17.10.1991. Дар СССР оператори ГласНет, аввалин шабакаи дастрасӣ ба Интернет ба фаъолият шурӯъ кард.
18.10.1920. Аз 18 то 21 октябр дар бинои Хонаи матбуоти Маскав якумин Анҷумани нависандагони пролетарӣ оғоз шуд. Дар он Оинномаи Иттифоқи умумирусиягии нависандагони пролетарӣ қабул карда шуд ва Иттифоқи нависандагони пролетарӣ созмон ёфт.
18.10.1918. Дар РСФС Декрети таъсиси ҷумҳурии мухтори Қрим дар ҳайъати РСФСР ба тасвиб расид. С.1954 мухторияти Қрим барҳам дода шуд ва Қрим ба вилоят табдил ёфт. С.1954 бошад Никита Хрушев ин вилоятро ба РСС Украина ҳадя намуд.
18.10.1929. Нахустин парвози тайёраи мусофирбари «К-5», ки онро муҳандис К.А.Калинин тарроҳӣ намуд. «К-5» аввалин тайёраи шӯравӣ шуд, ки бо теъдоди зиёд сохта мешуд. Он то с.1940 асоситарин тайёраи мусофиркаши Аэрофлот ба шумор мерафт.
18.10.1941. Дар пойтахти Япония-шаҳри Токио яке аз маъруфтан ҷосусони шӯравӣ Зихард Зорге (Рамзай) ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ аз зумраи ҷосусони дараҷаи аввали шӯравӣ маҳсуб меёфт, ҳатто рӯзи дақиқи ҳуҷуми Гитлерро ба СССР хабар дода буд.
18.10.1991. Дар СССР охирин нишасти Раёсати Шӯрои Олии СССР доир шуд.
19.10.1918.Дар Русияи Шӯравӣ Коммунаи меҳнатии немисҳо таъсис дода шуд. Ин коммуна баъди 5 сол ба Ҷумҳурии мухтори немисҳои Поволже табдил дода шуд ва с.1941, баъди ҳуҷуми немисҳо ба СССР дубора барҳам дода шуд.
19.10.1956.СССР бо Япония эъломияи муштаракро ба имзо расониданд, ки тибқи он ҳар 2 кишвар аз ҳолати ҷангӣ берун омада, равобити дипломатиро барқарор мекарданд. Тибқи эъломия СССР ӯҳдадор шуд, баъди имзои созишномаи сулҳ 2 ҷазираи Курил-Хабомаи ва Шикотанро ба Япония баргардонад. Аммо ин созишномаи сулҳ ба имзо нарасид.
20.10.1929.Дар СССР КМ ВКП(б) расман коллективикунонии оммавиро эълон кард.
21.10.1948. Иттиҳоди Шӯравӣ ба СММ пешниҳод кард, ки тамоми силоҳи атомӣ дар курраи Замин нест карда шавад. Аммо СММ таклифи СССРро рад намуд.
21.10.1968.Дар Тошканд аввалин Ҷашнвораи синамоии кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ ифтитоҳ ёфт.
21.10.1980.Дар пленуми КМ ҲКИШ Михаил Горбачев котиби аввалин ҳизбии ш.Ставропол аъзои Бюрои Сиёсӣ интихоб шуд.
22.10.1962. Дар авҷи буҳрони Кариб дар СССР полковники муътабари ГРУ Олег Владимирович Пенковский ба ҳабс гирифта шуд. Аён шуд, ки ӯ солҳои тӯлонӣ ба нафъи ИМА фаъолияти ҷосусӣ мебурд ва маълумоти муҳими зиёдеро ба амрикоиҳо додааст.
23.10.1917. Роҳбари ҳизби болшевикӣ Владимир Ленин ногаҳонӣ дар нишасти КМ РСДРП(б) ҳозир шуд ва овоздиҳиро барҳам зада, аз болшекивон хост ба нафъи шӯриши мусаллаҳона овоз диҳанд.
СССР