ХАБАРИ ДОҒ

Аз ихтирои Вулф то Баҳори Прага

  • Панҷшанбе, Июл 05 2018


26.06.1936. Ихтирокори немис Фоккех Вулф намунаи аввалин чархболро сохт. Ин чархбол "Fw-61" ном дошт ва бо муваффақият парвоз кард. Агар фюрер диққати бештар ба ин навъи силоҳ мекард, Олмон метавонист ҷанги ҷаҳонии дуввумро бо чархбол оғоз кунад.
26.06.1941.Дар рафти ҶБВ летчики шӯравӣ Николай Франтсевич Гастелло тайёраи осебдидаи худро ба болои таҷаммуъи тонкҳо ва мошинҳои немис равона кард. Барои ин қаҳрамонӣ ӯ бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мукофотонида шуд.
26.06.1941.Бюрои сиёсии ҲК бо қарори махфии кӯчонидани бадани Ленинро ба Тюмен қабул намуд. Аллакай 3 июл комиссари бехатарии СССР Меркулов фармони махфии №00255-ро ба имзо расонид ва бадани Ленин ба Тюмен интиқол дода шуд.

Қатораи махсусро 15 аскари сурх, 5 намояндаи комиссия фавқулодда, 5 корманди НКГБ СССР муҳофизат мекарданд. Ҳатто ронандагони қатора ҳам кормандони ҳирфаии НКГБ буданд.

26.06.1945. Дар СССР рутбаи баландтарини ҳарбӣ Генералиссимус таъсис дода шуд ва рӯзи дигар ин рутба ба Иосиф Сталин супорида шуд. Ӯ аввалин ва ягона генералиссимуси СССР гардид.
27.06.1968. Дар рӯномаи чехословакии "Литературная газета" мақолае таҳти унвони "Ду ҳазор калима" рӯи чоп омад. Ин мақоларо намояндагони ҳамаи табақоти ҷомеъаи чехословакӣ имзо карда буданд ва дар он аз ҳукуматдорон мехостанд, ҳарчи зудтар ба демократияи амалӣ гузаранд. Ин мақола яке аз муҳимтарин бандҳои Баҳори Прага гардид.
28.06.1940. Артиши Сурх ба ҳудуди Бесарабия ва Буковинаи Шимолӣ ворид шуд. Ин манотиқ дар ҳайъати Руминия қарор доштанд ва Маскав дар навоҳии нав РСС Молдавияро таъсис дод.
28.06.1948. Бюрои иттилоотии ҳизбҳои коммунистӣ ва коргарӣ аз ҳайъати худ Иттиҳоди коммунистони Югославияро берун кард. Сабаби асосии ин кор, пайравӣ накардани Броз Тито аз хатти кашидаи Сталин ба шумор мерафт. Баъди ин созишномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни СССР ва Югославия низ аз эътибор соқит дониста шуд.
28.06.1989. Дар пойтахти РСС Украина, шаҳри Киев бозии видоии футболбози машҳури СССР Олег Блохин доир гардид. Дастаи яккачини СССР бо дастаи яккачини ҷаҳон қувва озмуд. Бозӣ бо ҳисоби баробар 3:3 анҷом ёфт.
29.06.1922. Сарояндаи машҳури рус Федор Шаляпин бо сафари ҳунарӣ ба хориҷи кишвар рафт ва дигар ба СССР барнагашт.
29.06.1957. Дар Маскав пленуми ғайринавбатии КМ ҲКИШ доир гардид. Дар ин пленум гурӯҳи аршади ҳизбиёни баландрутбаи шӯравӣ, аз ҷумла, Маленков, Молотов, Каганович ва Шепилов душмани сиёсии ҳизб эълон карда шуданд.
30.06.1944. Дар СССР Академияи илмҳои тиббӣ таъсис дода шуд. Ин академия соли 1992 ба Академияи улуми тиббии Руссия (РАМН) тағйири ном кард.
1.06.1987. Дар СССР қонун "дар бораи корхонаҳои давлатии СССР" ба тасвиб расид. Ин қонун худмухтории воҳидҳои хоҷагиро васеъ кард ва давраи дуввуми бозсозиро ифтитоҳ бахшид.

Меҳрубон
Салимшоев

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter