Таҳияи нақшаи «Барбаросса» таҳти роҳбарии генерал Ф. Паулюс 21 июли соли 1940 оғоз шуда, 18 декабри соли 1940 Сарфармондеҳи олии Вермахт (Қувваҳои мусаллаҳи Германияи фашистӣ) онро тасдиқ кард. Тибқи он қувваҳои асосии Армияи Сурх ғарбтари дарёҳои Днепр ва Двинаи Ғарбӣ бояд босуръат торумор шуда, ҳатто ба онҳо фурсати (имкони) ақибнишинӣ додан лозим набуд.
Дар 8 шабонарӯз лашкарҳои немисӣ бояд ба сарҳади Каунас, Барновичи, Лвов, Могилёв – Подолск расида, пас аз 20 шабонарӯзи ҷанг ин ҳудудҳоро забт намуда, ба сарҳади дарёи Днепр (ҷанубтари Киев), Мозир, Рогачёв, Орша, Витебск, Великие Луки, ҷанубтари Псков ва Пярну мебаромаданд.
Пас аз ин амалиётҳо ба лашкарҳо 20 рӯз истироҳат дода мешуд. Дар рӯзи 40-уми ҷанг қисмати дуюми ҳуҷум тарҳрезӣ ва тибқи он Москва, Ленинград ва Донбасс пешбинӣ шуда буд.
Хатти охирини ҳуҷум аз рӯйи нақшаи «Барбаросса» Архангелск –Волга - Астрахан муайян карда шуд. Давомнокии тахминии муҳорибаҳои асосии ҳарбӣ 2-3 моҳ пешбинӣ шуда буд (ба ном стратегияи «Барқосо», немисӣ Blitzkrieg).
Дар нақшаи «Барбаросса» вазифаҳои гурӯҳҳои артишҳо, тартиби мувофиқати байни ҳамдигар ва артиши иттифоқчиён, ҚҲҲ ва ҚҲБ муфассал нишон дода шудаанд. Ба нақшаи «Барбаросса» баъзе ҳуҷҷатҳо оид ба вазъи Қувваҳои мусаллаҳи СССР, дастур оид ба паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, ҳисоби вақт барои гузарондани амалиётҳо, нишондодҳои махсус ва ғайра замима шуда буданд.
Дар дастури №21, ки аз ҷониби Гитлер имзо шудааст, санаи ҳуҷум ба СССР нахуст 15 майи соли 1941 буд, лекин бо сабаби ҷалби қисми лашкарҳои Вермахт дар амалиётҳои нимҷазираи Балкан (амалиёти Югославия, амалиёти Юнон), санаи навбатии ҳуҷум ба СССР 22 июни соли 1941 муайян карда шуд.
Журналист
Илза Штёбе нахуст дар Чехословакия, пас дар Полша ҳамчун журналист ба фаъолият пардохт. Ин бонуи дилрабо дар зеҳн идеяҳои коммунистиро мепарварид. Маҳз мавқеи зиддифашистиаш заминае гашт, то вай бо журналисти немис Рудолф Гернштадт, ки дар Полша масруфият дошт, қаробат пайдо намояд.
Ӯ дар гӯшаи хаёл надошт, ки Рудолф дар асл резидент (намояндаи разведкаи як давлат дар давлати дигар, ки ба разведчикони он ҳудуд роҳбарӣ мекунад) -и СССР дар Аврупои Шарқӣ аст. Рудолфи зирак кунҷкобӣ, лаҳни хуш, чолокиву нотарсӣ ва қобилияти духтари хушрӯро дарк карда, ӯро ба кори разведка ба манфиати давлати советӣ ҷалб намуд. Илза таклифи Рудолфро бе ягон дудилагӣ, ҳамчун имкони муносиб барои амалисозии ақидаҳои зиддифашистиаш пазируфт. Пайвастани бонуи дилёбу зирак ба сафи разведчикҳои советӣ ба кори ин ниҳод дар Аврупо неруи тоза зам кард.
Разведчики маъруфи советӣ Яков Бронин он овон дар хусуси Илза Штёбе ба чунин маънӣ гуфта буд, ки Илза бо мо аз рӯйи эътимоду эътиқод пайваста аст. Илза ба симати котибаи сармуҳаррири нашрияи «Берлинер Тагеблатт» Теодор Волф масруфият дошт. Дар доираи кормандони нашрия алоқааш устувор набошад ҳам, аммо бо сармуҳаррир муносибати хуб дошт. Волф ба ӯ боварӣ дорад ва ҳатто масоили мубрам, мавзуҳои махфиро аз Илза пинҳон намекард.
Узви ҳизби миллӣ – сотсиалистии коргарӣ
Нақша ва ё андешаи шахсии Илза буд ва ё тавсияи дӯстони иктишофтарош, ки вай дар андешаи мустаҳкам намудани мавқеи худ шуд. Барои амалӣ намудани нақша, барои соҳиби вазифаи нақшгузор ва устувориаш рост омад, ки ба Ҳизби миллӣ – сотсиалистии коргарии Германия шомил гардад. Бо ба сари қудрат омадани Гитлер ва солҳои роҳбарии ӯ ҳизби мазкур дар Германия мавқеи авлавият ва мустаҳкамро молик гашт. Бо узви ҳизби миллатгарои фашистӣ шудан, доираи фаъолияти Штёбе доман густурд. Илза кунун бо номи рамзии «Арним» ба разведкаи советӣ хизмат мекард. Маълумотҳои басо муҳим ба Москва, ба қавле дар парвоз мешуданд.
Масъули соҳаи фарҳанги ҳизб…
Дар ибтидои солҳои 30-юми асри XX Илза Штёбе ба таври расмӣ, ҳамчун журналист дар чандин нашрияҳои бонуфузи Аврупо фаъолият пеш мебурд. Пешаи муносиб ба вай имкон фароҳам овард то ба ашхоси касбу кори гуногун аз наздик ошно шавад. Ба доираи таҳти назари ӯ, ҳамчунон фармондеҳони низомии Германияи фашистӣ низ шомил буданд.
Соли 1934 роҳбарияти Ҳизб бо бовар ба истеъдоду қобилият Илзаро масъули соҳаи фарҳангии ҳизб дар Варшава таъин намуд. Ин вазифа ба мавсуф имкон дод то ба доираи васеи завҷаҳои хизматчиёни воломақоми атрофиёни Гитлер ва дипломатҳо қаробат пайдо намояд. Бо истифода аз дилёбӣ, муносибати хуш ва ошноӣ аз завҷаҳои аҳли дарбор маълумотҳои сиррӣ ба даст оварда, ба Москва хабар медод.
Ағлаби ашхоси соҳибмансаби ҳукумати Полша чусту чолокӣ, дилрабоиву кунҷкобии ӯро мушоҳида намуда мегуфтанд, ки ин хонум фашисти айёрест. Он замон Полша ҳанӯз таҳти назорати Германияи фашистӣ набуд. Ҳукуматдорон борҳо кӯшиданд то хонуми айёрро аз кишвар бадар кунанд, аммо кӯшишҳояшон барҳадар мерафт. Ва ҳар бори кӯшиши берункунии журналисти қобил, мартабаи Илза дар Берлин ба маротиб меафзуд. Мегуфтанд, ки дар Полша барои хеле моҳирона иҷро кардани вазифаҳояш ӯро аз он ҷо берун карданианд.
Рудолф Хубер
Ба гуфтаи наздикону ҳампешаҳо ба ҷуз маҳорати касбӣ – журналисти моҳир будан, Илза ҳамчунон бонуи зебо ва дилбар буд, ки дар як зум дилхоҳ мардро метавонист ба доми хеш афганад.
Соли 1936 ҳангоми баргузории Бозиҳои олимпӣ дар Берлин Илза бо сармуҳаррири яке аз нашрияҳои бонуфузи Швейтсарӣ Рудолф Хубер ошно шуд ва ин дӯстӣ ба хонадоршавии онҳо анҷомид. Аммо хушбахти оилаи ҷавон дер давом накард. Соли 1940 Рудолф аз дунё гузашт ва аз рӯйи васият вай ҳамаи дороияшро ба завҷааш ба мерос монд. Пайвандони Рудолф қиём бардошта, аз пушти сунҳорашон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Швейтсария арз намуданд. Онҳо иддао доштанд, ки Илза разведчики Полша аст. Ба хотири ошкор нашудан Илза аз мероси ҳамсараш даст шуст.
«Ориёӣ»
Сарфи назар аз мушкилоти рӯзгор фаъолияти журналистӣ ва ҳизбиашро дар Германия идома дод. Маҳз дар ҳамин рӯзҳо Илза яке аз кормандони масъули Вазорати корҳои хориҷии Германия Рудолф фон Шелиаро ба кори иктишофӣ ба манфиати СССР ҷалб сохт. Ба дипломати воломақом номи рамзии «Ориёӣ» доданд. Ва ӯ бо ҳамин унвон дар саҳифаи разведкаи советӣ сабт ёфт. Акнун «Ориёӣ» ба Илза маълумотҳои сиррии нодирро пайдо мекард.
Аввали солҳои 40-ум журналист ва иктишофгари беҳамто Илза Штёбе бо мусоидати «Ориёӣ» дар Вазорати корҳои хориҷии Германия соҳиби ҷойи кор шуд. Бо имкони шароити мусоид акнун «Арним» ҳамчун масъули хадамоти матбуотии Вазорат маълумотҳои арзишмандро дар хусуси нақшаҳои душманон ба ҷониби СССР хабар мерасонд.
Охири соли 1940 «Ориёӣ» ба Илза маълумоти басо пурқимати сиррии Германияро, ки дар он вақту соати ҳамлаи мусаллаҳонаи қувваҳои мусаллаҳи Гитлер ба СССР зикр ёфта буд, дастрас намуд…
Бо ҳарчи наздик расидани вақту соати ҳуҷум ба СССР, рӯз аз рӯз вазъият дар Берлин хатарзо мегашт. Кор бурдан дар чунин шароити хавфнок барои иктишофгарон низ мушкил гашта буд ва ба онҳо хатар таҳдид мекард. Илза маълумотҳоро дар зарфи чанд моҳ тадриҷан бо усули кори иктишофгарон ба Москва ирсол менамуд. Ин ҳамон нақшаи «Барбаросса»-и Гитлер буд, ки мувофиқи он Германияи фашистӣ 22 июни соли 1941 ба СССР зарбаи ногаҳонӣ мезад.
Қатли «Арним»
Бо ҳуҷуми Германияи фашистӣ ба давлати Советӣ ва оғоз шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам дар Москва ва ҳам дар доираи разведкаи Аврупо як навъ бесарусомонӣ ва нокомиҳо пай омад. Разведкачиёни «худиву бегона», ки дар Аврупои Шарқӣ, бахусус дар Германия фаъолият доштанд, дар моҳҳои аввал бе алоқа монданд. Кӯшишҳои Илза барои барқарор кардани алоқаҳои пешина бенатиҷа монд.
Маҳз дар ҳамин давраи нобасомониҳо фашистон фаъолияти ҷосусии Илза Штёберо ошкор сохта, ӯро 12 сентябри соли 1942, дар рӯзи тӯйи арӯсиаш ҳабс карданд. Шаби 23 ва 24-уми декабри соли 1942 гитлерчиён разведчики советӣ – Илза Штёберо дар 31- солагӣ ба қатл расонданд. Ҳамин хел як риштаи дурахшони разведкаи СССР бо ҳалокати «Арним» гусаста шуд.
Пас аз ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 қисме аз корномаи иктишофгарони советӣ бо мурур расонаӣ шуд, аммо аз фаъолияти қисме аз разведчикон то ҳол муҳри тамоман махфӣ бардошта нашудааст. Ба ҳар сурат имрӯз миқдори зиёди иктишофгарони далерро, ки дар ғалабаи СССР бар Германияи фашистӣ саҳми босазо гузоштаанд, медонем. Илза Штёбеи нозанин, журналисти пурҳунари олмонӣ яке аз ҷоннисорон буданд.
Умари ШЕРХОН