19.08.1945. Раёсати Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ Низомномаи Созмони Милали Муттаҳидро тасдиқ кард.
19.08.1991. Оғози табаддулоти давлатӣ дар Маскав. Охирин кӯшиши зинда кардани СССР дар шакли ГКЧП.
20.08.1918. Дар Русияи Шӯравӣ моликияти хусусӣ ба амволи ғайриманқул бекор карда шуд ва тамоми моликияти як шаҳр давлатӣ гардид.
20.08.1918. Дар Маскав нашриёти "Адабиёти ҷаҳонӣ" таъсис дода шуд, ки ба нашру тарғиби беҳтарин чеҳраҳои адабии ҷаҳон машғул буд.
20.08.1968. Оғози амалиёти "Дунай". Артиши муттаҳидаи Созишномаи Варшава ба Чехословакия ворид карда шуд.
21.08.1945. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳвили молу коло ва дигар маснуоти мавриди ниёзро ба СССР аз рӯи қарордоди "ленд-лиз" қатъ кард.
21.08.1986.Ҳукумати вақти СССР расман эълон кард, ки садамаи атомӣ дар нерӯгоҳи атомии Чернобил бо сабаби саҳлангорӣ ва хунукназарии кормандони Нерӯгоҳ иттифоқ уфтод.
21.08.1941. Кумитаи давлатии мудофиаи Иттиҳоди Шӯравӣ қарори №562ро "Оид ба ҷорӣ кардани шароб дар Артиши амалкунандаи Сурх" ба имзо расонид.
Меҳрубон Салимшоев