26.03.1953. Лаврентий Берия-роҳбари НКВД (Народный комиссариат внутренних дел) лоиҳаи афвро ба Раёсати КМ пешкаш намуд, ки тибқи он нисфи зиндониёни шӯравӣ фавран мебоист озод мегардиданд.
СССР
19.03.1922. Владимир Илич Ленин ба Бюрои сиёсӣ мактуби маҳрамонае ирсол ва дар он аз коммунистон тақозо кард, то бо руҳоният муборизаи беамон бурда, дар ҳаққи онҳо ҳукми қатлро дареғ надоранд.
19.03.1934. Коргари совхоз Митрофан Никитин ҳангоми зиёрати Мавзолей тобути Ленинро аз таппончаи Наган тирборон кард.
20.03.1941. Сардори хадамоти ҷосусии ҳарбӣ генерал Филипп Иванович Голиков Иосиф Сталинро мутақоид кард, ки Олмон то замоне Англияро шикаст надиҳад, ба СССР ҳамла нахоҳад кард. Албатта пешгӯиҳои ӯ беасос набуданд. Немисҳо лавозимот ва пӯшоки зимистона захира намекарданд ва маҳз ин кор ҷосусони шӯравиро дар ғафлат гузошт. Чун бе омодагии зимистона ҳуҷум ба кишваре чун СССР як аҳмақӣ маҳсуб меёфт.
20.03.1988. Кумитаи ҳизбии вилоятии Қарабоғи Кӯҳӣ бо қарори худ вилояти Қарабоғи Кӯҳиро ба Арманистон шомил кард.
21.03.1918. Дар Русия оилаи Романовҳо ба ҳабс гирифта шуд. Подшоҳи собиқ Николайи 2 бо аҳлу оилааш баъди чанде ба Сибир бадарға шуд ва ахир 1 сол пас дар Иркутск аз ҷониби болшевикон ваҳшиёна ба қатл расид.
21.03.1937. ШКХ СССР қарор «Оид ба дараҷаҳои илмӣ ва рутбаҳо»-ро ба имзо расонид. Аз ин ба баъд дар СССР дараҷаҳои илмӣ - номзад ва доктори илмҳо ва рутбаҳои илмӣ - ассистент, дотсент ва профессор ҷорӣ гардиданд.
21.03.1986. Талабаи шӯравӣ Катя Личёва бо сафари дуҳафтаӣ озими ИМА гардид. Ин «кабутари сулҳ» мехост дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро миёни мактаббачагони амрикоӣ ва шӯравӣ барқарор кунад.
22.03.1917. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аввалин шуда, дар ҷаҳон Ҳукумати муваққати Русияро ба расмият шинохтанд.
25.03.1917. Ду инқилобии маъруф Лев Каменев ва Иосиф Сталин аз бадарғаи Сибир ба Петроград баргаштанд.
26.03.1940. Адолф Гитлер-фюрери олмонӣ аз Иосиф Сталин даъват кард, ки барои ҳалли масъалаи сарҳадоти Полша бо ӯ мулоқот кунад. Сталин пешниҳоди Гитлерро рад кард ва Молотов барои музокира ба Берлин фиристода шуд.
26.03.1941. Дар СССР мукофотҳои сталинӣ роҳандозӣ гардиданд. Баъди марги Сталин ин мукофотҳо ба мукофотҳои Давлатӣ тағйири ном карданд.
26.03.1953. Лаврентий Берия-роҳбари НКВД (Народный комиссариат внутренних дел) лоиҳаи афвро ба Раёсати КМ пешкаш намуд, ки тибқи он нисфи зиндониёни шӯравӣ фавран мебоист озод мегардиданд.
СССР
_______________________________________________