ХАБАРИ ДОҒ

Аз номаи махфии КМ то марги доҳӣ

  • Ҷумъа, Янв 26 2018


19.01.1918. Патриархи калисои Русия Тихон ҳукумати Шӯравиро такфир ва 1 низоми ғайришаръӣ эълон намуд.
19.01.1946. Ҳукумати вақти Эрон ба СММ муроҷиат ва хоҳиш намуд, СММ ин кишварро аз дахли СССР ҳифз кунад. Ин муроҷиат беҷавоб намонд. ИМА ва иттифоқчиёнаш баъди чанде пои СССРро аз Эрон қатъ карданд. Болшевикон метавонистанд навоҳии шимолии Эронро коммунистӣ кунанд, аммо билохира шикаст хурданд ва ақоиди коммунистӣ дар Эрон танҳо дар симои ҳизби Туда боқӣ монд.

20.01.1939. КМ ВКП(б) бо ирсоли 1 мактуби махфӣ ба тамоми шӯъбаҳои НКВД и кишвар истифодаи шиканҷаро нисбати "душманони халқ" иҷозат дод.


20.01.1981. Эрон дар фурудгоҳи Алҷазоир 52 гаравгони амрикоиро ба ИМА таҳвил дод. Ин гаравгонон моҳи ноябри соли 1979 дар сафорати ИМА дар Теҳрон аз ҷониби донишҷӯёни эронӣ гирифта шуданд. Эрон аз ИМА талаб кард, ки шоҳ Муҳаммад Ризо Паҳлавиро ба Эрон баргардонад. Амрикоиҳо 444 рӯз дар асорат буданд, аммо марги шоҳ дар 27 июли соли 1980 масъаларо дигар кард ва эрониҳо гаравгононро ба ИМА баргардониданд.
20.01.1990. Нерӯҳои Артиши Шӯравӣ барои пахши ошуби мардумӣ вориди Боку шуданд. Дар Боку тазоҳуроти мардумӣ оғоз гардид ва мардуми зиёди гурезаи Қаробоғ дар он ширкат варзиданд. Тазоҳурот ба куштори арманиҳо гузашт ва Маскав маҷбур шуд ба Озарбойҷон нерӯ ворид кунад. Дар натиҷаи тазоҳуроти мардумӣ дар Боку наздики 200 нафар ба ҳалокат расид ва 3000 одам захмӣ шуд. Дар Озарбойҷон ин рӯзро чун рӯзи ёдбуди шаҳидони Озарбойҷон ёд мекунанд.
21.01.1924. Роҳбари сиёсии болшевикон Владимир Илич Ленин баъди бемории тӯлонӣ даргузашт. Ленин, ки сарварии аввалин ҳукумати Шӯроҳоро сарварӣ мекард, моҳи августи соли 1918 аз ҷониби эссерон дар яке аз корхонаҳои Маскав террор ва сахт захмӣ гардид. Болшевикон барои табобати доҳияшон беҳтарин пизишкони олмониро даъват карданд ва аз моҳи декабри соли 1922 Отфрид Фёстер табиби асосии Ленин таъин карда шуд. Моҳи майи соли 1923 саломатии Ленин якбора бад ва доҳӣ маҷбур шуд Маскавро ба қасди Горкӣ (бӯстонсаро дар наздикии Маскав) тарк кунад. Ленин бори охир моҳи октабри соли 1923 ба Маскав омад. Моҳи январ бошад саломатиаш якбора бад шуд ва 21 январи соли 1924 фавтид.
22.01.1991. Президенти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Сергеевич Горбачев Қонун дар бобати ҷамъоварии 50 ва 100-сӯмаҳои истеҳсолашон соли 1961-ро имзо кард. Тамоми 50 ва 100-сӯмаҳои с.1961 дар зарфи 3 рӯз дар СССР ҷамъоварӣ шуданд.
24.01.1922. КМИ РСФСР бо қарори худ дар қаламрави ин ҷумҳурӣ истифодаи шиносномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои ҷои истиқоматро бекор намуд. Тамоми сокинони РСФСР ҳуқуқ доштанд бе мамониат дар ҳайъати кишвар ҳаракат кунанд. Ҳар ҳуҷҷат шахсияти афродро тасдиқ, ё справка аз ҷои кор барои ба қайд даромадан кифоят мекард.

М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter