ХАБАРИ ДОҒ

17.10.1991. Дар СССР оператори ГласНет ба кор шурӯ кард. Ин аввалин оператори мобилӣ дар ҳудуди СССР буд, ки кишварро ба шабакаи Интернет мепайваст.

18.10.1920. Дар бинои Хонаи матбуоти Маскав Анҷумани I-уми Умумирусиягии нависандагони пролетарӣ баргузор, низомномаи иттиҳоди нависандагони пролетарӣ қабул ва Ассотсиатсияи Умумирусиягии нависандагони пролетарӣ (ВАПП) таъсис дода шуд.

18.10.1921. Дар РСФСР декрети таъсиси мухторияти Қрим қабул ва Қрим чун мухторият вориди Русияи шӯравӣ шуд. С.1945 ба вилоят табдил дода шуд ва с.1954 Никити Хрушев онро ба РСС Украина ҳадя кард. Аммо Русия с.2014 дубора Қримро ба тасарруфи худ даровард.

18.10.1929. Аввалин парвози тайёраи мусофирбари "К-5". Он якумин тайёраи мусофирбарии СССР буда, бо теъдоди зиёд истеҳсол мешуд ва то с.1940 тайёраи асосии ширкати Аэрофлот будӣ.

19.10.1918. Дар РСФСР Коммунаи меҳнатии немисҳои Поволже таъсис дода шуд. Он баъди 5 сол ба Ҷумҳурии мухтори немисҳои Поволже табдил ёфт ва с.1941 аз ҷониби Сталин пароканда карда шуд.

19.10.1956.СССР бо Япония эъломияи муштаракеро қабул карданд, ки дар он гуфта мешуд, миёни 2 кишвар ҳолати ҷангӣ қатъ шуда, 2 тараф муносибатҳои дипломатиро барқарор мекарданд. Инчунин тибқи ин эъломия СССР баъди имзои созишномаи сулҳ, мебоист ҷазираҳои Хаобами ва Шикотанро ба Япония медод, аммо он имзо нагардид.

20.10.1929. Дар СССР КМ ВКП(б) расман коллективикунонии сартосарии хоҷагии қишлоқро эълон намуд. 

21.10.1917.Дар пойтахти Русия-ш.Петроград гарнизони ҳарбии шаҳр ба сӯи Кумитаи Муваққатии Инқилобӣ (ВРК) гузашт ва ин кори инқилоби болшевикиро осонтар намуд.

 

21.10.1937. Дар СССР авиаконструктор-Андрей Николаевич Туполев ба ҳабс гирифта шуд. Ӯро ба ҷосусӣ ба фоидаи Олмон муттаҳам карданд ва равонаи зиндон шуд.

21.10.1948.СССР ба СММ пешниҳод кард, ки тамоми силоҳи атомӣ дар дунё аз байн бурда шавад. Аммо кишварҳои узви СММ пешниҳои СССРро сарфи назар карданд.

21.10.1980. Дар Пленуми КМ ҲКИШ Михаил Горбачев, ки ба ҳайси котиби аввали кумитаи ҳизбии вил.Ставропол фаъолият мекард, ба ҳайъати Бюрои сиёсӣ пазируфта шуд.

22.10.1942. Артиши Сурх десанти немисӣ-финиро, ки ният дошт ҷазираи Сухоро тасарруф кунад, маҳв намуд. Немисҳо қасд доштанд ҷазираро гирифта, роҳи ягонаи таъмини Ленинград аз болои кӯли Ладогаро қатъ кунанд.

23.10.1917.В.Ленин ногаҳон дар нишасти КМ РСДРП(б) ҳозир шуда, болшевиконро ба шӯриши мусаллаҳона фаро хонд. Ахир, обрӯи Илич кори худро кард ва бештари болшевикон ба пешниҳоди доҳӣ розӣ шуданд.

Меҳрубон 

Салимшоев

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter