20.01.1980.Президенти ИМА-Ҷиммӣ Картер бозиҳои олимпии Маскавро "байкот" кард. Дар натиҷа дар СССР нашри 1 шумораи маҷаллаи "Америка", ки бахшида ба дастаи олимпии ИМА буд, боздошта шуд ва забони расмии Бозиҳои олимпӣ аз англисӣ ба фаронсавӣ тағйир дода шуд.
20.01.1990.Нерӯҳои Артиши Шӯравӣ вориди Боку-пойтахти Озарбойҷон шуда, дар натиҷаи задухӯрд низдик ба 200 кас ҳалок ва беш аз 3000 нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар Боку ин санаро чун Рӯзи ёдбуди қурбониёни Озарбойҷон ёд мекунанд.
20.01.1991.Рӯзи Ҷумҳурии мухтори Қрим. Дар Қрим раъйпурсии умумӣ гузаронида шуд ва бештари мардум барои барқарорсозии мухторият овоз доданд. Қрим ба ҳайси Ҷумҳурии мухтор ба Украина шомил шуд.
21.01.1924.В.И.Ленин-доҳии пролетариатҳои ҷаҳон ва роҳбари ҳизби болевикон аз олам даргузашт.
21.01.1926.Дар Ленинград болшевикон қабрҳои шоҳони русро канда, ҷавоҳироти қубур ба хазинаи давлат супорида мешаванд. Қабрҳои Петри 1, Александр, Николаи 1 ва Александри 2 дар Собори қалъаи Петропавловск воқеъ шуда буданд. Шоҳидон мегӯянд, аз ҳама хуб Петри 1 боқӣ монда буд ва Александри 1 бошад умуман дар қабраш вуҷуд надошт.
21.01.1949.Генералиссимус И.Сталин "бузургтарин сарлашкари ҳамаи давраҳо ва халқҳо" муаррифӣ шуд.
22.01.1966.Дар Полтава бузургтарин корхонаи истеҳсоли алмоси сунъӣ дар СССР таъсис дода шуд.
22.01.1969.Хизматчии ҳарбии 21-сола Виктор Илин худро дар либоси милиса мусаллаҳ карда бо 2 таппонча ба ҷони Леонид Брежнев суиқасд кард.
22.01.1970.Президенти Миср, Қаҳрамони СССР-Ҷамол Абдул Носир бо 1 боздиди махфӣ аз СССР дидан кард. Миср ба ҷанги нав бо Исроил тайёрӣ медид ва ӯ мехост ба ҳар василае мушакҳои зиддиҳавоии шӯравиро ба даст орад.
22.01.1991.М.Горбачев бо 1 фармон ба ҳукумат дастур дод, ки дар зарфи 3 рӯз ҳамаи пулҳои 50 ва 100-сӯмаи намунаи соли 1961-ро аз муомилот бароранд. Пулҳои нақд низ дар анборҳо ва кассаҳои амонатӣ бо мамониат ба мардум дода мешуданд.
23.01.1924.Ҳукумати Шӯравӣ қарори сохтмони мавзолейро барои Ленин дар Маскав қабул кард.
24.01.1918.ШКХ Эъломия дар бобати дар СССР ҷорӣ кардани тақвими аврупоӣ-ғарбиро тасдиқ кард. Шаҳрвандони кишвар шаби 31 январ ба хоб рафта, 14 феврал бедор шуданд. Аз ин рӯ, соли 1918-ро мешавад кӯтоҳтарин сол дар таърихи Русия номид.
24. 01.1924.Петроград ба Ленинград тағйири ном кард.
24.01.1972.Дар ҷазираи Гуам Соичи Якои-сарбози ҷопониро пайдо карданд, ки то ҳанӯз гумон мекард, ҶБВ идома дорад. Ӯ 28 сол боз дар ҷангал пинҳон шуда буд.
25.01.1955.Раёсати Шӯрои Олии СССР фармони "Қатъи ҳолати ҷанг миёни СССР ва Олмон"-ро содир кард.
М.Салимшо