ХАБАРИ ДОҒ

Аз Ҷоми СССР то «рӯйхати сиёҳ»

  • Чоршанбе, Июл 28 2021

18.07.1921. Ҳукумати Русия аз тамоми кишварҳои хориҷӣ даъват кард, ки ба мардуми гуруснаи Поволже кумак кунанд. Ин аввалин дархости болшевикон барои ёрӣ аз кишварҳои капиталистӣ буд. Сабаби асосии гуруснагӣ дар навоҳии соҳили Волга ҷанги шаҳрвандии Русия буд. Дар натиҷаи ҷанг аз ҳама бештар навоҳии назди Волга зарар дид ва гуруснагӣ 35 губернияи Русияро печид. Теъдоди умумии мардуме, ки аз гуруснагӣ азият мекашиданд 40 млн нафар буд. Дар натиҷаи гуруснагӣ зиёда аз 5 млн одам ба ҳалокат расиданд.

18.07.1936. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин мусобиқаи Ҷоми СССР оид ба футбол баргузор шуд. Дар ин мусобиқа 94 дастаи футбол ширкат варзид ва пирӯзиро дастаи Локомотиви Маскав ба даст овард. Дар бозии ниҳоӣ футболбозони Локомотив бо дастаи Динамои Тбилисӣ вохӯрда, бо ҳисоби 2:0 бар футболбозони гурҷӣ пирӯз шуданд.

18.07.1955. КМ ҲКИШ ва Шӯрои Вазирони СССР бо қарори вежаи худ ба Ветнами Шимолӣ ба маблағи 400 млн рубл ёрии ройгон фиристоданд.

19.07.1941.Дар СССР аввалин шумораи рӯзномаи “Варзиши сурх” (Красный спорт) чоп шуд. Он баъдан ба “Варзиши шӯравӣ” тағйири ном карда, яке аз асоситарин рӯзномаҳои варзишии аввалин кишвари Шӯроҳо буд.

19.07.1941. Иосиф Сталин Комиссари халқии мудофиаи СССР таъин шуд. Сталин то оғози ҷанг расман танҳо котиби генералии ҲК буд, аммо вазъияти фавқуллода дар ғарби кишвар ва пешравии сахти немисҳо аъзои Бюрои сиёсиро водор кард, ҳамаи қудрати сиёсиро дар дасти 1 нафар мутамарказ гардонанд ва Сталин беҳтарин гузина барои кор ба шумор мерафт.

20.07.1944.Дар Пруссия Шарқӣ-қароргоҳи фюрер яке аз маъруфтарин суиқасдҳо ба ҷони Гитлер иттифоқ уфтод. Аммо бо амри тақдир ӯ қариб ҳеҷ осеб надид.

21.07.1918. Тоторҳои Қрим ба ҳукумати Олмон, ки нерӯҳояш Қримро ба тасарруф дароварда буданд, муроҷиат карда, аз немисҳо хостанд, Қримро хонигарии тоторҳо эълон кунанд.

21.07.1937.Ҳукумати Шӯравӣ родиюи давлатии РСС Украинаро ба миллатгароӣ айбдор карда, бештари журналистони украинии ин родиё ба ҳабс гирифта шуданд.

 

21.07.1941.Аввалин ҳуҷуми ҳавоии Люфтваффе (нерӯҳои ҳавоии Олмони гитлерӣ) ба Маскав.

23.07.1992. Шӯрои Олии Ҷумҳурии мухтори Абхазия соҳибистиқлолии худро аз Гурҷистон эълон намуд. Ин қарор заминасози ҷанги абхозу гурҷӣ шуд ва қурбониҳои зиёде ба бор овард.

24.07.1942. Дар рафти ҶБВ артиши олмонӣ шаҳри Ростови лаби Донро ба тасарруф даровард ва роҳро ба сӯи Қафқоз боз кард.

24.07.1945. Дар шаҳраки Потсдами Олмон конфронси сарони кишварҳои дар ҷанг пирӯз доир шуд. Дар он президенти ИМА Гарри Трумэн Сталинро аз сохтани бомбаи атомӣ огоҳ намуд. 

26.07.1938.Сардори НКВД Николай Ежов ба Сталин рӯйхати 138 фармондеҳи Артиши Сурхро ирсол намуд, ки ба хиёнат айбор ва мебоист қатл мешуданд. Сталин ва Молотов ба қатли фармондеҳон ризоият доданд ва 138 нафар сардори олирутбаи Артиши Сурх баъди чанде парронда шуданд.

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter