкаи «СМЕРШ»-и НКВД СССР, сардор - комиссари БД С.П. Юхимович.

Ин се сохтор қисмҳои контрразведкавии мустақил маҳсуб меёфтанд ва онҳо танҳо ба роҳбари ниҳодҳои номбаршуда итоат мекарданд. Раёсати асосии контрразведкаи «СМЕРШ» дар КҲМ рост ба комиссари мудофиа Сталин итоат мекард. Ҳамин хел ОК «Смерш» дар КХФҲБ ба комиссари флот Кузнетсов, шуъбаи контрразведкаи «Смерш» дар КҲКД бевосита ба комиссар Берия итоат менамуданд.

Бо гузашти қариб 80 сол мулоҳизаҳои баъзе муҳаққиқон дар бораи он ки Берия ва Абакумов сохтори «Смерш»-ро бо мақсади тафтиши дутарафа истифода мебурданд, бо ҳуҷҷатҳо аз сарчашмаҳои бойгонӣ тасдиқи худро наёфтаанд…

 Мақсад аз таъсиси «СМЕРШ»

Ҳанӯз соли 1941 Сталин қарори Комитети давлатии мудофиаи СССР-ро дар бораи тафтиш – филтратсияи (полоиш)-и аскарони Армияи Сурхи дар асоратбуда дар иҳотаи қувваҳои душманафтодаро имзо карда буд.

Ба ҳамин монанд қоида дар муносибати ҳайати оперативии мақомоти бехатарии давлатӣ низ роҳандозӣ гардид. Филтратсия (полоиш)-и аскарон бо мақсади дар байни онҳо ошкор намудани хиёнаткорон, ҷосусон ва сарбозони фирорӣ буд.

Бо қарори Шурои комиссариати халқӣ аз 6 январи соли 1945 дар назди штабҳои фронтҳо шуъбаҳо оид ба корҳои репатриатсия (одамоне, ки аз хориҷа ба ватани худ бозгашта ё баргардонда шуда бошад) амал доштанд, ки дар кори онҳо кормандони «Смерш» иштирок мекарданд. Барои қабул ва тафтиши шаҳрвандони советӣ, ки дар ҳудуди қаблии таҳти назорати қӯшунҳои фашистӣ дастгир шуда, маъмурияти истилошудаи Рейхи сеюм ва кунун аз тарафи Армияи Сурх забт гардида, пунктҳои ҷамъшавӣ ва роҳи кардани бандиҳо созмон ёфтанд…

 

Муҳимияти «СМЕРШ»

Оё ташкил кардани чунин як ниҳод зарурат дошт, мепурсанду ҳадс мезананд имрӯз ҳам гаҳу ногаҳ ашхоси гуногун. Мегӯем бале, асос дошт ва дар ҳамон солу замон бунёди идораи зиддиҷосусӣ зарур ва ҳатмӣ буд. Чун Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 барои СССР маргбор омада буд, кашф ва маҳв накардани хиёнаткорон ва ҷосусон хатари азимеро ба бор меовард.

Бунёди ниҳоди мазкур кашфи Сталин набуд. Чунин амал ва муносибат дар рафти таърих аз аҳди қадим, давлатдориҳо ва лашкаркашиҳо буданд. Ин амал ҷойи баҳс надорад, зеро то инсоният ҳасту давлату давлатдориҳо, ҷангу ҷидолу лашкаркашиҳо чунон хоҳад монд.

Барои Иттифоқи Советӣ дар айни ҷӯшу хуруҷи Ҷанги Бузурги Ватанӣ зарурат пеш омад ва чунин як ниҳод – СМЕРШ дар соли сеюми ҷанг – моҳи апрели соли 1943 созмон дода шуд. Ва ин ташкилот ҳамагӣ 37 моҳ амал карда, 4 майи соли 1946 аз байн рафт.

Баъдан, дар сурати таҳдиди хатар ба дилхоҳ давлат, ҷангҳо чунин тарзи амал роиҷ мегардад, чун хиёнату хиёнаткорӣ, душманони худӣ, буздилону ҳасудон, ватанфурӯшон ҳама давру замон буданд. Нафароне низ ёфт мешаванд, ки бо чанд доллару фунт дилхоҳ кас, зодбум – ватани худро мефурӯшанд.

 

Аз саҳфаҳои «СМЕРШ»

* Душмани асосии «Смерш» - абвер (хадамоти разведка ва контрразведкаи немисӣ) буд.

* Хизмат дар ҳайати оперативии «Смерш» басо хатарнок буд. Ба ҳисоби миёна оперативник (корманди амалкунанда) 3 моҳ хизмат мекард. Баъди он бо сабаби ҳалок шудан ва ё захм бардоштан аз саф берун мегашт.

* Танҳо дар давраи ҷангҳо барои озодсозии Белоруссия 236 нафар кормандони «Смерш» ҳалок шуда, 136 нафар контрразведчикҳои ҳарбӣ бедарак гаштаанд.

* Нахустин контрразведчики фронтии бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сарфарозгашта лейтенанти калон П.А. Жидков (пас аз марг) буд.

* Солҳои 1941-1945 мақомоти советӣ доманаи 700 ҳазор нафар одамонро ҳабс кардаанд, ки аз ин ҳисоб 70 ҳазор нафар парронда шуд.

* Тариқи корҳои филтратсионии «Смерш» якчанд миллион нафар одамон аз тафтиш гузашта, чоряки онҳо қатл шуданд. 

* Дар давраи ҶБВ 101 генералу адмирал ҳабс шуда, аз ин миён 12 нафар ҳангоми тафтишот фавтидаанд. Бегуноҳии 8 нафар исбот ва озод гаштанд. 81 нафарро Коллегияи ҳарбии Суди Олии СССР ва машварати махсус маҳкум карда, ба ҳабс кашиданд.

* Ҳамагӣ дар давраи ҶБВ чор корманди «Смерш» (ҳама пас аз марг) бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мукофотонда шудаанд».

. лейтенанти калон Пётр Анфимович Жидков.

. лейтенент Григорий Михайлович Кравсов.

. лейтенант Михаил Петрович Кригин.

. лейтенант Василий Михайлович Чеботарёв.

Ҳайати дастгоҳи марказии Раёсати давлатии контрразведкаи Комиссари халқии мудофиа аз 646 нафар иборат буд…

 

Наҳзанӣ

Албатта дар сафи чунин як ниҳоди калидӣ нафарони ноаҳл, аз ҳадди эътидол гузаранда, ифроткору қасдгирҳо низ ҷой доштанд. Аз ин рӯ, ноадолатиҳо рух додаанд, инро наметавон инкор кард.

Баъди ғалаба бар Германияи фашистӣ ва милитаристони Япония «Смерш» фаъолияташро соли 1946 қатъ кард. Ба қавле ин ташкилот миссияи худро ба сомон расонд. Ва муддате мардум нафаси тоза кашид.

Бо интихоб шудани Никита Хрушёв ба вазифаи котиби якуми КМ КПСС ӯ тамоми ғаразҳоро рӯ занонд. Оташи бадгӯӣ, наҳзании роҳбарияти давраи ҷангии СССР, ревизияи фаъолияти Ҳукумати советӣ ба ҳадди ифрот расид.

Ҳангоми дар сари маснад будан Л.И. Брежнев, Котиби генералии КМ КПСС муносибат ба давраи зафарёрон тағйир ёфт. Паради ғалаба дар Москва барқарор, 9-уми май рӯзи истироҳат эълон шуд. Танҳо нафарони муғриз аз бадгӯӣ намонданд. Душманони хориҷӣ ҳамоно бадгӯиҳо, полоишҳои давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва дурӯғгӯиҳои хешро тақвият мебахшиданд.

Пас аз пареш хӯрдани СССР, оғози солҳои 90-ум ва ба сари қудрат омадани Б. Елсин ва либералҳо, бепарвоёну мусолиҳакорони қаламрав майдонро холӣ дарёфта ҳишта гирифтанд. Қариб, ки аз хурсандӣ шодикаф шуда, бо тамоми қувва ба наҳзаниву бадгӯиҳо даст заданд. Дар ин миён ба унвони «Смерш» низ бофтаҳо, туҳмату пастзаниҳо авҷ гирифт…

Кунун вазъ дар он ҳудуд таи 4-5 соли охир дигар шудан дорад. Инак ҳуши бисёриҳо ба сар омад. Бисёриашон аз наҳзаниҳо даст кашида, тибқи таҳқиқ ба хулоса расиданд, ки ағлаби корҳои давраи советӣ, таблиғу сиёсаташ беҷо набудааст. Кӣ гуфтааст, ки давлат бе сиёсат устувор мемонад.

Оқибат ба хайр бод!

 

Умари ШЕРХОН

   

 

  

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter