1.11.1952. ИМА аввалин санҷиши бомбаи гидрогении худро дар ҷазираҳои Маршалл (Уқёнуси Ором) баргузор намуд. Иқтидори ин таркиш 10,4 мегатоннро ташкил дод ва ҷазираи Элуджлабро ба пуррагӣ хароб кард. Ин бомб 800 маротиба пурзӯртар аз бомбаи болои Хиросима партобшуда буд.
1.11.1977.Дар СССР тайёраи мусофирбари ТУ-144 ба истифода дода шуд. Аввалин парвози ин тайёра бо хатсайри Маскав-Алмаато ба вуқӯъ пайваст.
1.11.1990.Дар СССР қурби тиҷории рубл ҷорӣ карда шуд. Тибқи ин қурб 1 доллари ИМА 1 рублу 80 тин нархгузорӣ гардид.
2.11.1938. Дар СССР барои аввалин бор ба занҳо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд. Ин занҳо ҳавонавардон Валентина Гризодубова, Полина Осипенко ва Марина Раскова гардиданд.
3.11.1931. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ, дар назди КМ ВКП(б) Институти марксизм-ленинизм таъсис дода шуд. Ин муассиса дар собиқ Иттиҳод яке аз бонуфузтарин ва бойтарин муассисаҳои илмӣ буд.
4.11.1946.Дар пойтахти Фаронса-шаҳри Порис, СММ оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг - ЮНЕСКОро таъсис дод.
4.11.1956. Вуруди Артиши шӯравӣ ба Венгрия. Дар Венгрия ҳукумати Имре Над зидди сиёсатҳои СССР садо баланд кард ва дар Маскав қарор доданд, бо нерӯи ҳарбӣ венгерҳоро ба итоат дароранд. Дар натиҷа Имре дар сафоратхонаи Югославия паноҳ бурд ва дар кишвар ҳукумати инқилобии коргарӣ-деҳқонӣ бо сарварии Янош Кадар созмон дода шуд.
5.11.1929. Дар СССР ташкилоти сайёҳии Интурист таъсис ёфт. Интурист дар собиқ Иттиҳод ягона ташкилоте буд, ки бо масоили сайёҳони хориҷӣ сару кор дошт.
6.11.1917. Дар Петроград дастаҳои Гвардияи Сурх бо кӯмаки аскарони гарнизони шаҳрӣ, ки ба сӯи болшевикон гузашта буданд, аз номи Шӯрои Петроград пулҳо аз болои Нева, почта, телеграф ва истгоҳҳои роҳи оҳанро ба тасарруф дароварданд. Ин амалкард оғози шӯриши мусаллаҳона алайҳи Ҳукумати Муваққат гардид.
6.11.1991. Президенти Русия Борис Елтсин бо қарори худ фаъолияти Ҳизби коммунистро дар қаламрави кишвар қатъ ва моликияти онҳоро миллӣ эълон кард.
7.11.1917.Инқилоби октябрии болшевикон. Нерӯҳои болшевикон Қасри Зимистонаро тасарруф карданд ва Ҳукумати Муваққат сарнагун карда шуд. Ҳукумат дар Русия ба дасти Шӯроҳои коргарону деҳқонон гузашт.
7.11.1941. Паради ҳарбии Артиши Сурх дар Майдони Сурхи Маскав. Ин парад дар шароити бисёр гарон ва хавфнок доир шуд. Артиши немисҳо дар чанддаҳкилометрии Маскав қарор дошт ва нерӯҳо аз парад рост ба фронт мерафтанд. Бо вуҷуди ин, паради ҳарбӣ баргузор гардид ва онро дар таърихнигорӣ ба амалиёти муҳими ҳарбӣ баробар донистанд.
Меҳрубон
Салимшоев