9.08.1928. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ, дар бинои Сирки шаҳри Ленинград аввалин Осорхонаи сирк ва эстрада дар ҷаҳон ифтитоҳ ёфт.
9.08.1990. Шӯрои Олии РСФСР қарор «Оид ба ҳифзи истиқлолияти иқтисодии Русия»-ро қабул кард. Тибқи ин қарор Шӯрои Олии РСФСР тамоми муомилоти идора ва муассисаҳои иттиҳодӣ оид ба тилло, алмос, уран ва дигар маҳсулоти стратегӣ дар қаламрави РСФСР аз эътибор соқит мегардиданд.
9.08.1991.Федератсияи Русия ҷойнишини ҳуқуқии Иттиҳоди Шӯравӣ эътироф карда шуд.
9.08.1991. Дар Русия раиси кобинаи Вазирон Сергей Степашин истеъфо дод ва ба ҷояш шахси он ҳангом ношинос Владимир Путин таъйин карда шуд.
11.08.1921.Шӯрои Комиссарони Халқи РСФСР қарор дар бораи сиёсати нави иқтисодиро ба тасвиб расонид. Сиёсати нави иқтисодӣ (НЭП-Новая экономическая политика) баъди коммунизми ҳарбӣ ба ҳаёти иқтисодии аввалин кишвари шӯроҳо таъсири мусбат расонид ва иқтисоди кишварро рушд бахшид.
11.08.1949.Роҳбарияти СССР эълон кард, ки дигар Югославияро иттифоқчии худаш ҳисоб намекунад.
11.08.1959.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ фурудгоҳи байналмилалии Шереметево ифтитоҳ ёфт. Он яке аз бузургтарин фурудгоҳҳои ҳавоии аввалин кишвари шӯроҳо ба шумор мерафт ва то ҳол бо муваффақият фаъолият мекунад.
12.08.1953. Дар машқгоҳи Семипалатински РСС Қазоқистон озмоиши бомуваффақияти бомби гидрогенӣ ба вуқуъ пайваст. Ин бомб он шабу рӯз бузургтарин силоҳи кушанда дар ҷаҳон маҳсуб меёфт ва СССРро барои муддате пешсафи мусобиқаи таслиҳотӣ гардонд.
13.08.1961. Ҷумҳурии Демократии Олмон сарҳадро миёни Берлини Шарқӣ ва қисмати Ғарбии он баст. Оғози сохтмони девори Берлин.
13.08.1943. Ҳукумати шӯравӣ фармон оид ба таъсиси озмоишгоҳи №2-и АУ СССР-ро ба имзо расонид. Озмоишгоҳ дар пойтахти Тотористон-шаҳри Қазон таъсис ёфт ва ба он физикдони маъруфи шӯравӣ Игор Курчатов сарварӣ мекард.
Маҳз дар ин озмоишгоҳ аввалин бомби атомии СССР сохта шуд ва он баъдан ба Донишкадаи нерӯи атомӣ ба номи И.В.Курчатов тағйири ном кард.
15.08.1918. ИМА ва Русияи Шӯравӣ муносибати дипломатиро байни ҳамдигар қатъ карданд. Худи ҳамон рӯз нерӯҳои ҳарбии ИМА ба Владивосток ворид шуданд ва ин рӯзро бисёриҳо оғози мудохилаи ҳарбии Антанта ба Русияи Шӯравӣ меҳисобанд.
16.08.1941. Дар СССР фармони №270 ба тасвиб расид. Дар ин фармон ба таври возеҳу равшан муайян карда мешуд, ки кадом сарбози Артиши Сурхро хоини ватан ҳисоб кунанд.
СССР