Хуб аст, ки ҳоло ҳам бо гузашти қариб 80 соли ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 аз корномаи сарбозони диловар ёд меоранд. Дар ин муддат, дар гӯшаву канори мамлакат бобати ҷоннисориҳои ҳар яке аз 300 ҳазор ҷавонмарди тоҷикистонӣ, диловарии онҳо дар набардгоҳҳои он ҷанги хонумонсӯз сатре чанд нигошта шудаасту боз ҳам менависанд. Ба назар мерасад, ки гӯё аз диловарию матонат, бунёдкориву заҳматҳои шабонарӯзии мардони майдон, ҳамаро ба зевари табъ кашидаем, аммо дар асл чунин нест. Ҳоло ҳам кам гуфтаему боз гуфтан – навиштан ҳатмист.
Чиҳил соли расост, ки банди ин мавзуъро раҳо накардаам ва пайваста аз корнома, рӯзгори омӯзандаи қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ менависаму хотири диловарони Ватанро гиромӣ медорам. Дар бораашон китоб низ навиштаам, матолиби зиёдеро оид ба ин мавзуъ дар маҷаллаву рӯзномаҳо ба нашр мерасонам. Бо шунидан, дидан ва дарак ёфтан аз корномаи сарбозе болида мегардам ва аз пайи зикри ному диловариҳои онон мекӯшам...
Чанд рӯз пеш рӯзноманигор, дизайнери шинохта Юсуф Дӯстов мужда гирифт, ки баротон як қаҳрамон ёфтам, дар бораашон менависед? Гуфтам, ба чашм.
ФАЙЗУЛЛО ҚУДРАТОВ
Зодаву парвардаи кишвари офтобрӯяи Тоҷикистон, 15 июни соли 1912 дар деҳаи зебоманзари Шаватки Поёни ноҳияи Айнӣ, дар оилаи марди кӯҳистонӣ дида ба дунё кушудааст. Акнун ба 15 қадам ниҳода буд, ки аз падару модар маҳрум монд. Файзуллои ятим ба назар дар як зум гӯё марди солору мустақил гашт.
Вай солҳои 1928 – 1930 дар зодбум таҳсили ибтидоиро фаро гирифт. Ҳукумати давр дар ин айём Файзуллои неруманд – комсомоли ғаюрро бо дастае баҳри мубориза бар зидди ноаҳлони ҳукумати нав – душманони синфӣ ба водии Яғноб сафарбар намуд.
Файзулло дар ин росто ба қавли шоир ҷон ба ҷони кишвар монд ва зафар ёфт. Ӯ, ҳамзамон, дар таблиғу роҳандозии нақшаҳои ҳукумати нав, дар кӯҳистон меҳнат кард. Дар раванди таҳкими мактабу маориф, созмон додани мактабҳои типи нав кӯшиш ба харҷ дод. Дар ин миён ҷавони қобилу уҳдабаро Файзулло Қудратов ҳамчун директори мактаб дар рустои Киренте ифои вазифа намуд.
ФАРХОР
Заҳмати софдилона, дониш ва қобилияти баланди омӯзгори умедбахшро ба назар гирифта, ӯро ҳамчун методисти шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ хонданд. Ба гузашти чанд муддат ӯро ба шаҳри Сталинобод даъват карданд. Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон ҷавони ташкилотчӣ ва ботаҷриба Файзулло Қудратовро соли 1936 мудири маорифи ноҳияи Фархори вилояти Кӯлоб таъин намуд.
Ӯ чаҳор сол бо мардуми меҳнатдӯсту заҳматкаши диёри диловарон дар бунёди мактабу маориф саҳм гузошт. Наврасону ҷавонони кӯҳистониро ба мактаб ҷалб сохт. Шогирдони зиёдеро болу пари тоза бахшид. Роҳбарияти ноҳия ва соҳаи маорифи вилоят аз фаъолияташ қаноатманд буданд. Муаллим ба шогирдони хеш талқини омӯзиш мекард ва бо як байти Абдураҳмони Ҷомӣ гуфтаҳои хешро тақвият мебахшид:
Зи дониш шавад кори гетӣ соз,
Зи бедонишӣ кор гардад дароз.
ДОРУЛМУАЛЛИМИНИ ТОШКАНД
Ҳукумати давр ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонони қобилро дар нақша дошт ва аз рӯи он иддае аз фаъолонро ба хондан мефиристод. Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон соли 1939 Файзулло Қудратови нерумандро баҳри баланд бардоштани савияи дониш ба Институти педагогии Тошканд раҳнамун сохт.
Вай бо тамоми ҳастӣ ба хондан дода шуд. Дар ин даргоҳ низ савод ва қобилияти ташкилотчигияш ба роҳбарияти донишкада писанд омад. Ҷавонони Институт Файзулло Қудратовро сарвари худ интихоб карданд. Ӯро дар донишкада ҳамчун комсомоли фаъол, донишҷӯи қобилу уҳдабаро эҳтиром мегузоштанд.
ВИЛОЯТИ ҒАРМ
Соли 1941 Файзулло Қудратов дорулмуаллимини Тошкандро намунавӣ хатм намуда ба Ватан баргашт. Дар шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) ӯро хуш истиқбол гирифтанд. Вазорати маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон аз дарёфти кадри маълумоти олидор қаноатманд гашта, ӯро мудири маорифи вилояти Ғарм таъин намуд.
Ин ҷо ӯ қариб як сол иҷрои вазифа кард. То тавонист дар ташкили мактабу ҷобаҷогузории муаллимони водӣ саҳми хешро гузошт.
ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
Дар ҳамон сол Германияи фашистӣ бе эълони ҷанг ба хоки давлати советӣ зада даромад. Аз хурд то бузург ба ҳимояи Ватан бархостанд. Фавҷ – фавҷи ҷавонмардон бар зидди фашистони истилогар раҳ пеш гирифтанд.
Ҳукумати давр новобаста ба вазъи хатарнок ба ағлаби омӯзгорон брон (ҳуҷҷати имтиёздори ба ҷабҳа нарафтан) дода буд, аммо Ф. Қудратов исрор мекард, ки ба ҳимояи Ватан меравад. Кӯшишҳои чандинкаратааш натиҷа надод. Гуфтандаш, ки маориф ҳам ҷабҳа, бахши калидии давлат аст ва сарфи назар аз хавфу хатар фарзандони заҳматкашон бояд савод гиранд. Шумо дар ақибгоҳ заруред!...
Ниҳоят моҳи марти соли 1942 вай иҷозаи ба ҷабҳа гирифтанро ноил гашт. Ӯ акнун дар сафи сарбозони ҷонфидо бар зидди аду меҷангид. Дар ҷабҳаи Орёл – Курск задухӯрди шадид шуд. Дар ин набард гитлерчиёни зиёдеро маҳв намуда, бо ордени Ситораи Сурх сазовор гашт.
Диловари тоҷик дар ҷабҳа ҳамчун муовини командири полк оид ба корҳои сиёсӣ хидмат мекард. Гӯё ҳама соз буд, вале дар задухӯрди навбатӣ ҷароҳати сахт бардошта, ба госпитал афтид. Духтурони ҳарбӣ дар пайи табобаташ кӯшиданд. Комиссияи тиббии ҳарбӣ ба ӯ дигар иҷозаи ба корзор рафтанро надод ва замони ба по рост шудан ба ақибгоҳ рухсат доданд.
СТАЛИНОБОД
Файзулло Қудратов моҳи майи соли 1943 ба Сталинобод расид. Сарбози диловарро дар КМ ҲК Тоҷикистон бо хушнудӣ пазируфтанд ва ӯ то соли 1946 дар вазифаҳои гуногуни дастгоҳи марказии Ҳизби коммунист масруфият дошт.
Дар ин давра (солҳои 1946 – 1948) дар Мактаби ҳизбии назди КМ ҲК Тоҷикистон таҳсил намуда, ҳамзамон, дар Кумитаи ҳизбии вилояти Ғарм адои вазифа намуд.
Он солу замон ПК кадрҳои лаёқатманди худро баъди ду – се соли корӣ дар ин ё он ташкилоту муассиса ба дилхоҳ ҷабҳа сафарбар менамуд ва он нафар бе чуну чаро аз пайи иҷрои вазифаи навбатӣ мешуд.
Рӯзгори меҳнатии сарбози ҳизб сар аз соли 1948 ба чунин навъ сурат гирифт. Солҳои 1948 – 1950 Файзулло Қудратов ҳамчун раиси Президиуми Иттифоқи касабаи кормандони саноати сабуки ҷумҳурӣ, 1950 – 1953 корманди шуъбаи хоҷагии қишлоқи Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, 1953 – 1955 мудири маорифи ноҳияи Марказии шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе), 1955 – 1957 мудири маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ва 1957 – 1959 мудири маорифи ноҳияи Варзоб кор кард.
МИРЗОЧӮЛ
Ин дов низ Файзулло Қудратов аз супориши навбатӣ сар напечид. Соли 1959 ӯро бо супориши Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон (албатта бо дастури ҲК Тоҷикистон) баҳри азхудкунии заминҳои Мирзочӯл, ба ноҳияи Зафарободи вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) сафарбар намуданд.
Номбурда 7 сол ба симати муовини сардори Раёсати сохтмону васлгарии №22, дар шодоб гардондани заминҳои ташналаби водӣ меҳнат кард. Дар шароити номусоид, гармои тоқатфарсо мардумро аз пайи худ бурду сарзамини аҷдодиро обод кард...
Мирзочӯл, дашти Мрзо, дашти ҳамворест дар Осиёи Миёна, дар ҳудуди вилоятҳои Сирдарёи Ӯзбекистон, Чимкенти Қазоқистон ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғди Тоҷикистон. Масоҳаташ 10 ҳазор км2, баландиаш аз соҳили баҳр 230 – 385 м. Мирзочӯл дар шарқ то дарёи Сир, дар ҷануб то ҳамвориҳои наздикӯҳии Туркистону Нурато кашол ёфтааст. Дар шимол ва шимолу ғарб дашти Мирзочӯл то биёбони Қизилқум тул мекашад...
Аз худ намудани Мирзочӯл охирҳои асри XIX оғоз ёфт. Соли 1895 ба масофаи 84 км канале кофта шуд, ки он 7600 га заминро обёрӣ мекард. Соли 1913 канали Князариқ мавриди истифода қарор гирифт...
Солҳои 1922 – 1924 заминҳои нав аз худ карда шуданд. Масоҳати заминҳои обёришавандаи Мирзочӯл агар соли 1921- ум 20 ҳазор га бошад, пас 1924 ба 50 ҳазор га, 1928 ба 67 ҳазор га расид. Солҳои 1939 – 1940 мувофиқи қарори махсуси Ҳукумат 60 ҳазор га шӯрзамин ва ботлоқзор аз худ карда шуда, соли 1941 миқдори он ба 90 ҳазор га расид. Соли 1956 майдони обёрии Мирзочӯл (бо сохта шудани гидроузели Фарҳод (1948) ва обанбори Қайроққум (1965) ба 205,5 ҳазор га расид.
Баъдан, бештар аз 500 ҳазор га замини лабташнаи Мирзочӯл аз худкардашуда, ки аз он 300 ҳазор га ба РСС Ӯзбекистон, 160 ҳазор ба РСС Қазоқистон ва бештар аз 40 ҳазор га ба РСС Тоҷикистон рост меомад.
18 августи соли 1958 бо фармони Президиуми Совети Олии РСС Ӯзбекистон 50 ҳазор га замини қисми ҷанубу шарқии Мирзочӯл ба РСС Тоҷикистон дода шуд ва дар ин ҷо ноҳияи Зафаробод таъсис ёфт.
БУНЁДГАР
Аз миёнаи солҳои 60 – уми асри XX Файзулло Қудратов боз ба соҳаи мактабу маориф баргашт. Ӯ тули 8 сол (1965 – 1973) дар ноҳияи Айнӣ, дар макотиби деҳаҳои Шаватки Поён, Путхин, Зоосун, Дар – дар ва Вешаб ҳамчун директор масруфият дошт.
Ӯ дар миқёси кишвар бо бунёдгариву ободгарӣ ном баровард. Ҳама ҷо аз пайи ободии диёр мекӯшид. Замони директори мактаби Зоосун буданаш омӯзгори дурандеши ватанпараст аз шаҳри бостонии Самарқанд устоҳои чирадаст ва мутахассисонро ҷалб намуда, мақбараи шоири номвари диёр Нақибхон Туғрали Аҳрориро бунёд кард.
Кори муаллими фидокор мудом аз ободкорӣ буд. Соли 1966 номбурда дар деҳаи Шаватки Поён ба сохтмони мактаби нави деҳа асос гузошт. Ҳамчунон, бо ташаббуси мазкур дар деҳа бори аввал хатти барқ кашида шуд. Як байти шоири ширинсухан Абдураҳмони Ҷомиро устод мудом ёд мекард:
Сидқ мебояд ба ҳар коре, ки ҳаст,
То фитад домони мақсудат ба даст.
Баъдан бо ибтикори ин марди даврон дар мавзеи Шахи Сафед (ҳоло Файзуллообод) канали калон канда, заминҳои деҳаҳои Шаватки Поён, Шаватки Боло, Похут ва Фатмовутро шодоб гардонданд.
ОБРАСОН
Давоми умри пурбаракати хеш Файзулло Қудратов борҳо чун сарбоз дар ҳолати омодабош аз пайи иҷрои супориши ҳизбу Ҳукумат, аз як ҷабҳа ба ҷабҳаи дигар мегузашт. Ин дафъа низ чунин шуд ва бо супориши Ҳукумати вақт боз ба соҳаи хоҷагии халқ сафарбар гардид. Аз моҳи ноябри соли 1973 то соли 1986, тули 13 сол ҳамчун мутахассиси корҳои обёрӣ – ирригатори колхози ба номи Фридрих Энгелси ноҳияи Айнӣ дар шодоб гардондани 360 гектар заминҳои бекорхобидаи қаламрав нақши созгор бозид. Аз ҷумла, вай мавзеи ҳозираи Файзуллоободро сарсабзу хуррам гардонд.
Пас аз ба нафақа баромадан низ дар хона бекор нишастанро ба худ муносиб надониста, бо маслиҳату пешкорӣ ба корҳои бунёдгарӣ даст мезад. Файзулло Қудратов, сарбози ду ҷабҳа 25 ноябри соли 1994, дар 82 – солагӣ дунёи фониро тарк гуфта, аз худ номи нек ба ёдгор монд.
Тули умри пурбаракат, ҳини иҷрои вазифаҳои гуногун аз сидқ, софдилона баҳри зиндагии осоиштаи мардум ва некуаҳволии рӯзгори онон хидмати шоиста ба ҷо овард. Таъсису бунёди мактабҳои нав, ривоҷи соҳаи маориф, ободу шодобгардонии заминҳои бекорхобида, тарбият ва омода намудани шогирдони зиёде баҳри зиндагии оянда марому мақсади доимии устоди равоншод буд.
Ҳукумати давр хизматҳои шоёни собиқадори ҷангу меҳнат, нафақахӯри шахсии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ Файзулло Қудратовро бо орденҳои Ситораи Сурх, Ҷанги Ватании дараҷаи 1, чандин медал, нишони Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон ва ифтихорномаҳо сазовор гардонд.
Ҳамчунон, заҳматҳои бунёдкоронаи ҷанговари пурдил, муаллими дарёдил, ободгари ростин пас аз маргаш низ ба ҳукми фаромӯшӣ нарафт. Бо қарори №153 МИҲД – и ноҳияи Айнӣ аз 25 апрели соли 2005 мавзеи Шахи Сафеди Ҷамоати деҳоти Рарз номи Файзулло Қудратов (Файзуллообод) – ро касб кард.
Устоди зиндаёд Гулназар гӯё маҳз дар васфи чунин фарзандони барӯманду содиқи Ватан гуфта бошанд:
Ҳар фард, ки ҷон ба ҷони кишвар монад,
Тоҷи шарафаш замона бар сар монад.
Умари ШЕРХОН