ХАБАРИ ДОҒ

Аз дафни Ленин то байкоти олимпӣ

  • Чоршанбе, Янв 26 2022

 

23.01.1924. Ҳукумати шӯравӣ қарор оид ба сохтмони мақбара барои Владимир Илич Ленинро ба тасвиб расонд. Ленин мумиёӣ карда шуд ва дар мақбараи махсусе дар Майдони сурхи Маскав ҷой гирифт.

24.01.1918. Шӯрои Комиссарони халқӣ (ШКХ) Декрет оид ба ҷорӣ кардани тақвими аврупоиғарбиро дар Русияи Шӯравӣ пазируфт. Шаҳрвандони аввалин кишвари шӯроҳо 31 декабр ба хоб рафта, 14 феврал бедор шуданд. Ҳамин тариқ, с.1918-ро мешавад кӯтоҳтарин сол дар таърихи Русияи Шӯравӣ унвон кард.

24.01.1922. Дар қаламрави РСФСР бо қарори КИМ кулли шиносномаҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари бақайдгирӣ барҳам дода шуданд. Тамоми шаҳрвандон ҳуқуқ пайдо карданд, ки бе мамониат дар қаламрави Русияи шӯравӣ ҳаракат кунанд.

24.12.1924. Ҳукумати шӯроҳо баъди марги Ленин ш.Петроградро ба Ленинград тағйири ном дод.

24.01.1976. Рӯзномаи «Красная Звезда» бори аввал сарвазири Бритониё Маргарет Тэтчерро «бонуи оҳанин» номида, ин ном барои солҳои сол тахаллуси Тэтчер шуд.

25.01.1955. Раёсати Шӯрои Олии СССР бо Қарор «Оид ба бекор кардани ҳолати ҷангӣ миёни СССР ва Олмон”-ро ба тасвиб расонид. То ин замон СССР бо Олмони дигар вуҷуд надошта, дар ҳолати ҷанг қарор дошт.

26.01.1980. Конодо низ дар қатори ИМА Бозиҳои олимпии Маскавро байкот карда, варзишгаронашро ба ин бозиҳо нафиристод.

27.01.1924. Дар майдони Сурхи Маскав маросими дафни В.Ленин баргузор гардид. Ӯро миёни Қабристони бародарии қаҳрамонони фавтидаи инқилоби Октябрӣ, дар мақбараи махсус сохташуда-Мавзолей дафн карданд. Майи с.1924 Мавзолейро бозсозӣ карда, ба бинои боҳашамати минбардор табдил доданд. С.1930 бошад мақбара бори дигар бозсозӣ карда шуд ва ин бор онро аз санги хоро бунёд карданд.

27.01.1987. Роҳбари СССР Михаил Сергеевич Горбачев дар пленуми КМ ҲКИШ бори аввал замони ҳокимияти Леонид Брежневро «давраи рукуд» номида, фарорасии «давраи ошкорбаёниро» эълон намуд.

28.01.1918.В.Ленин Декрет оид ба созмон додани Артиши Сурхи Коргари Деҳқониро ба имзо расонид.

 

28.01.1992. Шӯрои Олии Украина бо қарори худ парчами кабуду зардро парчами миллии Украина эълон намуд. 

29.01.1932. Дар заводи автомобилбарории ба номи Горкий, аввалин мошини боркаши СССР «ГАЗ-АА» сохта шуд.

30.01.1933. Дар Олмон роҳбари ҳизби миллӣ-сотсиалистӣ коргарии Олмон Адолф Гитлер сари қудрат расид.

 

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter