Ҳар навиштори навбатиро сабабест ва беҳуда дар ин ё он мавзуъ хома ба даст намегирем. Ин навбат бобати Артём, Артёмовск сухан хоҳем ронд, ки он ҳам беасос нест. Беш аз 30 сол, бо барҳам хӯрдани СССР ба ин ном таваҷҷуҳи хосса зоҳир намегашт. Сар аз соли 2014 ин унвон кам камаке рӯи кор омад. Тули 5-6 моҳи охир расонаҳои даврии дунё гирди номи Артём, Артёмовск мавзуъ мечархонанд. Ин ҳамаро боис нотинҷии байни Россия ва Украина гашта, ки ба ин паҳлуи масъала кордор намешавем. Мо танҳо аз Артём хоҳем гуфт. Ҳамчунон бехабар аз он ки «рафиқ Артём» 140 сола шудаанд.
Ин ном ба яке аз муборизони Ҳокимияти Советӣ, инқилобчиёни радаи аввал Фёдор Андреевич Сергеев, маъруф бо тахаллуси «рафиқ Артём» («Артём Сергеев», «Виктор Сергеев») иртибот дорад. Артём яке аз инқилобчиёни маъруф, арбоби сиёсӣ, давлатӣ ва ҳизбии Ҳокимияти Советӣ мебошад.
Фёдор Андреевич Сергеев (минбаъд Артём) узви РСДРП (б) аз соли 1901, асосгузор ва роҳбари Ҷумҳурии Советии Донетск – Криворожск, рафиқи наздики Сергей Киров ва Иосиф Сталин буд.
Артём 7 (19) марти соли 1883 дар деҳаи Глобово, уезди Фатежск, губернияи Курск, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.
Бино ба гуфтаи нависанда Е.Ф. Олейник инқилобии оянда дар хурдсолӣ қиссаеро дар бораи коргаре бо номи Артём шунидаст. Он Артём дар шахта (кон) кор мекардааст. Рӯзе аз рӯзҳо дар тӯдаи ангишт монда, захм мебардорад. Сардори кон ӯро аз кор маҳрум месозад. Аз ҳамон рӯзҳо Артём «роҳзани олиҳимат» шуда, бойҳоро ғорат ва амволи ғоратшударо ба камбағалон тақсим мекардааст. Аз ҳамин ҷо Фёдор ба худ номи – тахаллуси Артёмро мегирад.
Таҳсил
Соли 1888 Артём бо аҳли хонаводаашон ба Екатеринослав кӯч бастанд. Ва ӯ дар ҳамин ҷо, соли 1892 ба Омӯзишгоҳи реалӣ (дар Россияи тоинқилобӣ мактаби миёна, ки дар он бештар математика ва фанҳои доир ба табиатро меомӯхтанд). Номбурда соли 1901 омӯзишгоҳро бомуваффақият тамом кард. Артём имтиҳонҳоро бо баҳои «панҷ» супурд, ба ҷуз расмкашӣ, ки барқасд баҳои «3» мондандаш (ба қавли муҳаққиқи рус Н.П. Кузмин роҳбарияти омӯзишгоҳ барои ба дигар талаба додани медали тилло қасдкорӣ карданд). Маълум мегардад, ки одамон дар тамоми давру замон ба чунин «нағмаҳо» роҳ медодаанд. Донишҷӯи аълохон Фёдор Андреевич Сергеев барои муваффақияти калон бо мукофоти «тасаллобахш» - китоби Э.Э. Ухтомский «Путешествие на Восток Его Императорского Высочества государя наследника цесаревича» қадр гардид.
Артём ҳангоми таҳсил дар омӯзишгоҳ бо адабиёти пинҳонӣ (ғайрилегалӣ) бори нахуст ошноӣ пайдо кард (брошюраи «Цар-голод»). Маҳз дар ҳамин давра ӯ ба кружоки марксистии коргарони заводи Брянск ҷалб гардид. Дар арафаи имтиҳонҳо -1 майи соли 1901 Артём дар гирдиҳамоии коргарон иштирок намуд. Митинг аз тарафи казакҳо пароканда, бисёриҳо дар қап хурданд. Артём рӯ ба гурез оварда, дар деҳа пинҳон ва ҳабс шудан раҳид.
Москва
Соли 1901 баъди супурдани имтиҳонҳо Артём ба Омӯзишгоҳи Императории техникии Москва (ҳозира МГТУ ба номи Бауман) дохил шуд. Ҳангоми дохилшавӣ аз ӯ забонхат гирифтанд, ки дар гирдиҳамоиҳо иштирок намекунад. Ҳамон сол Артёмро ба узвияти РСДРП пазируфтанд.
Сол 1902 дар Москва барои дастгирии донишҷӯёни хориҷшудаи Университети Киев, донишҷӯёни Масквагӣ гирдиҳамоӣ карданд. Дар маҷлиси пинҳонкорон Артём даъват ба амал овард, ки донишҷӯёни киевиро ҷонибдорӣ бояд кард. Донишҷӯёни ҳамфикри тарафдор Михайлов, Сбитников, Нагурский ва Адикс (ахирӣ гумоштаҷосуси полис ва фитнаангез…) ӯро ҷонибдор шуданд.
2 марти соли 1902 митинг баргузор гардид. Артём ба симати яке аз роҳбарони донишҷӯён дар ин тазаҳурот ширкати фаъолона дошт. Полисҳо дар либоси коргарӣ гирдиҳамомадагонро пароканда карданд (онҳоро Адикс оварда буд). Артёмро ҳабс ва ба бинои полисҳои Яуза оварданд. Маълумотро дар бораи балвогар Артём ҷосус Шмидт расонд. Баъди ҷаласаи судӣ Артёмро аз омӯзишгоҳ хориҷ карда, шаш моҳ дар маҳбаси Воронеж шинонданд.
Ҷилои ватан
Бо гирифтани «волчий билет» - «билети сиёҳ» (шиноснома, ки аломати махсус дошта, соҳибашро аз хизмати давлатӣ ва таҳсил дар мактабҳои олии Россия маҳрум мекард). Аз ин рӯ, Артём ҷилои ватан кард. Дар Париж, дар мактаби олии русии фанҳои ҷамъиятӣ шомил гашт. Дар ин мактаб ба лексияҳои доҳии пролетариати ҷаҳон В.И. Ленин гӯш дода, бо ӯ ошно шуд. Артём ҳамчунон бо хонаводаи олими машҳури рус Мечников қаробат ёфт.
Инқилобчӣ
Артём 15 марти соли 1903 ба Россия баргашта, дар Донбасс ба фаъолияти пинҳонии револютсионӣ пардохт. Дар деҳаи Фёдоровка, волости Воскресенск, уезди Александровски губернияи Екатеринослав якумин шуда дар минтақа созмони бузурги сотсиал-демократии деҳқонон (доманаи 400 нафар)-ро таъсис дод. Ва бо он ҳайат корпартоии моҳи майиро баргузор кард. Баъд ҳини фаъолият ҳамчун ёрдамчии мошинист дар Екатеринослав дар байни коргарони роҳи оҳан ва кӯҳкорон корҳои таблиғотӣ мебурд. Соли 1904 дар Елисаветград ва Николаев ду бор ҳабс шуд.
Моҳи январи соли 1905 Артём ба Харков омада, дар заводи паравозҳои Харков фаъолияти револютсионӣ бурда, гурӯҳи инқилобии «Вперёд»-ро созмон дод. Вай дар пайи шӯриши мусаллаҳона дар Харков кӯшид. Аз рӯи нақша он бояд 12 декабри соли 1905 доир мегашт. Ҳукуматдорон аз ин нияти онҳо воқиф шуда, 30 тан аз саркардагонро ҳабс карданд.
Артём баъди пахши шӯриш ба Санкт-Петербург ва пас ба Урал рафт. Баҳори соли 1906 ӯро вакили съезди IV РСДРП дар Стокголм интихоб намуданд. Баъдан Артём дар шаҳрҳои Москва ва Перм, дар корҳои ҳизбӣ масруфият дошт. Комитети РСДРП-и Пермро роҳбарӣ кард. Боз ӯро ба маҳкама кашиданд. Дар маҳбаси Перм ва ротаи маҳбусони Николаев маҳбус буд. Пас ӯро ба маҳкамаи Харков гузаронданд. Моҳи декабри соли 1909 палатаи махсуси судии Харков Артёмро ба бадарғаи умрбод ба Сибири Шарқӣ ҳукм бароварданд. Вай бадарғаро дар деҳаи Воробёво, уезди Киренск, губернияи Иркутск гузаронда, моҳи августи соли 1910 аз он ҷо рӯ ба гурез овард.
Ҳиҷрат
Артём ба воситаи Япония, Корея, Хитой ба Австралия ҳиҷрат кард. Ба гуфтаи худаш дар шаҳрҳои Харбин, Нагасаки, Гонконг ва Шанхай зиста, ҳамчун кули (аробакаш, ҳаммол ё мардикор дар баъзе мамлакатҳои Осиё) заҳмат кашид.
Моҳи июни соли 1911 Артём дар Австралия пайдо шуд. Ӯ қисмати зиёди вақт дар Брисбен бо номи TheodoreSergaeff зист. Вай дар ин макон низ бекор нанишаст. Охири ҳамон сол вай аллакай дар Ассотсиатсияи Эмигрантҳои Руси Брисбен ба шумори яке аз роҳбарони бонуфуз эътироф гашт.
Вай фаъолияти ин созмонро устувор гардонд. Барои коргарони рус курсҳои омӯзиши забони англисиро роҳандозӣ намуд. Соли 1912 газетаи русии «Эхо Австралии»-ро асос гузошта муҳаррири он буд. Дар кори Партияи сотсиалистӣ – коргарии Австралия иштироки фаъолона дошт. Барои гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ӯро ҳабс карда дар маҳкамаи Брисбен шинонданд.
Барои кӯшишҳои муттаҳид кардани коргарони русу австралиягӣ ӯро то ҳол дар доираи радикалии штати Квинсленд ёд мекунанд. Артём дар Австралия бо тахаллуси «Болшой Том» (BigTom) ва номҳои Артём ва Артимон маъруф гашта буд.
Ҷанги гражданӣ
Моҳи июли соли 1917 Артём ба Харков баргашта, ба зудӣ роҳбари фраксияи болшевикони советии Харков шуд. Котиби бюрои комитети вилоятии РСДРП (б) - и Донетск, баъдан котиби бюрои вилоятии Иттифоқи касабаи металлистони Харков, аъзои Президиум ва узви Комитети Марказӣ интихоб гардид.
Артём моҳи октябри ҳамон сол яке аз созмондиҳандагони шӯриши мусаллаҳона дар Харков ва Донбасс буд. 24 ноябри соли 1917 ӯро Раиси Комиҷроияи советҳои Харков ва Маҷлиси муассисон аз тарафи болшевикон интихоб карданд. Моҳи декабри соли 1917 дар съезди 1-уми Умумиукраинии Советҳо узви котибот ва КИМ Советҳои Украина, Котиби мардумӣ оид ба савдо ва саноат интихоб мегардад. Артём солҳои 1918-1920 узви КМ ПК (б) Украина буд...
Вай ҷонибдору ташаббускори фаъоли идеяи Донетски автономӣ буд ва дар соли 1918 Ҷумҳурии Советии Донетск – Криворожскро тъсис дода роҳбари он таъин гардид. Баъдан 14 феврал раиси Совети комиссарони халқ ва Комиссари мардумии хоҷагии халқ, пас комиссари халқии корҳои хориҷии ҷумҳурӣ интихоб шуд.
Артём яке аз ташкилотчиёни мубориза бар зидди қӯшунҳои Марказӣ, казакҳои атаман Каледин, истилогарони австро - венгерӣ ва немисӣ, ҳамчунон созмондиҳандаи сафарбарии Армияи якуми Дон мебошад. Дар якҷоягӣ бо К.Е. Ворошилов дар гузаштани Армияи 5-ум аз Донбасс ба Царицин иштирок кард.
Раҳбар
Артём аз моҳи ноябри соли 1918 аъзо, моҳҳои январ-марти 1919 муовини раиси Ҳукумати коргару деҳқони Украина. Ҳангоми ҳуҷуми Деникин ба Донбасс Артём яке аз роҳбарони мудофиаи шаҳр буд.
Аз моҳи марти соли 1919 то марти соли 1920 номзад ба аъзогии КМ РКП (б). Дар съездҳои IX ва X РКП (б) тамоман аъзои КМ интихоб мегардад. Аз ноябр то декабри соли 1920 котиби масъули комитети РКП (б)-и Москва, баъд раиси КМ Иттиҳоди умумироссиягии коргарони кӯҳкор, аъзои КИМ…
Мамот
Артём (Сергеев) 24 июли соли 1921 ҳангоми озмоиши аэровагони В.И. Абаковский, ҳини бозгашт аз Тула ба Москва бо чанде аз ҳамсафаронаш ҳалок мешавад. Дар Майдони Сурх, назди девори Кремл мадфун аст.
Писари Фёдор Андреевич Сергеев – Андрей, соли таваллудаш 5.3. 1921, ки баъди марги падараш дар тарбияи Сталин буд, баъдҳо гуфта, ки сабабгори марги падараш Л.Д. Тротский ҳаст. Сабаби асосӣ фалокати ташкилист…
Хуллас, номи шаҳри Артёмовск ба хотираи абадӣ гардондани Артёми инқилобӣ, ҳамсафи доҳиёни пролетариати ҷаҳон В.И. Ленин ва И.В. Сталин мебошад, ки пас аз фурӯпошии СССР номи Бахмутро гирифта, моҳи майи соли равон боз бо номи Артёмовск бо ба даст гирифтани шаҳр дар харитаи сиёсӣ нақш баст.
У. ШЕРХОН