Аммо сарнишинони амрикоӣ пинҳонӣ, аввал ба вил.Перм ва баъдан ба Тошканд, аз он ҷо ба Ашхобод интиқол дода шуданд. Пас аз ин, махфиёна дар 1 амалиёти сиррӣ ба Эрон интиқол ёфта, тавассути англисҳо ба ватанашон баргаштанд.
18.04.1945.Анҷоми амалиёти Рур дар рафти ҶБВ. Он азимтарин амалиёти артишҳои англо-амрикоӣ зидди Олмон дар ҶБВ аст. Дар натиҷа, охирин гурӯҳи низомии олмонӣ дар фронти Ғарбӣ торумор шуда, навоҳии истеҳсолии Рур ба дасти иттифоқчиён гузашт. Шикасти гурӯҳи армияҳои "Б" дар Рур тамоми фронти Ғарбии немисҳоро аз миён бурд. Амрикоиҳо ва англисҳо дигар ҳеҷ муқовимати ҷиддӣ надоштанд ва озодона ба дохили Олмон ҳаракат карданд.
19.04.1943.Дар Артиши Сурх Раёсати асосии зиддиҷосусӣ-"Смерш" таъсис дода шуд. “Смерш” дар наркомати мудофиа мустақиман ба Сталин тобеъ буду зидди хадамоти ҷосусии немисҳо-"Абвер", жондормии саҳроии немисҳо, Раёсати бехатарии империягӣ (РСХА) ва хадамоти ҷосусии финн мубориза мебурд.
20.04.1933.Нашриёти "Гвардияи ҷавон" бо ташаббуси М.Горкий ба интишори силсилакитобҳо таҳти унвони "Зиндагии одамони бузург" оғоз намуд. Аввалин китоби силсила "Генрих Гейне"-и А.Дейч шуд.
21.04.9118. Ҳукумати Шӯравӣ Парлумони миллии мусалмонони дохили Русия ва Сибирро пароканда намуд.
22.04.1870.Дар шаҳри Симбирски Русия Владимир Ленин (Улянов) ходими сиёсии шӯравӣ, поягузори ҳизби болшевикӣ ва роҳбари инқилоби Октябрии болшевикон ба дунё омад.
23.04.1929.Оғози конфронси XVI ВКП(б), ки дар он нақшаи 5-солаи якум қабул карда шуд.
23.04.1974.КБД СССР бо ирсоли 1 мактуби махфӣ ба Л.Брежнев аз роҳбари СССР хост, ки ба кумаки ташкилоти "Фронти миллии озодкунии Фаластин" иҷозат диҳад.
25.04.1905.Дар пойтахти Англия-ш.Лондон Анҷумани III-уми РСДРП доир шуд.
Меҳрубон
Салимшоев