ХАБАРИ ДОҒ

Аз фармони №270 то суиқасди Тротский

  • Чоршанбе, Авг 21 2019

 

16.08.1938. Кумитаи иҷрояи Коминтерн бо қарори худ Ҳизби коммунисти Полшаро пароканда кард. Сабаби ин қарор, вуруди ҷосусони олмонӣ ба сафи ин ҳизб арзёбӣ шуд.

16.08.1941. Дар СССР фармони №270 ба тасвиб расид, ки дар он таърифи возеҳ бобати он, ки кадом афсарони Артиши Сурхро хоини Ватан бидонанд, дода мешуд.

16.08.1956. Дар СССР қарори ҳукумат бобати азхудкунии заминҳои бекор ба тасвиб расид. Тибқи ин қарор садҳо ҳазор гектар заминҳои бекорхобидаи Русияи ҷанубӣ ва Қазоқистон гандумкорӣ шуданд.

17.08.1918. Гетман Павел Скоропадский баъди сари қудрат омадан, дар Украина  рӯзи кории 8-соатаро ҷорӣ кард.

17.08.1934. Дар СССР аввалин Анҷумани нависандагони шӯравӣ доир шуд. Дар ин Анҷуман Низомномаи Иттиҳоди нависандагони СССР қабул карда шуд ва "реализми сотсиалистӣ" усули асосии адабиёти шӯравӣ эътироф гардид.

17.08.1954.Роҳбари коммунистони Чин Мао Дзедун дар кишвараш сиёсати "ҷаҳиши бузург"-ро роҳандозӣ намуд.

17.08.1965.Оғози амалиёти "Starlite" аз ҷониби нерӯҳои ИМА дар рафти ҷанги Ветнам. Ин аввалин амалиёти бузурги заминии нерӯҳои амрикоӣ дар ҷанги Ветнам ба шумор меравад.

18.08.1918. Дар Русияи шӯравӣ Иттифоқи умумирусиягии журналистони шӯравӣ таъсис дода шуд.

19.08.1941. Ҳавонаварди шӯравӣ Александр Иванович Покришкин аввалин шуда дар СССР қаҳрамони секаратаи Иттиҳоди Шӯравӣ гардид.

 

19.08.1960.Киштии кайҳонии шӯравӣ-Восток бори аввал дар ҷаҳон бо 2 саг Белка ва Стрелка ба фазои кайҳонӣ баромада баъди 24 соат ба Замин фуруд омад. 

20.08.1941. Дар рафти ҶБВ, дар наздикии деҳаи Войсковитса тонки шӯравии КВ-1 таҳти фармони Зиновий Колобанов аз камин 22 тонки немисро оташ зада, бо ин кор дар таърих чун яке аз беҳтарин лочинҳои тонкии шӯравӣ дар рафти ҶБВ шинохта шуд.

20.08.1983. ИМА фурӯши таҷҳизотро, ки барои сохтмони хатҳои интиқоли нафту газ истифода мешуданд, барои СССР таҳрим кард. 

21.08.1923. Дар СССР Кумитаи давлатии банақшагирӣ (Госплан) таъсис дода шуд. Ин ниҳоди нав, рушди хоҷагии халқи СССРро нақшагирӣ карда, иҷрои ин нақшаро назорат менамуд.

21.08.1942.Дар рафти набарди Қафқоз аскарони немис аз дивизияи кӯҳии "Эделвейс" парчами Рейхи 3-ро ба Элбрус-баландтарин қуллаи Қафқоз насб карданд. Ин парчам зимистони с.1944 аз тарафи кӯҳнавардони шӯравӣ канда ва ба ҷояш парчами шӯравӣ насб гардид.

21.08.1947. СССР вуруди Итолиё ва Австрияро ба СММ ветто кард.

21.08.1968.Артиши кишварҳои Созишномаи Варшава вориди Чехословакия шуд. Ин артиш ба "Баҳори Прага" хотима дод.

22.08.1941.Кумитаи давлатии мудофиаи СССР бо қарори худ таҳти №562 шаробро ба реҷаи хӯрокии аскарони сурх дар артиши амалкунанда ворид намуд.

 

Меҳрубон 

Салимшоев

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter