6.08.1893. Дар шаҳри Тсюрихи Шветсария, Кунгураи дуввуми Интернатсионал баргузор гардид. Дар ин Кунгура масоили зиёде мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, аз ҷумла баргузории иди 1 Май ва ихроҷи анархистон аз суфуфи Интернатсионал.
7.08.1932. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ барои дуздии моликияти давлатӣ ва колхозӣ дар ҳаҷми калон ҳукми қатл ҷорӣ гардид. Ин қонун дар СССР бо "қонуни се хӯшача" ё "фармони ҳаттоду ҳашт" маъруф аст.
7.08.1941. Ҳавонаварди шӯравӣ Виктор Талалихин бори аввал дар рафти ҶБВ ҳуҷуми ҳавоӣ ба тайёраи душманро амалӣ намуд. Талалихин дар набарди ҳавоии шабона дар осмони Маскав бо ин васила тайёраи бомбаафкани немисро зада афтонд.
7.08.1983. Дар СССР қарори КМ ҲКИШ ва Шӯрои Вазирон "Бобати мустаҳкамкунии интизоми меҳнатӣ ва сотсиалистӣ" ба тасвиб расид. Тибқи ин қарор барои наомадан ба кор, дер омадан ё маст ҳозир шудан дар ҷои корӣ, инчунин истеҳсоли маҳсулоти пастсифат ҷазо пешбинӣ гардида буд. Татбиқи ин қонун дар ҳаёт низ пайомадҳои зиёдеро дар ҷомеъаи шӯравӣ ба бор овард. Аз ҷумла кормандони ҳифзи ҳуқуқ рӯзона ба мағозаҳо, кинотеатрҳо ва ҷойҳои ҷамъиятии дигар ворид гардида, мардумро боздошт ва пурсуҷӯ мекарданд.
8.08.1917. Дар Петроград Анҷумани VI-и Ҳизби болшевикӣ баргузор гардида, дар он болшевикон қарор доданд бо роҳи шӯриши мусаллаҳона зимоми ҳукуматро дар Русия ба даст гиранд.
8.08.1932. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба занон иҷозат дода шуд, дар конҳои ангишт ва дигар маъодин дар қатори мардон кор кунанд.
8.08.1945. СССР тибқи ваъдаи додааш дар конфронси Потсдам ба Япония ҷанг эълон карда, Артиши Шӯравӣ вориди Манҷурия гардид.
8.08.1966. Роҳбари Чин Мао Дзедун эълон кард, ки дар кишвараш инқилоби маданӣ оғоз гардид.
9.08.1945. Нерӯҳои ҳавоии ИМА бомбаи атомии дуввумро болои шаҳри Нагасакии Япония партоб карданд. Ин бомба "Фарбеҳ" ном гирифта, зиёда аз 74 000 нафарро ба ҳалокат расонид.
9.08.1990. Шӯрои Олии РСФСР қарор "Бобати ҳифзи истиқлолияти иқтисодии Русия"-ро ба тасвиб расонид. Тибқи ин қарор тамоми созишномаҳои идороти иттиҳодӣ бобати тилло, алмос, ураниюм ва ғ. дар ҳудуди РСФСР ғайри қонунӣ маҳсуб гардиданд.
11.08.1949. Роҳбарияти СССР эълон намуд, ки дигар Югославияро иттифоқчии худ намешуморад.
11.08.1959. Дар пойтахти СССР, шаҳри Маскав фурудгоҳи ҳавоии "Шереметево" ифтитоҳ ёфт. Ин фурудгоҳ бузургтарин фурудгоҳи СССР ба шумор рафта, танҳо парвозҳои байналмиллалиро анҷом медод.
11.08.1921. Дар Русияи шӯравӣ бо қарори ШКХ сиёсати нави иқтисодӣ (НЭП) роҳандозӣ гардид.
11.08.1973. Дар телевизиони марказии Иттиҳоди Шӯравӣ намоиши филми "Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор" оғоз гардид. Ин филм, ки ба фаъолияти ҷосуси шӯравӣ Штирлетс бахшида шуда буд, хеле зуд мухлисони зиёде пайдо карда, яке аз маҳбубтарин филмҳо дар СССР ба шумор мерафт.
12.08.1961. Ҷумҳурии Демократиии Олмон сарҳад миёни Берлини Шарқӣ ва Берлини Ғарбиро баста, ба сохтмони девори Берлин оғоз намуд.
Меҳрубон
Салимшоев