ХАБАРИ ДОҒ

 

29.05.1965. Дар пойтахти Олмони Демократӣ-шаҳри Берлин, чемпионати XVI-уми Аврупо оид ба бокс баргузор шуд. Дар он боксчиёни шӯравӣ аз 10 медали тилло 8 медали тилло ба даст оварданд.

29.05.1975. Дар РСС Беларуссия истеҳсоли бузургтарин мошини боркаш дар СССР - «БелаАЗ-7520» ба роҳ монда шуд.

29.05.1988.Сафари расмии президенти ИМА Роналд Рейган ба СССР. Ӯ дар ин сафар шахсан бо М.Горбачев, ки тибқи назари баъзе, дастнишондаи ғарбиҳо буд, вохӯрд. Аслан вазифаи Горбачев таҳрики мардум ва амал накардан ба ваъдаҳояш буд, ки хеле хуб аз ӯҳдаи вазифааш баромад. Ҳеҷ ваъдаи додаашро амалӣ накард ва мардум ҳам аз ин ба дод омада, ба майдонҳо рехтанд.

30.05.1918.Дар Русияи Шӯравӣ Георгий Чичерин Комиссари халқии корҳои хориҷӣ таъин шуд. Ӯ дар ин симмат Лев Тротскийро ҷойгузин карда, яке аз боистеъдодтарин афрод дар ҳукумати болшевикӣ будӣ.

31.05.1918. Баъди пошхӯрии импературии Австро-Венгрия, дар Питсбурги ИМА чехҳо бо словакҳо иттиҳоди сиёсӣ баста, кишвари нав-Чехословакияро таъсис доданд. Ин кишвар чанд даҳсола арзи вуҷуд карда, ахир чехҳо ва словакҳо дубора аз ҳам ҷудо шуда, ҳар кадом кишвари мустақили худро созмон доданд.

31.05.1943.Дар совхозҳо ва МТСҳои шӯравӣ шӯъбаҳои сиёсӣ барҳам дода шуданд.

1.06.1922.Дар СССР аввалин хатсайри ҳавоии байналмилалӣ Маскав-Кёнигсберг ифтитоҳ ёфт.

1.06.1931.СССР бо ИМА шартномаи ҳамкорӣ баст ва тибқи он муҳандисони амрикоӣ мебоист дар сохтмони 90 заводи металлургии СССР ширкат мекарданд. Онҳо воқеан вориди СССР шуда, дар интустриякунонии аввалин кишвари шӯроҳо саҳми бориз гузоштанд. Ҳатто дар Тоҷикистон ҳам муҳандисони амрикоӣ дар сохтмони канали калони Вахш ширкати фаъолона доштанд. Дар ин боб ҳатто филми маъруфи «Одам пӯсташро иваз мекунад» ба навор гирифта шудааст.

2.06.1924. Ҳукумати болшевикӣ ҳайъати Бюрои сиёсии баъдиленинии ҳизби коммунистро интихоб намуд.

Ба Бюро Бухарин, Зиновев, Каменев, Риков, Сталин, Томский ва Тротский шомил шуданд. 1 гурҷӣ ва 6 яҳудӣ.

2.06.1956. Дар СССР Вячеслав Молотов аз вазифаи Вазири корҳои хориҷии СССР барканор карда шуд.

3.01.1917.Дар Петроград Анҷумани аввалини Шӯроҳо ба кори худ сар кард. 

4.06.1918.Сарвари Русияи Шӯравӣ В.Ленин талаби таҳдидомези немисҳоро дар боби баргардонидани флоти Баҳрисиёҳии рус ба Севастопол пазируфта, киштиҳоро дар ихтиёри немисҳо қарор дод.

4.06.1956. Департаменти давлатии ИМА маърӯзаи «махфии» Никита Хрушёвро «Дар бобати шахсиятпарастӣ ва пасомадҳои он», ки дар Анҷумани ХХ-и ҲКИШ бо он баромад намуда буд, чоп кард. Муҳтавои маърӯза худи ҳамон рӯз дар радиои «Аврупои Озод» ба самъи шунавандагон расонида шуд.

5.06.1929. Дар СССР бо қарори Шӯрои меҳнат ва мудофиа Стансияҳои мошинӣ-тракторӣ (МТС) таъсис дода шуданд.

 

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter