ХАБАРИ ДОҒ

Аз кафши Хрушев то хатти «Дружба»

  • Чоршанбе, Окт 17 2018


11.10.1922. Дар Русияи шӯравӣ бо Декрети Шӯрои комиссарони Халқӣ (ШКХ) воҳиди нави пулӣ - червонетс ба муомила дароварда шуд.
11.10.1931. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо қарори ҳукумати кишвар, савдои хусусӣ ба таври комил манъ карда шуд.
11.10.1961. СССР аввалин озмоиши атомии зеризаминиро дар полигони Семипалатински Қазоқистон анҷом дод.
12.10.1958. Дар рӯзномаи шӯравии "Патриоти шӯравӣ" бори аввал шиори "Нақшаҳои ҳизб-нақшаҳои мардум" рӯи кор омад. Баъдан ин шиор то охири мавҷудияти СССР мавриди истифодаи васеъ қарор дошт.
12.10.1960. Котиби генералии КМ ҲКИШ Никита Хрушев дар иҷлосияи 15-уми СММ аз минбари ин ташкилот бо кафши кашидааш ба "Ғарби пӯсида" хитоб кард, ки "мо модари Кузкаро ба шумо нишон медиҳем".
13.10.1921. Миёни Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон аз яктараф ва Туркия аз сӯи дигар, созишномаи сулҳи Карсс ба имзо расид. Русияи шӯравӣ дар имзои ин созишнома ба ҳайси миёнарав баромад мекард.
14.10.1924.Таъсиси Ҷумҳурии шӯравии мухтори Тоҷикистон. Дар натиҷаи тақсимоти миллӣ-маҳаллӣ тоҷикон ахир соҳиби кишвари кӯчаки мухтор шуданд.

14.10.1964. Дар СССР Леонид Брежнев котиби генералии КМ ҲКИШ таъин шуд. Ӯ Никита Хрушевро дар ин маснад ҷойгузин кард ва давраи ҳукуматдориашро давраи тиллоии СССР муаррифӣ мекунанд.
15.10.1964. Дар СССР хатти лӯлаи нафтии "Дружба" ба истифода дода шуд. Ин хатти интиқоли нафт яке аз бузургтарин дар ҷаҳон буд ва нафтро аз навоҳии Волга ва Урал ба кишварҳои сотсиалистии Аврупои шарқӣ (Полша, Олмони шарқӣ, Венгрия, Чехословакия) интиқол медод. "Дружба" аз Самара сар шуда, дар ҳудуди Хорватия ба охир мерасид.
15.10.1967. Дар ш.Волгоград яке аз муҷассамаҳои бузург бахшида ба ҶБВ ифтитоҳ ёфт. Он "Модар-ватан" ном гирифта, ба муҳорибаи Сталинград бахшида шуда буд. Муҷассама ҳоло ҳам Волгоградро зебу зиннат медиҳад ва яке аз ёдгориҳои асосии шаҳр аст.
15.10.1970. Аввалин мавриди рабудани тайёра дар СССР, ки дар дастрасии омма қарор гирифт. Падар ва писар-Бразинскасҳо тайёраи Аэрофлот "Ан-24 ро, ки аз Сухуми ба Батумии Гурҷистон мепарид, рабуданд. Дар натиҷа, роҳбалади тайёра Надежда Курченко ба ҳалокат расид ва падару писар тайёраро дар ш.Трабзони Туркия водор ба нишастан карданд.
15.10.1990.Роҳбари СССР Михаил Горбачев барои поин бурдани ташаннуҷи байналмилалӣ ва роҳандозии сиёсати ошкорбаёнӣ бо ҷоизаи Нобел мукофотонида шуд.
16.10.1929.Таъсиси РСС Тоҷикистон. Баъди таъсиси кишвари мухтор инқилобиёни тоҷик муборизаро барои таъсиси ҷумҳурии шӯравӣ идома доданд ва билохира баъди 5 солу 1 рӯз ин кор барояшон муяссар шуд.
16.10.1961. Дар Маскав Анҷумани XXII ҲКИШ ба кори худ сар кард. Дар Анҷуман Барномаи 3-и ҲКИШ қабул шуд, ки тибқи он то с.1980 дар СССР мебоист ҷамъияти коммунистӣ ба пуррагӣ сохта мешуд.

Меҳрубон
Салимшоев

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter