ХАБАРИ ДОҒ

14.05.1917. Дар Маскав аввалин Анҷумани умумирусиягии мусалмонҳо ифтитоҳ ёфт. Дар Анҷуман наздики 800 вакил аз ташкилот ва ҳизбҳои гуногун ширкат варзиданд. Танҳо вакилони мусалмони ба болшевикон пайваста, аз ширкат дар кори ин Анҷуман худдорӣ карданд.

14.05.1972. Дар шаҳри Каунаси РСС Литва, ҷавони литвонӣ Ромаз Каланта ба нишони эътироз аз ишғоли кишвараш тавассути СССР худро оташ зад.

14.05.1990. Президенти СССР Михаил Горбачев бо Қарори худ Эъломияҳои соҳибистиқлолии Литва ва Эстонияро ғайриқонунӣ эълон кард.

15.05.1934. Дар СССР бо Қарори КМ ВКП(б) ва ШКХ СССР, таълими ҳатмии таърихи пеш аз инқилобии кишвар дар мактабҳои СССР роҳандозӣ гардид.

15.05.1943. Дар Маскав бо қарори ҳукумати Шӯравӣ Коминтерн (Интернатсионали саввум) расман пароканда карда шуд.

16.05.1930. Дар СССР дар тамоми соҳаҳои истеҳсолот тарификатсияи музди меҳнат аз нав роҳандозӣ гардид. Миқдори (норма) коркард зиёд карда шуда, нархи он поин бурда шуд. Дар натиҷа музди меҳнати кормандон дар кишвар якуним-ду маротиба коҳиш ёфт.

16.05.1966. Роҳбари Чин Мао Дзэдун бо қарори худ дар Чин, «инқилоби маданӣ»-ро роҳандозӣ намуд..

17.05.1918. Дар минтақаи Сибири Русия шӯриши корпуси чехословакӣ оғоз мегадад. Шӯриши ин корпусро бисёриҳо оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Русия қаламдод мекунанд.

17.05.1919. Дар Русияи шӯравӣ моликияти калисоиҳо ва ташкилотҳои динӣ миллӣ кунонида шуд.

17.05.1944. Дар СССР Ҷумҳурии автономии Қрим барҳам дода шуд. Дар як шаб наздики 200 ҳазор тоторони Қрим ба навоҳии Осиёи Миёна, Урал ва назди Волга бадарға гардиданд.

17.05.1956. Дар СССР Қарори КМ ва Шӯрои Вазирон бобати фиристодани ҷавонон барои кор ба сохтмонҳо ва корхонаҳои муҳимтарин дар навоҳии шарқӣ ва шимолии кишвар ба тасвиб расид.

17.05.1960. Дар пойтахти Фаронса, шаҳри Париж конфронси халъи силоҳ миёни 4 кишвар (ИМА, СССР, Фаронса ва Англия) ба кори худ шурӯ кард. Аммо дар ҳамон лаҳзаҳои аввали ифтитоҳи ин конфронс, намояндагони Шӯравӣ ба нишони эътироз онро тарк карданд ва конфронс сар нашуда, ба итмом расид. 

18.05.1967. Дар СССР Юрий Андропов, Раиси Кумитаи Бехатарии Давлатӣ дар назди Шӯрои Вазирони СССР таъин гардид.

19.05.1922. Дар СССР Конфронси умумииттиҳодии комсомол қарор «Бобати таъсиси дастаҳои пионерӣ дар сар то сари кишвар»-ро ба тасвиб расонид. Ин сана дар СССР чун Рӯзи таъсиси ҳаракти пионерӣ васеъ ҷашн гирифта мешуд.

 

19.05.1941. Ҷосуси шӯравӣ дар Япония Рихард Зорге, Маскавро аз теъдоди нерӯҳои олмонӣ, ки омодаи ҳуҷум ба СССР буданд огоҳ карда, ҳатто санаи дақиқи ҳуҷум-22 июнро ҳам номбар мекунад. 

 20.05.1919. Дар Маскав Нашриёти давлатии РСФСР (Госиздат) таъсис дода шуд. Нашриёти нав мебоист тамоми кори нашриётиро дар Русияи шӯравӣ зери назорати худ қарор медод.

20.05.1932. Дар СССР, ҳангоми маҷлиси нависандагон бори аввал истилоҳи «реализми сотсиалистӣ» мавриди истифода қарор дода шуд.

 

СССР

 

.

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter