ХАБАРИ ДОҒ

Аз эълони атомӣ то интихоби Генсек

  • Шанбе, Март 17 2018


8.03.1950. СССР ба ҷаҳониён эълон кард, ки дорои силоҳи атомист. Бо ин кор ба ҳукумати Шӯравӣ муяссар шуд, мувозинатро барқарор намуда, ба яккатозии ИМА дар ин майдон хотима диҳад.
8.03.1956.Дар СССР дар рӯзҳои пеш аз ҷашнӣ рӯзи кории 6-соата ҷорӣ карда шуд.

8.03.1963. Ҷумҳурии Халқии Чин созишномаи Айгунро, ки дар соли 1858 миёни импературии Русия ва Чин баста шуда буд, лағв кард. Тибқи созишнома сарҳади 2 кишвар бо дарёи Амур тақсимбандӣ гардид ва чиниҳо минтақаи зиёдеро ба Русия доданд. Коммунистони чинӣ созишномаро ноодилона хонда, аз СССР талаб карданд, ки ҳудуди ғасбшударо баргардонад.

9.03.1918. Дар шаҳри Минск миллигароёни Белорус Ҷумҳурии Халқии Белорусро таъсис доданд. Ин ҷумҳурӣ дер напоид ва аз ҷониби болшевикон сарнагун карда шуд.

10.03.1918. Барои ҳифозат аз хатари ҳуҷуми немисҳо Анҷумани Шӯроҳо қарор дод, муваққатан пойтахтро аз Петроград ба Маскав кӯчонанд.
10.03.1919. Дар Маскав Интернатсионали III таъсис дода шуд.
10.03.1939.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Анҷумани XVIII-уми ВКП(б) ба кори худ шурӯъ кард. Ин Анҷуман ба ҷаҳониён эълон намуд, ки дар СССР сотсиализм пурра ғалаба кард.
10.03.1970. Ба хотири хотима додан ба баҳсҳои мазҳабӣ ва ҳавасманд кардани муҳоҷират ба Исроил, Кнессет-маҷлиси миллии ин кишвар қарор дод, на фақат яҳудиёни модарзод, балки ҳар нафаре яҳудиятро мепазирад, яҳудӣ хонда шавад.
11.03.1931. Дар СССР вуруди адабиёти динӣ мамнуъ эълон карда шуд.
11.03.1985.Михаил Горбачев ба ҳайси котиби генералии КМ ҲКИШ интихоб шуд.
12.03.1917.Оғози Инқилоби февралӣ дар Русия. Ин сана тибқи тақвими юлианӣ ба 23 феврал рост меомад ва дар ин рӯз Кумитаи муваққатии дума ва Шӯрои Петроград таъсис дода шуданд.
12.03.1990. Дар Маскав Анҷумани III-уми ғайринавбатии вакилони халқии СССР ифтитоҳ ёфт. Ин Анҷуман 4 рӯз идома дошт ва дар он моддаи 6-и Сарқонуни СССР дар бораи нақши роҳбарикунандаи ҲКИШ барҳам дода шуд.
12.03.1991.Немисҳои СССР Конфронси худро доир ва дар он аз ҳукумати марказӣ талаб карданд, ки Ҷумҳурии мухтори немисии Поволжеро барқарор созанд.
13.03.1938. Дар СССР омӯзиши ҳатмии забони русӣ дар тамоми макотиби кишвар роҳандозӣ карда шуд.
14.03.1953. Никита Сергеевич Хрушев котиби генералии КМ ҲКИШ интихоб шуд.
14.03.1991.Дар СССР аввалин ҳизбҳои сиёсии ғайрикоммунистӣ ба қайд гирифта шуданд.
15.03.1929.Лев Давидович Тротский-яке аз поярезони инқилоби болшевикӣ, ки ба Туркия муҳоҷират карда буд, дар Истамбул эълон намуд, ки аз сиёсат канор меравад.

М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter