ХАБАРИ ДОҒ

Аз қатли Зоя то фуруди Кастро

  • Чоршанбе, Дек 01 2021

 

29.11.1920. Дар Русияи шӯравӣ тамоми корхонаҳое, ки теъдоди когаронашон аз 10 нафар зиёд буд, миллӣ кунонида шуданд.

29.11.1941. Немисҳо дар деҳаи Петришевои назди Маскав яке аз тахрибкорони шӯравӣ Зоя Анатолевна Космодемянская ба дор овехтанд. Ӯ аъзои гурӯҳи тахрибкории фронти Ғарбӣ ба шумор мерафт. Ин гурӯҳ мебоист тибқи фармони №0428-и Иосиф Сталин «Оид ба сӯзонидани ҳамаи нуқтаҳои аҳолинишин дар ақибгоҳи душман» 10 деҳаро дар назди Маскав ба оташ мекашид. Зоя ҳангоми оташ задани чанд хона дар деҳаи Петришево ба дасти немисҳо афтида, бераҳмона ба қатл расонида шуд. Ӯ аввалин зане гардид, ки дар рафти ҶБВ ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор гардонида шуд.

30.11.1939. Оғози ҷанги Шӯравӣ бо фин. Нерӯҳои фронти Ленинград дар гарданаи Карел ба ҳуҷум мегузаранд ва Лигаи миллатҳо бошад СССРро таҷовузгар хонда, аз ҳайати худ хориҷ мегардонад.

30.11.1979. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ кумитаҳои назорати халқӣ ҷорӣ гардонида шуданд.

2.12.1918. Дар Русияи шӯравӣ бо қарори ШКХ фаъолияти тамоми бонкҳои хориҷӣ дар қаламрави РСФСР мамнуъ эълон карда шуд.

2.12.1956. Фидел Кастро бо гурӯҳи ҳаммаслаконаш дар музофоти Ориентаи Куба ба хушкӣ фуруд омад ва муборизаи мусаллаҳонаро алайҳи ҳукумати Батиста оғоз намуд. Ин рӯз дар Куба чун Рӯзи нерӯҳои мусаллаҳи инқилобӣ васеъ ҷашн гирифта мешавад.

3.12.1917. Владимир Ленин ва Иосиф Сталин бо Муроҷиатномаи якҷоя ба тамоми мусалмонони Русия ва Шарқ баромад карданд. 2 роҳбари болшевик аз мусалмонон хостанд барои озодӣ аз ҳар навъ истисмор ба мубориза бархезанд. Муроҷиатнома «Ба ҳамаи меҳнаткашони мусалмони Русия ва Шарқ» ном гирифт.

3.12.1945. Дар ИМА лоиҳаи «Троян» ба тасвиб расид. Тибқи лоиҳа ИМА мебоист 1.01.1950 ҷанги тамомайёри атомиро алайҳи СССР шурӯъ мекард.

3.12.1951. Дар Туркия барои роҳбарони ташкилотҳои коммунистӣ ҳукми қатл ҷорӣ карда шуд. Аз ин ба баъд ҳар роҳбари коммунист дар ин кишвар мебоист ба қатл мерасид.

3.12.1959. Дар заводи Адмиралтейскийи Ленинград аввалин киштии атомии яхшикан дар дунё, киштии яхшикан (ледокол)-и Ленин сохта ба истифода дода шуд.

 

3.12.1948. Рӯзи таваллуди информатикаи шӯравӣ. Дар ин рӯз Кумитаи давлатии Шӯрои Вазирони СССР оид ба ҷорӣ кардани технологияҳои муосир дар хоҷагии халқ таҳти №10475 ихтирои И.С.Брук ва Б.И.Рамеевро ба қайд гирифт. Ин ихтироъ аз мошини рақамии электронии ба ҳисобгирӣ (ЭВМ) иборат буд.

3.12.1941. Оғози ҳуҷуми ҷавобии Артиши Сурх дар назди Маскав.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter