15.11.1920. Дар Женево-пойтахти Швейтсария аввалин нишасти Маҷлиси Лигаи Миллатҳо оғоз шуд. Он қариб 30 сол ҷойгузини СММ буд ва ҳамон замон ҳам эътибори чандоне надошт.
15.11.1923.Дар СССР ГПУ ба ОГПУ тағйири ном кард ва аз ҳайъати НКВД бароварда шуд. Бо ин кор чекистонро аз қудрати судӣ маҳрум карданд.
15.11.1923.Таварруми азим дар Олмон. Дар ин рӯз саррофиҳои Берлин 1 доллари амрикоиро бо нархи 4 триллион марка мехариданд.
15.11.1982. Маросифи дафни котиби генералии ҲКИШ, Леонид Брежнев дар Майдони Сурхи Маскав. Вақте ҷасадро ба қабр мегузоштанд, тобут аз бандҳо канда шуд ва якбора ба замин уфтод. Ӯ яке аз 10 нафар аз роҳбарияти олирутбаи шӯравӣ буд, ки номаш дар қатори санги хороии девори Кремлин дарҷ шуд.
16.11.1921.Дар Русияи Шӯравӣ Бонки давлатии РСФСР ба кор сар кард. Амалиёти пулӣ тариқи ҳамин бонк анҷом дода мешуданд.
16.11.1922.Ҳукумати болшевикӣ, албатта бо дархости мардум 1 идда аз намояндагони қишри зиёиро аз СССР табъид ва намояндагони ин қишрро бо киштии мусофирбари "Пруссия" аз Русияи шӯравӣ хориҷ карданд.
16.11.1933.СССР бо ИМА муносибати дипломатиро барқарор кард.
16.11.1938.Дар СССР Кумитаи умумииттиҳодии корҳои тарбияи ҷисмонӣ ва спорт бо фармони худ самборо “аз ҷиҳати гуногуншаклии усулҳо ва аҳамияти дифоӣ" навъи спорти бисёр боарзиш номида, ин рӯзро рӯзи таваллуди расмии ин навъи гӯштин меҳисобанд.
17.11.1919.Бо қарори Шӯрои Инқилобии РСФСР Корпуси саворавӣ унтер-афсари собиқ Семен Буденный ба Армияи якуми савора табдил дода шуд. Армияи якуми савора, ки бештар аз казакҳои болшевикшуда таркиб ёфта буд, дар ғалабаи болшевикон нақши муҳим гузошт.
17.11.1923.Дар ҳайъати НКВД хадамоти нозирони минтақавии милитсия таъсис ёфт.
17.11.1938. Дар СССР ШКХ ва Бюрои сиёсӣ қарор "Бобати боздошт, назорати прокурорӣ ва бурдани тафтишот"-ро қабул кард. Тибқи он, тамоми гурӯҳҳои дугона ва сегонаи ғайрисудӣ дар кишвар барҳам дода шуда, боздошти афрод танҳо бо қарори суд ё иҷозаи прокурор меанҷомид.
17.11.1941.Дар СССР Фармони №0428-и Қароргоҳи Сарфармондеҳ содир шуд, ки дар он гуфта мешуд: "Тамоми нуқоти аҳолинишин дар ақибгоҳи артиши немисӣ бояд яксара хароб ва сӯзонида шаванд".
18.11.1956.Котиби аввали ҲКИШ Н.Хрушев ҳини қабули кормандони хадамоти дипломатии ИМА дар суханрониаш ба онҳо гуфт: "Мо шуморо мегӯронем!"
19.11.1986.Дар СССР Қонун бобати фаъолияти меҳнатии инфиродӣ ба тасвиб расид.
20.11.1954.Маҷлиси Генералии СММ ба тамоми кишварҳо тавсия дод, ҷашни Рӯзи байналмилалии кӯдакро дар қаламравашон чун рӯзи бародарии ҷаҳонӣ ва якдигарфаҳмии кӯдакон ҷорӣ кунанд. Дар ин рӯз Маҷлиси СММ Эъломияи ҳуқуқи кӯдаконро қабул кард.
Меҳрубон
Салимшоев