11.10.1922. Дар Русияи Шӯравӣ бо Декрети ШКХ воҳиди нави пулӣ - червонетс роҳандозӣ гардид.
11.10.1931. Дар СССР бо қарори ҳукумат савдои хусусӣ комилан манъ карда шуд ва савдогарӣ дар аввалин кишвари Шӯроҳо як кори зишт таъбир мешуд.
11.10.1961. Дар полигони Семипалатинскийи РСС Қазоқистон аввалин озмоиши зеризаминии бомбаи атомӣ анҷом дода шуд.
12.10.1924. Дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Украина Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Молдавия таъсис дода шуд.
12.10.1958. Дар маҷаллаи «Ватандӯсти Шӯравӣ» (“Советский патриот”) бори аввал шиори «Нақшаҳои ҳизб - нақшаҳои халқ» роҳандозӣ шуд.
12.10.1960.Дар ассамблеяи 15-и СММ роҳбари СССР Н.Хрушёв бо кафши худ минбарро кӯфта, таҳдид кард, ки «модари Кузка»-ро ба «Ғарби пӯсида» нишон медиҳад.
13.10.1921. Имзои созишномаи Карск. Ин созишномаи дӯстӣ бо миёнаравии РСФСР миёни Ҷамоҳири Шӯравии Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон бо Туркия ба имзо расид.
14.10.1962.Тайёраи ҷосусии ИМА дар ҳудуди Куба мушакҳои шӯравиро ошкор намуд. Маҳз бо ин ошкоршавӣ буҳрони Кариб оғоз гардид.
14.10.1964.Дар СССР Леонид Брежнев котиби генералии КМ ҲКИШ ва роҳбари кишвар интихоб гардид. Ӯ дар ин маснад Хрушёвро иваз кард.
15.10.1964.Дар СССР бузургтарин хатти интиқоли нафт бо номи «Дӯстӣ» (“Дружба”) ифтитоҳ ёфт, ки нафти Сибири Ғарбиро ба Аврупо интиқол медод.
15.10.1970.Якумин ҳолати рабудани тайёра дар СССР, ки ба шакли густарда миёни ҷомеъа ошкор шуд. Падару писар Бразинскасҳо тайёраи «Аэрофлот» Ан-24 ро, ки дар хатсайри Сухумӣ-Батумӣ парвоз мекард, рабуданд. Ҷинояткорон ҳамроҳи парвоз (бортправодница) Надежна Курченкоро ба қатл расонида, тайёраро маҷбур карданд, ки дар ш.Трабзони Туркия ба замин фарояд.
15.10.1990. Роҳбари СССР Михаил Горбачев барои саҳми арзанда гузоштанаш дар кам кардани таниши умумиҷаҳонӣ ва пиёдасозии сиёсати ошкорбаёнӣ бо ҷоизаи Нобел мукофотонида шуд.
16.10.1946.Дар Олмон бо ҳукми суди байналмилалии Нюрнберг ҷинояткорони режими гитлерӣ-Риббентроп, Кейтел, Калтенбрунер, Розенберг, Франк, Фрик, Штрейхер, Заукел, Йодл ва фашисти австриягӣ Зейс-Инкварт ба қатл расонида шуданд.
CCCР