ХАБАРИ ДОҒ

Аз садамаи Чернобил то ҳабси Сталин

  • Панҷшанбе, Май 03 2018


25.04.1905. Дар пойтахти Англия-шаҳри Лондон Анҷумани III-юми РСДРП баргузор гардид.
26.04.1920. Таъсиси Ҷумҳурии Халқӣ-Шӯравии Хоразм.
26.04.1936. Дар милисаи Шӯравӣ рутбаҳои ҳарбӣ ҷорӣ гардиданд.
26.04.1945.Дар рафти амалиёти Берлин тонкҳои Артиши Сурх ба маркази пойтахти Рейхи саввум расиданд.
26.04.1986. Садама дар нерӯгоҳи атомии Чернобил. Он яке аз бузургтарин садамаҳо дар собиқ Иттиҳод ба шумор мерафт ва оқибатҳои он то ҳанӯз рафъ нагардидаанд.

27.04.1918. Дар Руссияи Шӯравӣ бо Декрети КМИ ҳуқуқи меросбарии шаҳрвандон бекор карда шуд. Аз ин ба баъд дар аввалин кишвари Шӯроҳо касе аз касе ирс намебурд. Ин қонун то 22.05.1922 амал кард ва пас аз ин болшевикон онро бекор карданд.

27.04.1925.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо қарори ШКХ СССР тамоми шаҳрвандони шаҳрнишин бояд ба қайди ҳатмӣ (прописка) гирифта мешуданд.
27.04.1959. СССР бо Миср қарордоди сохтани сарбанди Асаунро ба имзо расонид. Он яке аз бузургтарин иншоотҳои Миср гардид ва заминҳои зиёдеро дар ин кишвар обёрӣ кард.
27.04.1961. Дар СССР фонди сулҳ таъсис дода шуд.
27.04.1978. Пирӯзии инқилоби савр (апрелӣ) дар Афғонистон. Дар натиҷаи инқилоб Ҳизби Халқӣ-Демократии Афғонистон қудратро дар ин кишвар ба даст гирифт ва Афғонистонро ҷумҳурии демократӣ эълон намуд.
27.04.1992. Шӯрои роҳбарикунандаи Сандуқи байналмилалии асъор (МВФ) Руссияро бо 13 ҷумҳурии собиқи шӯравӣ ба ҳайъати худ шомил кард. Аз ҷумҳуриҳои собиқ танҳо Озарбойҷон ба ин ташкилот ворид нашуд.
28.04.1920. Таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Озарбойҷон.
28.04.1953.Дар СССР Василий Сталин писари Иосиф Сталин ба ҳабс гирифта шуд.
28.04.1990. Дар СССР барои охирин бор унвони Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ супорида шуд. Охирин маршали СССР Дмитрий Язов гардид.
29.04.1929. Дар СССР Конфронси XVI-уми ВКП(б) доир гардид. Он ба синфи коргари СССР муроҷиат карда, аз онҳо хост мусобиқаи сотсиалистиро дар кишвар роҳандозӣ намоянд.
29.04.1933.Дар назди КМ ВКП(б) Комиссияи марказӣ оид ба поксозии ҳизб созмон дода шуд.
29.04.1945. Фюрери Рейхи 3-ум Адолф Гитлер ва маҳбубааш Ева Браун даст ба худкушӣ заданд.
1.05.1890. Коргарони Австро-Венгрия, Белгия, Олмон, Дания, Испания ва дигар кишварҳои Аврупоӣ барои аввалин бор намоиши идонаи 1 майиро доир намуданд.
1.05.1917. Аввалин ҷашни озодонаи 1 май дар Руссия баргузор шуд. Дар ин ҷашн дар қатори коргарон аскарони артиши подшоҳӣ низ фаъолона ширкат варзиданд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter