ХАБАРИ ДОҒ

Аз фатҳи Қазон то эълони МИД

  • Панҷшанбе, Сен 07 2017


9.09.1944. СССР бо Полша созишнома оид ба кӯчонидани халқияти лемкҳо аз Полшаи Шарқӣ ба РСС Украинаро ба имзо расонид. Дар натиҷаи созишнома ҳазорон нафар мардуми бегуноҳи ин халқият аз сарзаминҳои аҷдодӣ ронда шуданд.

Лемкҳо мардуми славян буда, ба русҳо наздикии зиёд доштанд. Онҳо худро "русин" муаррифӣ карда, дар навоҳии кӯҳистонии Карпат зиндагӣ доштанд. Тибқи маълумотҳои оморӣ с.2001 теъдоди лемкҳо дар Украина 672 нафарро ташкил дод. Дар Полша бошад с.2011 10.000 лемк зиндагӣ мекард.
9.09.1991. РСС Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Ин рӯз дар кишвари мо ҳамасола чун Рӯзи Истиқлолият ҷашн гирифта мешавад.
9.09.1991. Коллегияи Вазорати корҳои хориҷии СССР худро пароканда эълон намуд.
10.09.1918. Нерӯҳои армияи 5-и Артиши Сурх таҳти фармондеҳии П.Славен шаҳри Қазонро аз артиши сафедҳо озод карданд. Фатҳи Қазон аввалин пирӯзии Артиши Сурх дар Фронти шарқӣ ба шумор меравад.
11.09.1957. Раёсати Шӯрои Олии СССР бо қарори худ ба шаҳрҳо ва корхонаҳо гузоштани номҳои кормандони ҳизбии дар қайди ҳаёт бударо манъ кард.
11.09.1988. Дар РСС Эстония забони эстонӣ, забони давлатии кишвар эълон карда шуд.
12.09.1934. Латвия, Литва ва Эстония дар Женева созишномаи ҳамкорӣ бастанд ва Иттиҳоди нави сиёсиро таъсис доданд. Ин иттиҳод бо номи "Антантаи Балтикӣ" дар таърихнигории муосир маъруф аст.
14.09.1936. Дар машварати махфии худ НКВД (Народный комиссариат внутренних дел) СССР қарор дод кормандони худро ба таври оммавӣ ба Испания ирсол намояд. Ин кормандон мебоист дар ҷанги граждании Испания аз ҷониби ҷумҳурихоҳон ширкат меварзиданд.
14.09.1954. Дар машқгоҳи ҳарбии Тоцк, ки дар вилояти Оренбург ҷойгир гардида буд, нерӯҳои Артиши шӯравӣ машқҳои ҳарбӣ дар шароити таркиши атомиро доир намуданд. Дар ин машқҳо наздики 45.000 аскару афсари шӯравӣ ширкат варзид. Дар машқгоҳ бомбаи атомӣ тарконда шуд ва ин нерӯҳо мебоист дар баробари он истодагарӣ мекарданд. Дар натиҷаи озмоиш аскару афсарони зиёде ба ҳалокат расиданд.
15.09.1921. Дар РСФСР Шӯрои Комисарриати Халқӣ Декрет оид ба ҳифзи саломатии кӯдаконро ба имзо расонид.
15.09.1933. Роҳбари НКВД Генрих Ягода ба Сталин иттилоъ дод, ки дар шаҳри Ленинград "ҷамъияти ҳамҷинсгароён" ошкор гардидааст ва кормандони НКВД дар Ленинград зиёда аз 150 ҳамҷинсгароро ба ҳабс гирифтаанд.

М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter