1.08.1914.Олмон ба Русия ҷанг эълон ва Ҷанги Ҷаҳонии 1-ро поягузорӣ намуд.
1.08.1924.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Ордени Байрақи Сурх роҳандозӣ шуд. Ин Аввалин Ордени шӯравӣ барои мардонагӣ ва ҷасорати фавқулодда дар роҳи ҳимояи ватан тақдим карда мешуд ва яке аз олитарин нишонаҳои фахрӣ ба шумор мерафт.
1.08.1927. Таъсиси Артиши Халқӣ-озидихоҳии Чин. Дар ин рӯз дар шаҳри Нанкини Чин, қисмҳои артиши миллии Чин бо сарварии коммунистон шӯриш бардоштанд ва артиши навро таъсис доданд. Ин рӯз дар Чин чун рӯзи Артиш васеъ ҷашн гирифта мешавад.
1.08.1939.Дар Маскав Намоишгоҳи умумииттиҳодии хоҷагии қишлоқ (ВДНХ) ифтитоҳ ёфт. Дар ин намоишгоҳ ҳамасола дастовардҳои хоҷагии қишлоқи СССР ба намоиш гузошта мешуданд ва ҳар ҷумҳурӣ дар он гӯшаи худро соҳиб буд.
2.08.1930. Дар СССР дар рафти машқҳои округи ҳарбии Маскав, дар наздикиҳои ш.Воронеж барои аввалин бор десанти ҳавоӣ партоб шуд. Ин рӯз дар собиқ СССР чун Рӯзи нерӯҳои ҳавоӣ-десантӣ васеъ ҷашн гирифта мешуд.
2.08.1933. Дар СССР канали Беламор-Балтики ба номи Сталин ифтитоҳ ёфт, ки яке аз объектҳои стротегии СССР буду Балтикаро бо баҳри Сафед мепайваст.
2.08.1934. Дар Олмон баъди марги рейсхпрезидент Гинденбург, Адолф Гитлер фюрери ин кишвар эълон карда шуд.
3.08.1929. Дар шаҳри Ростови лаби Дон аввалин истгоҳи телефонии худкор (АТС) ба кор сар кард. АТС бо кумаки ширкати шведии "Эриксон" сохта шуд ва ба 6000 рақами телефонӣ хизматгузорӣ мекард.
3.08.1940.Иҷлосияи 7-уми Шӯрои Олии СССР ба дархости Сейми миллии РСС Литва ризоият дод ва Литваро ба ҳайъати СССР пазируфт.
3.08.1945.Баъди таъсиси ҷумҳурии Чехословак тамоми мардуми олмонӣ ва венгеритабори ин кишвар аз ҳаққи гирифтани шаҳрвандии Чехословакия маҳрум карда шуданд.
4.08.1962.Дар Африқои Ҷанубӣ, роҳбари Кунгураи Миллии Африқо Нелсон Мандела равонаи зиндон шуд. Ӯ 28 сол дар зиндон шишта, ба идеали муборизаи мардуми сиёҳпӯсти Африқои Ҷанубӣ бо низоми нажодпарастӣ-апартеид табдил ёфт.
5.08.1975.Дар СССР роҳи оҳани Тюмен-Сургут ифтитоҳ ёфт. Он яке аз муҳимтарин роҳҳои иртибототӣ буда, манотиқи нафтхез ва газдори Сибири Ғарбиро бо ҳам васл мекард.
7.08.1941. Летчики шӯравӣ Виктор Талалихин аввалин шуда, дар рафти ҶБВ тарани ҳавоиро анҷом дод. Ӯ дар рафти набарди ҳавоӣ дар осмони Маскав бо тайёраи худ тайёраи немисиро зада афтонд ва худаш низ қаҳрамонона ҳалок шуд.
7.08.1983. Дар СССР қарори КМ ҲКИШ ва Шӯрои Вазирони СССР бобати "Пурзӯр кардани интизоми меҳнатӣ" ба тасвиб расид. Тибқи қарор, истеҳсолкунандагони маҳсулоти бе сифат, дер омадан ё наомадан ба кор ва бадмастӣ дар ҷои кор муртакиби ҷазои сахт мегаштанд.
Меҳрубон
Салимшоев