ХАБАРИ ДОҒ

Аз қатли Зоя то худдории Солженитсин

  • Душанбе, Нояб 27 2017


23.11.1934. КМИ ва Шӯрои Комиссарони Халқии СССР дастуруламалро оид ба Комиссариати Халқии Мудофиа ба тасвиб расониданд. Комиссариати нав аз ҳисоби якҷо кардани Комиссариати халқии корҳои ҳарбӣ-баҳрӣ ва Комиссариати халқии флоти ҳарбӣ-баҳрӣ созмон дода шуд. Аз ин ба баъд комиссариати нав асоситарин ниҳоди ҳарбии аввалин кишвари Шӯроҳо ба шумор мерафт.

23.11.1917. КМИ РСФСР ва ШКХ Декрет оид ба лағви табақаҳо ва рутбаҳои амалдорони Русияи подшоҳиро қабул намуд. Ҳамин тариқ, дар Русия "Феҳристи мансабу рутба", ки онро Петри 1 с.1772 ҷорӣ намуда буд, бекор карда шуд. Сокинони кишвар аз ин ба баъд расман шаҳрванд хонда мешуданд.

23.11.1942. Анҷоми муҳосираи армия 6-и Паулюс дар Сталинград. Дар ин рӯз нерӯҳои Артиши Сурх дар рафти “амалиёти Уран” гурӯҳи 330.000-нафараи немисҳоро дар Сталинград пурра ба муҳосира гирифтанд.
25.11.1926. КМ ВКП(б) қарори сохтмони Днепрогэсро ба имзо расонид. Днепрогэс яке аз бузургтарин иншоотҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор рафта, зимни ҳуҷуми немисҳо хароб карда шуд. Пас аз ҷанг сохтмончиёни шӯравӣ онро дубора барқарор намуданд.
26.11.1924. Таъсиси Ҷумҳурии Халқии Муғулистон. Дар ин рӯз хурду бузурги мардуми муғул Сарқонуни кишвари навтаъсисашро низ қабул кард ва Муғулистони нав ба лагери сотсиалистӣ ҳамроҳ шуд. Бо ҳамроҳшавии Муғуслистон ин лагер ду баробар афзоиш ёфт.
26.11.1948. Раёсати Шӯрои Олии СССР қарори муҳоҷир кардани немисҳо, чеченҳо, ингушҳо, қалмикҳо, балкарҳо ва тоторҳои Қримро ба навоҳии алоҳидаи СССР ба имзо расонд. Дар ин қарор гуфта мешуд, ки ин халқҳо барои ҳамеша муҳоҷир мешаванд.
26.11.1971. Бо қонуни ҳукумати Шӯравӣ дар аввалин кишвари Шӯроҳо камтарин миқдори музди меҳнати коргарон ва хизматчиён ҷорӣ карда шуд. Ин миқдор 70 рублро ташкил менамуд ва дар зарфи 20 сол бе тағйир боқӣ монд.
26.11.1970. Александр Солженитсин аз сафар ба Шветсия барои гирифтани ҷоизаи Нобел худдорӣ кард. Ӯ дар риштаи адабиёт сазовори ин ҷоизаи баланд шуда буд, лек аз тарси он, ки ҳукумати шӯравӣ ба ӯ иҷозаи баргаштан ба ватанро намедиҳад, аз рафтан ба Стокголм ва дарёфти ҷоиза худдорӣ кард.
26.11.1990. Конгресси халқи чечен истиқлолияти Чеченистон ва баромадани ин ҷумҳуриро аз ҳайъати Руссия эълон намуд.
28.11.1943. Дар Теҳрон конфронси роҳбарони СССР, ИМА ва Бритониё доир шуд. Немисҳо бошанд кӯшиданд аз фурсат истифода бурда, амалиёти вежаеро алайҳи ин сегона пиёда созанд. Аммо муваффақ нашуданд ва амалиёташон ба нокомӣ анҷом ёфт.
29.11.1941.Сарбозони олмонӣ партизандухтари маъруф Зоя Космодемянскаяро ба қатл расониданд.

М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter