14.01.1939. Дар РСС Тоҷикистон аввалин стансияи сейсмологии “Сталинобод” таъсис дода шуд.
14.01.1953. Дар Югославия маршал Броз Тито аввалин президенти ин кишвар интихоб гардид.
14.01.1962. Дар СССР хатти интиқоли нафт, ки “Дружба” номгузорӣ шуд, ба фаъолият шурӯ кард. Ин хатти нафткаш нафти Сибири Ғарбиро ба кишварҳои аврупоӣ интиқол медод.
14.01.1972. Дар пойтахи РСС Тоҷикистон шаҳри Душанбе аввалин Иттиҳодияи чарму-пойафзолбарорӣ таъсис ёфт.
15.01.1941. Дар пойтахти ВМБК шаҳри Хоруғ аввалин ГЭС дар Бадахшон сохта ба истифода дода шуд.
15.01.1977. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон шаҳри Душанбе Хонаи радио ба пахши мустақими барномаҳояш шурӯ кард.
15.01.1994. Дар Туркманистон раъйпурсии мардумӣ баргузор гардида, 99,9%-и мардум ба тарафдории бекор кардани интихоботи президентӣ ва тамдиди мӯҳлати президентии туркманбошӣ С.Ниёзов то соли 2002 овоз доданд.
16.01.1963. Роҳбари СССР Никита Хрушев эълон кард, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дорои бомбаи ҳидрогении 100 мегатонна мебошад.
16.01.1991. Оғози амалиёти “Туфон дар биёбон”. Ин амалиётро артиши муттаҳидаи 30 кишвар бо сарварии ИМА, алайҳи Ироқ анҷом дод, то Артиши Саддом Ҳусайнро аз Қувайт берун кунад. СССР низ ба гунае дар ин амалиёт ба амрикоиҳо кӯмак карда, тамоми сирру асрори иттифоқчиашро пешкашӣ ИМА кард.
17.01.1921. Дар РСФСР Эъломияи ШКХ “Бобати ҳаракати ҳавоӣ дар фазои ҳавоии РСФСР ва аз болои обҳои ҳудудии он" ба тасвиб расид. Эъломияи мазкур аввалин санади қонунгузорӣ дар соҳаи ҳуқуқи ҳавоӣ дар Русияи Шӯравӣ ба шумор меравад.
17.01.1930. Ҳукумати РСС Тоҷикистон барои ба наворгирии аввалин филм дар бораи Тоҷикистон 25 000 рубл ҷудо кард.
18.01.1936. Дар СССР лоиҳаи Сарқонуни нави кишвар барои муҳокимаи умумихалқӣ, дар матбуоти кишвар рӯи чоп омад.
18.01.1943. Рахнаи муҳосираи Ленинград аз ҷониби Артиши Сурх дар рафти ҶБВ. Ленинград аз моҳи октябри соли 1941 дар муҳосираи комили немисҳо қарор дошт ва мардуми зиёде дар ин шаҳр аз гуруснагӣ фавтиданд.
18.01.1961 КМ ҲКИШ нақшаи Никита Хрушевро бобати азнавсозии хоҷагии қишлоқ, ки дар киштукорӣ ҷуворимакка асос ёфта буд, тасдиқ кард
18.01.1983 Кунгураи ИМА қарор дод, мушакҳои миёнбурди “Першинг”-ро дар Аврупои Ғарбӣ ва Марказӣ ҷойгир намояд. Баъди ин, мушакҳои амрикоӣ ба қаламравӣ СССР дастрасӣ пайдо карданд ва ин амали амрикоиҳо боиси ташаннуҷи нави “ҷанги сард” гардид.
19.01.1935. Дар РСС Тоҷикистон бо қарори Раёсати КМИ ноҳияи Регар таъсис дода шуд. Ин ноҳия баъдан ба ш.Турсунзода тағйири ном кард.
20.01.1921. Таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Мухтори Доғистон (ҳоло Ҷумҳурии Доғистон) дар ҳайати Русияи шӯравӣ.
20.01.1939. КМ ВКП(б) ба тамоми шӯъбаҳои НКВД дар кишвар мактуби маҳрамонаеро ирсол кард ва дар он, истифодаи равишҳои физикиро барои гирифтани иқрор аз “душманони халқ” иҷозат медод.
Меҳрубон
Салимшоев