Тибқи созишнома сарбозони шӯравӣ дар Афғонистон ҳузури расмӣ пайдо карданд.
6.04.1941.Нерӯҳои ҳарбии Олмони фашистӣ ба Югославия ва Юнон дарафтоданд. Юнон ва Югославияро мебоист нерӯҳои итолиёӣ тасхир мекарданд, лек сарбозони Муссолинӣ ба шикаст мувоҷеҳ шуданд ва Гитлер маҷбур шуд ба ёрии иттифоқчиаш шитобад. Амалиёти Югославия нақшаи ҳуҷум ба СССРро ба таъхир андохт ва ба ақидаи бархе маҳз ин сабаби аслии нокомии блитскриги немисҳо дар СССР гашт.
6.04.1978.Сафири фавқуллода ва мухтори СССР, Аркадий Шевченко, ки ҷонишини ГенСеки СММ низ буд, аз ИМА паноҳандагии сиёсӣ дархост кард.
7.04.1935.Дар СССР қарори ҳукумат "Оид ба чораҳои мубориза бо ҷинояткорӣ миёни ноболиғон" ба тасвиб расид. Тибқи ин қонун ноболиғон аз 12-солагӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешуданд ва барояшон ҳатто ҳукми қатл низ дар назар гирифта мешуд.
8.04.1918. Дар Русияи шӯравӣ парчами серангаи импературии Русия бо парчами сурх ҷойгузин шуд.
8.04.1928.Дар СССР бо қарори КМИ калисо аз мақоми шахси ҳуқуқӣ маҳрум карда шуд.
9.04.1937.Аз меҳмонхонаи шаҳри Барселонаи Испониё яке аз роҳбарони тротскийчиёни рус Мак Рейн аз ҷониби ашхоси номаълум дуздида шуд. Ҳукумати испониё НКВДи СССРро ба ин дуздӣ муттаҳам кард.
10.04.1922. Оғози кори конфронси Генуэз.
10.04.1925. Дар СССР шаҳри Саритсин ба Сталинград тағйири ном кард. Баъдан ин шаҳрро Волгоград номгузорӣ карданд.
Меҳрубон
Салимшоев