ХАБАРИ ДОҒ

Аз “Кироветс” то қатли Николай

  • Чоршанбе, Июл 17 2019

12.07.1943. Дар рафти муҳорибаи Курск, наздики деҳаи Прохоровка бузургтарин набарди тонкии Ҷанги ҷаҳонии 2-ум ба вуқӯъ пайваст.

12.07.1988. Шӯрои вилоятии Қарабоғи Кӯҳӣ эълон намуд, ки Вилояти мухтори Қарабоғи Кӯҳӣ аз ҳайъати Озарбойҷон берун меояд.

13.07.1955. Дар СССР аввалин шумораи маҷаллаи "Адабиёти хориҷӣ" ба чоп расид. Ин маҷалла дар давраи пешазҷангӣ бо номи "Адабиёти интернатсионалӣ" рӯи чоп меомад ва бештари асарҳои адибони хориҷӣ дар он ба чоп мерасиданд.

13.07.1962. Дар заводи тракторсозии ба номи Кирови шаҳри Ленинград аввалин трактори К-700 "Кироветс" сохта ба истифода дода шуд. Ин трактор яке аз беҳтарин тракторҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт ва дар хоҷагии қишлоқи кишвар васеъ истифода мешуд.

14.07.1941.Артиши Сурх дар рафти ҶБВ барои аввалин бор тӯпхонаи реактивии БМ-13 ё ҳамон "Катюша"-ро мавриди истифода қарор дод. Катюшаҳо истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Оршаро тирборон намуда, ба душман зиёни калони ҷониву молӣ расониданд.

15.07.1917.Намояндагони ҳизби кадетҳо ба нишони эътироз аз иқдоми вазирони чап барои эътирофи мухторияти Украина аз ҳайати Ҳукумати муваққат берун омаданд. 

15.07.1923. Дар СССР аввалин ширкати давлатии ҳавоӣ "Аэрофлот" таъсис дода шуд ва худи ҳамин рӯз аввалин хатсайри ҳавоии СССР бо масири Маскав-Нижний Новгород ба кори худ шурӯ кард.

15.07.1975.Аввалин парвози кайҳонии муштараки СССР ва ИМА. Киштии кайҳонии шӯравӣ "Союз-19" ва киштии кайҳонии амрикоӣ "Апполон" дар фазо бо ҳам васл гардиданд.

 

16.07.1920.Кишварҳои Антанта муҳосираи иқтисодии СССРро қатъ карданд ва миёни СССР ва кишварҳои Ғарбӣ хариду фурӯши коло роҳандозӣ гардид.

17.07.1917. Дар рӯзномаи “Единство” ("Ваҳдат"), ки ба инқилобиёни плехановӣ тааллуқ дошт, мақолаи журналисти рус Г.Алексинский ба чоп расид. Дар ин мақола рӯзноманигор иддао мекард, ки Ленин ва ҳизби болшевикӣ аз ҷониби Олмон маблағгузорӣ мегарданд.

17.07.1918. Дар шаҳри Иркутск аз ҷониби болшевикон охирин императури Русия Николаи 2 ҳамроҳи аҳли оилааш ваҳшиёна ба қатл расид.

17.07.1945.Оғози конфронси Потсдам. Дар ин конфронс, ки сарони 3 кишвари иттифоқчӣ-Сталин, Черчил ва Трумэн иштирок доштанд, қисмати ояндаи Олмон ва кишварҳои аврупоӣ ҳаллу фасл шуд.

18.07.1936. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин Ҷоми футболи СССР доир гардид.

Меҳрубон 

Салимшоев

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter