Чехҳо аз Войтсаховский талаб карданд, ки аз воридшавӣ ба Иркутск худдорӣ кунад ва дар сурати акс онҳо сӯи болшевиконро гирифта бо сафедҳо меҷанганд.
27.12.1929. Роҳбари СССР Иосиф Сталин оғози коллективикунонии сартосарӣ дар СССР ва гузаштан ба сиёсати "маҳви кулакҳо ҳамчун синф"-ро эълон кард.
27.12.1932. Бо қарори КИМ ва ШКХ дар СССР системаи паспортӣ ва бақайдгирии умумии аҳолӣ дар ҷои зист ҷорӣ карда шуд.
27.12.1979.Нерӯҳои вежаи ГРУ ва КГБ СССР қароргоҳи президенти Афғонистон Ҳафизуллоҳ Аминро дар Кобул ишғол намуданд.
30.12.1922. Таъсиси расмии СССР. Дар Анҷумани 1-уми умумииттиҳодии Шӯроҳо эъломияи таъсиси СССР қабул карда шуд.
31.12.1934. Дар Узбакистон канали калони Фарғона ба истифода дода шуд. Канал номи И.Сталинро гирифт ва яке аз сохтмонҳои муҳими СССР ба шумор мерафт. Он қисмате аз Тоҷикистонро низ обёрӣ мекард.
1.01.1934.Дар Ленинград яке аз болшевикони маъруф Сергей Киров ба қатл расид. Ба як ривоят куштори ӯро Сталин фармоиш дода буд, чун ӯро рақиби сиёсии худ медонист.
1.01.1940. РСС Озарбойҷон аз хатти лотинӣ ба кириллӣ гузашт.
1.01.1955.Дар СССР ТВи марказӣ ба пахши ҳаррӯзаи барномаҳо шурӯъ кард.
1.01.1967.Дар ТВи марказии СССР барномаи хабарии "Время" роҳандозӣ шуд. Он дар тӯли мавҷудияти СССР ягона барномаи хабарӣ дар кишвар буд.
4.01.1955. КМ ҲКИШ қарор "Оид ба рӯзи ёдбуди В.И.Ленин"-ро ба тасвиб расонд. Дар қарор гуфта мешуд, ки "беҳтар аст ёдбуди Ленинро на дар рӯзи марг, балки дар рӯзи таваллудаш, яъне 22 апрел, ҷашн бигиранд".
Меҳрубон
Салимшоев