ХАБАРИ ДОҒ

Аз фоли Зорге то нобоварии Сталин

  • Чоршанбе, Май 23 2018


17.05.1918. Шӯриши корпуси чехославакӣ дар Сибир. Оғози ҷанги шаҳрвандии Руссия.
17.05.1919. Дар РСФСР моликияти калисо ва дигар муассисаҳои динӣ давлатӣ эълон гардиданд.
17.05.1941.Шумораи навбатии рӯзномаи "Правда" бо сармақолае нашр шуд, ки дар он аз ҷумла омада буд: "Нерӯи мо, чи дар сарҳад ва чи дар дохили кишвар бе ист зиёд мешавад". То оғози ҶБВ ҳамагӣ 36 рӯз боқӣ монда буд.
17.05.1944. Дар СССР Ҷумҳурии автономии Қрим барҳам дода шуд. Дар 1 шаб Артиши шӯравӣ 200.000 тотори қримро ба навоҳии Осиёи Миёна, Урал ва назди Волга бадарға карданд.

17.05.1948. Иттиҳоди Шӯравӣ расман мавҷудияти Исроилро чун давлати мустақил  эътироф кард.
18.05.1989. Шӯрои Олии РСС Литва Эъломияи соҳибистиқлолии Литваро қабул кард.
18.05.1991.Дар рафти ҷанги Қарабоғ артиши армании Қарабоғи Кӯҳӣ ноҳияи Лочини Озарбойҷонро тасарруф кард. Лочин ягона ноҳияи озарӣ буд, ки Қарабоғро аз Арманистон ҷудо мекард ва бо ишғоли он Қарабоғи Кӯҳӣ бо роҳи заминӣ бо Арманистон пайваст шуд.
19.05.1921. Кунгураи ИМА ба ҳукумат дастур дод, ки саҳмияи қабули муҳоҷирони хориҷиро аз кишварҳои Аврупоӣ ва хусусан аз Руссияи шӯравӣ, Итолиё ва Юнон кам кунад.
19.05.1941. Ҷосуси шӯравӣ дар Япония Рихард Зорге Маскавро аз ҳуҷуми дар пеш истодаи немисҳо огоҳ кард. Зорге ҳатто теъдоди артиши олмонӣ ва санаи дақиқи ҳуҷум (22 июн)-ро хабар дод, аммо Иосиф Сталин ба ӯ бовар накард.
19.05.1944. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ “Шӯро оид ба муносибат бо динҳои ғайриправаславӣ" таъсис дода шуд. Дар авохири ҷанг муносибати ҳукумати Шӯроҳо ба диндорон самти нав гирифт ва ин Шӯро мебоист сиёсати ҳизбиро дар ин самт пиёда мекард.
20.05.1919. Дар Маскав Нашриёти давлатии РСФСР таъсис дода шуд. Он вазифадор буд, тамоми фаъолияти нашриётиро дар аввалин кишвари Шӯроҳо ба зимма бигирад.
20.05.1965. Дар СССР бузургтарин фурудгоҳи ҳавоӣ дар кишвар сохта ба истифода дода шуд. Фурудгоҳ "Домодедово" ном гирифт ва имрӯз низ яке аз фурудгоҳҳои фаъоли пойтахти Русия ба шумор меравад.
20.05.1991. Дар СССР Қонун оид ба тартиби хуруҷи шаҳрвандон ба хориҷа қабул карда шуд. Акнун шаҳрвандони шӯравӣ метавонистанд озодона ба хориҷи кишвар сафар кунанд.
21.05.1992. Президенти Руссия Борис Николаевич Елтсин қарори таъсиси шаҳракҳои немиснишинро дар навоҳии Поволже ба имзо расонид. Тибқи ин қарор немисҳо мебоист дар заминаи собиқ Ҷумҳурии автономии немисҳо дар Поволже 1 ноҳияи аз нигоҳи иқтисодӣ рушдкунандаро созмон диҳанд ва Руссия кафолати бехатарии онҳоро таъмин кунад.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter