ХАБАРИ ДОҒ

Аз “рабфак” то қарори НКВД

  • Чоршанбе, Сен 14 2022

  

12.09.1934. Латвия, Литва ва Эстония дар пойтахти Шветсария-шаҳри Женева, бо имзои 1 созишнома миёни ҳам иттиҳоди сиёсӣ таъсис доданд, ки бо номи “Антантаи Балтик” дар таърихнигорӣ маъруф шуд.

13.09.1953. Никита Хрушёв-котиби аввали Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шуд.

13.09.1968. Албания аз Ташкилоти Созишномаи варшава берун рафт.

14.09.1936.НКВД СССР дар машварати махфӣ қарор дод, ки кормандони худро ба таври оммавӣ ба Испания, ки он ҷо ҷанги гражданӣ дар авҷ буд, барои кӯмак ба ҷумҳурихоҳони испанӣ фиристад.

14.09.1954.Артиши Шӯравӣ дар полигони ҳарбии Тотск, воқеъ дар вил.Оренбург, машқҳои ҳарбӣ дар шароити таркиши воқеии бомбаи атомӣ роҳандозӣ намуд. Дар ин машқҳо 45.000 афсару аскари шӯравӣ аз тамоми воҳидҳои артиш ширкат карданд.

14.09.1991.Роҳбарияти вақти РСС Ӯзбекистон Ҳизби коммунистро пароканда кард ва бо номи нав ба Ҳизби Халқӣ-Демократӣ табдил дод. Раиси ҳизби нав Ислом Каримов таъин шуд.

15.09.1959.Оғози сафари 13-рӯзаи Никита Хрушёв ба ИМА. Хрушёв аввалин роҳбари Шӯравӣ буд, ки ба ИМА сафари расмӣ дошт.

16.09.1941.Нерӯҳои Артиши Сурх бо фармони қароргоҳи Сарфармондеҳӣ Олӣ ш.Одессаро тарк карданд. Он яке аз шаҳрҳои калидӣ дар ҷанубу-ғарби СССР буду бештари аҳолияш яҳудӣ. Ба самти Одесса нерӯҳои муттаҳидаи олмонӣ-руминӣ меҷумбид ва баъди рафтани аскарони сурх немисҳо Одессаро ба руминҳо доданд.

17.09.1920.Дар Макотиби Олии РСФСР факултетҳои коргарӣ (рабфак) ифтитоҳ ёфтанд ва коргарон дар онҳо соҳиби маълумоти олӣ мегардиданд.

17.09.1941.Дар СССР таълими ҳатмии ҳарбии тамоми шаҳрвандон ҷорӣ карда шуд.

18.09.1934. СССР ба ҳайъати Лигаи Миллатҳо шомил шуд.

 

19.09.1922. Дар СССР маҷаллаи «Милитсия» рӯи чоп омад.

19.09.1941.Дар рафти ҶБВ нерӯҳои гурӯҳи 2-и тонкии артиши олмонӣ дар наздикиҳои Лохвитса (шарқтари Киев) бо нерӯҳои гурӯҳи 1-и тонкӣ пайвастанд ва ин пайваст тақдири Киевро ҳал кард. Амалиёти Киев барои Артиши Сурх фоҷиабор тамом шуд. Нерӯҳои фронти ҷанубу-ғарбӣ пурра муҳосира шуданд ва ин яке аз бузургтарин муҳосираҳо дар рафти ҷанги ҷаҳонии 2-ум аст.

19.09.1946. Ҳукумати шӯравӣ комиссия бобати корҳои колхозиро таъсис дод. Ин комиссия мебоист, моликияти колхозии дар рафти ҷанг ба яғмо рафтаро ошкор намуда, ба давлат бармегардонд. Бештари моликиятро худи колхозчиҳо дар рафти ҷанг ба яғмо бурда буданд ва комиссия онро ошкор месохт.

 СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter